Понедельник-Душанбе
25.09.2017
11:49
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход
Шеърхои Ошикона! - Форум-Cухбатхона »
[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск-Ҷустуҷуй · RSS ]
Страница 1 из 212»
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Шеърхои Ошикона! (Шеърхои бехтарину бехтарин доири ишку мухаббат...)
Шеърхои Ошикона!
vorukhДата: Четверг-Панҷшанбе, 08.07.2010, 20:49 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Ман сар мекунам давом дихед дустони азиз!

Мани Ворухиро аз худ марон гул.
Мани Ворухиро бар худ бихон гул.
Миёни кучахои танги Ворух.
Чахонам ман чахон аз ман намон гул.
 
vorukhДата: Четверг-Панҷшанбе, 08.07.2010, 21:05 | Сообщение # 2
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи гам парво надори.
Туро ман бар худо меспорам имшаб.

************************

Туро бар сина чо кардам ба чонам ошно кардам.
Маро аз худ бадар карди худо хофиз.
Ало ай рахнамои дил маро афканда пой бар гил.
Рахи худро дигар карди худо хофиз.

**************************

тарки ёри кардиву ман хамчунон ёрам туро.
Душмани чониву аз чон дусттар дорам туро.
гар ба сад хори чафо озурда сози хотирам.
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.
*******************************
То ту ба додам мерасй, оxам ба кайвон мерасад,
То ту ба kадрам мерасй, умрам ба поён мерасад.
То ёри роxам мешавй, аз роx берун мешавам,
То мушкил осон мекунй, сад марги осон мерасад.
То ёд меорй зи ман, бе ёд меафтам зи дард,
******************************

МУБОРАК ДОРАМ АКДИ НИКОХАТ.
МУБОРАК ДИЛБАРИ ЗЕБОИ МОХАТ.
МУХАББАТ ГАР ГУНАХ БОШАД АЗИЗАМ.
МУБОРАК БОШАД ИН РУЗИ ГУНОХАТ

*********************************

Пазмони туам, вале ту пазмони дигар.
Курбони туам, вале ту курбони дигар.

Чун ноз кунй, ба чону дил макбулам,
Чонони манй, вале ту аз они дигар.

Бо ёди ту шаб, руз ба фармони туам,
Аммо ту чаро барои фармони дигар?

*******************************

Имшаби ман боз бе огуши ту,
Андар огуши садокат мурд, мурд.
Ишки ман човид бимонад, то абад,
Мехри ту андар хиёнат мурд, мурд.
*****************************
Менависам бар китоби чашми ту.
Бо каламхои нигохи гарми хеш.
Бех зи чонам дусттар дорам туро,
Мефишонам пеши поят калби реш.

***********************

Дар оғӯшат бисӯзон оташи ман,
Ба шарте синаат оташ бидорад.
Магар дар синаат хоҳиши ҷонсӯз,
Бароям ҳар чӣ хоҳам, он чӣ дорад?

*****************************

Ҳуруфи ишқро дар дафтари ғам,
Паси ҳам чида-чида зор гирям.
Намояд нақши руйи ёри саркаш,
Қаламро баҳри ҳадя месупорам.

*****************************

Ҳалқа месозад миёнатро ба шавқ гар ёри ту,
Ёд овар, ҳалқаҳои муйи ту дар гарданам.
Гар бубахшй накҳате дар бистари у аз висол,
Ёд овар, дар чудоиҳо ба фурқат мурданам.

*******************************

Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест,
Сабз гардад боз рузе бусаҳои дигаре.
Зиндагй бо созҳояш, сузҳое дар бағал,
Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре.

**************************

Чашм то барҳам задам, умрам зи сй бигзаштааст,
Гарчй дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом.
Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас,
Роҳи хуршедам бипоям, рузҳо то пайки шом.

*******************************

Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст,
Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.
Боз поён мешавад ин шоми беболиниям,
Чуз Худо дар ин чаҳон аз тухми Одам тоқ нест.

 
vorukhДата: Четверг-Панҷшанбе, 08.07.2010, 21:07 | Сообщение # 3
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад.

Аз наво чун бозмондӣ, ҳамнавоят меравад.

Шоҳиди ранги муҳаббат ҳар нафас аз боғи дил,

Гул наёрӣ, дилбари гулгунқабоят меравад.

***********************************

Рафти зи барам эй гули раънои бахорам.
Монди ту ба дил догу аламхо ба канорам.
Чун муи сиёхат хама рузам намуди шаб.
Чун зулфи парешони ту гум гашт карорам.

*********************************

Туро гуфтам, ки ман ёри ту мешам,
Дар ин олам харидори ту мешам.
Агар дасти паризоде бигирам.
Якин донам, ки ман зори ту мешам.

*******************************

Ту рафти олами хасти дигар шуд.
Дили девонаям девонатар шуд.
Чунон аз дарди хичронат гиристам.
Замин дар зери по аз гиря тар шуд.

****************************

Дар сабзаи рӯ гулоб мепошӣ ту,
Дар барги лаб атри ноб мепошӣ ту.
Борони баҳори сунбулат аз атр аст,
Атре,ки ба мисли об мепошӣ ту.

****************************

Дилам хохад хамеша мунису гамхори ман боши.
Тасаллои дили хунгаштаи афгори ман боши
Ба зери хоки пои ту кунам чонро нисор эй гул.
Агар боре табиби синаи бемори ман боши.

*******************************

Ин зулфи мусалсалат балои дили ман,
Ин холи лабат укдакушои дили ман.
Ман дил ба ту додам,барои дили ту,
Ту дил ба касе мадех,барои дили ман.

*****************************

Марав аз ман ки бо ту меравад дунёи рангинам,
Марав аз ман ки бо ту меравад дунёи ширинам.

*******************************

Дилам аз ишки ту афгор гашта.
Чу кохе бар тани девор гашта.
Зи сели ашки ман девори богат.
Фитода дар замин хамвор гашта.

**************************

Ёри ман хуб асту аммо расму оинаш бад аст.
Бо бадон хуб асту бо некон бад аст инаш бад аст.
Менишинад маслихатро бо ракибон мекунад.
Маслихат хуб асту аммо маслихатчиаш бад аст.

*******************************

Ман гиёхи навбахорам шамси тобонам кучост?
Булбули шурида хастам богу бустонам кучост?
Лоласон дар калби ман доги гароне хуфтааст.
То бишуяд доги дил он абри найсонам кучост?

*********************************

То чон дорам аз ту чудои накунам,
Чуз гайри ту бо кас ошнои накунам
Бо ваъдаву пайгоми ту шинам сад сол
Сад соли дигар аз ту чудои накунам.

*************************

Омадам то лахзае чашмам ба чашмонат занад.
Лаб ба лаб бигзораму мижгон ба мижгонат занад.
Бекарор аз чашми мастат ин дили девонаам.
Себи фикрам афтаду дар чохи домонат занад

******************************

Точикдухтар,чи гуна чашмон дори,
Пайваста ба даври у чи мичгон дори.
Чашмат охусту абруят тиру камон,
Сайде паи сайд ба сомон дори.

********************

То рахна ба мулки дилрабои накуни,
Касро ба висол худнамои накуни.
Чун хуи фаришта дорию шакли пари,
Бояд,ки ба мардум ошнои накуни.

*****************************

Ин рози нихониро ту гуфтиву ман гуфтам.
Ин дурри маъониро ту суфтиву ман суфтам.
Акси хама гамхоро чун доги дилозори
Аз дида ба сад хори ту руфтиву ман руфтам.

**********************************

Он қадар хоҳам бароят сӯхтан
чун чароғони шабони иди ту,
то биафзоям зи шеъри оташин
Шуълае бар оташи ҷовиди ту.

************************

Умре, ки вафо кардам бар чабру чафои ту,
Дигар, ки чи хохам кард бар кисмати пешони.
Дар ишки ту дидам ман гавгои киёматро,
Чоне, ки ба лаб омад кай рафт ба осони.

**************************

Ин коса,ки ман бо лаби ту меорам,
Не аз паи шодию тараб меорам.
Чашми сияхи ту рузи ман кард сиёх,
Рузи сияхи хеш ба шаб меорам.

***********************

Мерасад рузе маро ёдам куни.
Хар кучо биншаста фарёдам куни.
Бо ду се байте, ки гуфтам бахри ту,
Хар замоне хонию шодам куни.

*********************

Ошикон аз дидаи дилдор хушнуданду лек
Даври хушкомии онхо он кадар бисёр нест.
Кимати моро шикасти бо хазор озори хеш.
Гарчи моро нисбати ту заррае озор нест.

***********************

Ман руи туро ба мохи тобон надихам,
лаьли лаби ту ба дурру марчон надихам.
лаьли лаби ту агар ба дастам ояд,
киммат хараму бахои арзон надихам.

****************************

Мешавам хушхол гар бинам туро.
Чехраи гулбарги тар бинам туро .
Пеш аз он чун гунчае медидамат.
Хохам аз ин бехтар бинам туро.

**************************

Дигар ишку вафоятро нахохам ман начуям ман.
Гули бебуи богатро нахохам ман, набуям ман,
Сухан гуфтам зи бахри ту, аз ишки навчавониям,
Бароят шеъри ишкамро, нахохам ман нагуям ман.

************************

туи дармони дардам, эй гули ман,
Давои ранги зардам, эй гули ман.
агар ои ба пеши гурам, эй мох,
Ба буят зинда гардам, эй гули ман.

************************

Бароям мехрубоният кучо шуд?
Мухббатхои чоният кучо шуд?
Зи чашму руи ман, эй чони ширин,
Ду чашми осмоният кучо шуд?

*******************

Мухаббат ин кадар хорам намуди.
Бо як дидори у зорам намуди.
Надонисти муносиб ишки уро.
Чаро бар калби зорам чо намуди?

*********************

Дил дар хами зулфи дилбарон аст хануз,
Афсонаи ишк дар миён аст хануз.
Гуфтем,ки мову дил яке пир шавем,
Мо пир шудему дил чавон аст хануз.

*********************

Эй дил ки давидию давиди бас кун
Аз муи сарат сафеди диди бас кун
Хар чанд ки давиди аз паи лоларухон
Аз лоларухон чизе надиди бас кун

*******************

Агар дар хоб медидам гами рузи чудоиро
Хавас асло намекардам дар олам ишкбозиро

****************

Алло ёрчон каду бастат маро кушт

Алло ёрчон каду бастат маро кушт

илохо дар шаби хобам дарояд.

ишора кардани чашмат маро кушт!

**************************

Агар сад сол ҳам ҷӯӣ, маро дигар намеёбӣ,
Шабу рӯзон худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

Ба роҳи ман чу пойандози махмал ҳар саҳаргоҳе
Ба сони сабза ҳам рӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

****************************

Дил гадои дигареву ман гадои дигаре,
Дил адои дигареву ман адои дигаре.

Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост,
Дил фидои дигареву ман фидои дигаре.

****************************

Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи гам парво надори.
Туро ман бар худо меспорам имшаб.

************************

Туро бар сина чо кардам ба чонам ошно кардам.
Маро аз худ бадар карди худо хофиз.
Ало ай рахнамои дил маро афканда пой бар гил.
Рахи худро дигар карди худо хофиз.

 
vorukhДата: Среда-Чоршанбе, 14.07.2010, 23:54 | Сообщение # 4
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Агар хохи гами дил бо ту гуям чо намеёбам,
Аг ар чое шавад пайдо туро танхо намеёбам.
Агар чое шавад пайдову ёбам ман туро танхо,
Зи шоди дасту по гум мекунам худро намеёбам.
 
vorukhДата: Суббота-Шанбе, 17.07.2010, 16:37 | Сообщение # 5
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Гар бар сарам санг ояд дуст медорам туро,
Зиндаги гарт танг орад дуст медорам туро.
Зинадаги ранч дорад ранчхои бешумор.
Бо хазорон ранч ояд дуст медорам туро.
 
vorukhДата: Понедельник-Душанбе, 30.08.2010, 12:59 | Сообщение # 6
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Шабхо зи гамат аз акл бегона шудам,
Девона шудам муниси парвона шудам.
Гаме доштам аз ишкаш як умра,
Баъди он шабхо бо у хам хона шудам.
 
vorukhДата: Понедельник-Душанбе, 30.08.2010, 13:16 | Сообщение # 7
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Ман садкаи он касам,ки ошик бошад,
Бар чехраи сурхи лола лоик бошад.
Гар дар дили у шулаъи мехре набувад.
Дар мулки чахон ёри мунофик бошад.
 
vorukhДата: Вторник-Сешанбе, 31.08.2010, 11:31 | Сообщение # 8
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Маро аз ман чудо дар дил мухабат.
Худоро бехудо дар дил мухабат.
Миени кучахои танги Ворух.
Равону норавон дар дил мухаббат.
 
vorukhДата: Вторник-Сешанбе, 31.08.2010, 11:33 | Сообщение # 9
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Расид айёми гул боши гули ман.
Гули зардолуба монанди гули ман.
Миени кучахои танги Ворух.
Яке пайдо шави боши гули ман.
 
МухочирДата: Воскресенье-Якшанбе, 19.09.2010, 17:22 | Сообщение # 10
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 21
Репутация: 4
Статус: Offline
Юсуф сорвал бутон и, удивленный жемчужиной еще не просверленной,
Спросил: “Кто жемчуг этот уберег, и кто от ветра защитил цветок? “
Сказала: “Даже и Азиз влюбленный не мог сорвать в моем саду бутона.
Хоть царствовал он как прекрасный шах, - влачился в страсти как хромой ишак.
 
ZvezdaДата: Среда-Чоршанбе, 13.04.2011, 14:11 | Сообщение # 11
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 23
Репутация: 3
Статус: Offline
Чудо созад маро гар аз ту такдир,
Биё зи ман номае ёдовари гир.
Чун хар боре кушои сар ба сар хон,
Ки бинвисам ман онро аз дилу чон.
Варо хар гиз масузон эй дили ман,
Агар сузи бисузад манзили ман.
Хама розу ниёзи ман дар он чост,
Хаёту зиндагониям дар он чост.
Ту бурди бо нигохе аклу хушам,
Намесозам туро харгиз фароуш.
Бо акси ман ту бо диккат назар кун.
Ва аз хар харфи шеърам ёди ман кун......

Прикрепления: 9921176.jpg(29Kb)


Дар ин олам дили бегам набошад,
Агар бошад дили одам набошад.
 
VorukhiДата: Суббота-Шанбе, 21.01.2012, 20:11 | Сообщение # 12
Ворухи
Группа: Раиси махалла
Сообщений: 11
Репутация: 1
Статус: Offline




Мушт бар дар мезанад пири, вале
Рузгори навчавони дилрабост.
Ёди дилбар зинда медорад маро
Ишки дилбар дар дами пири асост.

Заҳр карди зиндагӣ бар ҷони ман,
Умрбод эй ишқи нофармони ман.

Зиндагӣ гум кард дигар рангу бӯ,
Бо ману бо дарди бедармони ман.

Ҳар чӣ будӣ бо муҳаббат бӯйидам,
Рафтӣ ту эй ёри бепаймони ман.

Соғари дасти рақибон косагул,
Пора пора соғари армони ман.

Аввали ишқ хандаи лабҳои ту,
Охири ишқ дидаи гирёни ман.

Оҳ, аз афсонаҳоят хастаям,
Хилвате бояд ману анҷоми ман.

То саҳаргаҳ ёди рўят доштам,
Хайр то шоми дигар, эй ҷони ман!

Бусаи армон
Ҳар киро холӣ бағал буд камбағал
Ҳар ки натвон чора кард бечора шуд.
Ҳарфи ишқат аз лабам берун нарафт,
Ҳамраҳам то пушти дар овора шуд.
Дар хатои худ намеғунҷид дигар.
Орзўям ҳамчу занҷир пора шуд.
Шақ-шақи акка магар будаст наҳс,
Ки маро заҳри ҷудой кора шуд.
Дар тани ту бўсаҳо гул мекунад
Бўсаи армони ман истора шуд!

АФСОНАИ ИШЫ
Гар нагунчи дар вучуди чони дардолуди ман
Дар нигохи шахвати чашми гунахолуди ман
Дар дили бекинаям гар холи монад чои ту
Вой бар буди ману сад вой бар нобуди ман!!!!
Эй ишқи аввал,
Гунҷишкаки паршикастаи осмони орзӯ...
Эй дӯдаи оҳ,
Абри ғунудаи борони гуфтугӯ.
Эй сабзаи руйида,
Мазмуни сари сабзи ману ту.
Эй ёр,
Эй насими атрогини субҳ,
Эй маҳваши гулрӯ!
Буд набуд,
Бо ту буд,
Нигоҳи ноз
Ё оташи ҷонсузи ишқу бандагй.
Кунун
Ним масту ним ҳушёр
Мезанам қадам,
Чун гувоҳи зиндагӣ
Ё гуноҳи зиндагӣ?
Боре,
Лолахасаки сиёҳдили домани кӯҳ,
Ханда зи лаб рабуд,
Нигори ман рабуд..
Қудрати шикасти кӯҳ маро набуд,
Бахти ман хазон кард,
Баҳори ман рабуд.
Бо тинати сиёҳ лолахасак,
Рӯзи ман сиёҳ кард,
Ҳоли ман табоҳ кард,
Ёри ман рабуд,
Буд набуд,
Он ишқи аввал,
Он дӯдаи оҳ,
Он синаи доғ.
Ва бо ман монд,
Ин тифли гармрӯй-Зиндагӣ!!

Суруди ишк

Туро чуям,
Туро чуям ман аз руди Каравшин,
Ба руи ыолини махмал нишаста.
Ало дарё маро сузи нихон- ку ?
Кучост занчираи ишки гусаста?
Дилам аз доги дерин лола баста…

Кучои, кучои?
Кучои дилбари гумкардаи ман?

Садо орам сари шахи баланде,
Ба номат куллахо гардад садопуш.
Кучои дилбари гумкардаи ман,
Магар карди ба зудиям фаромуш,
Чаро ту ин кадар хомуш, хомуш?

Кучои, кучои?
Кучои дилбари гумкардаи ман?

Туро гум карда, эй дороии дил,
Миёни дарду доги зиндагони.
Ба хашми ин хама хакношиносон
Кунун чуям зи авроки чавони.
Кучои дилбарам, эй ёри чони?

Кучои, кучои?
Кучои дилбари гумкардаи ман?

Туро чустам ба шоми мохтоби,
Зи пушти чашми махтоби дурахшон
Биё, ки мисли ту мах ру панах кард
Ва чун ман гиря кард абри бахорон.
Ва борон асту борон асту борон!!!

Кучои, кучои?
Кучои дилбари гумкардаи ман?

Добавлено (21.01.2012, 20:11)
---------------------------------------------
Зарифчон!
Ин шеъргунахои бандаро агар маъкул донед дар боби навини "Ёдномаи мухаббат" чой дихед. Шояд ин навиштахои макбуле аз хазинахонаи эчоди суханварони Ворух руи кор меорад.

 
vorukhДата: Суббота-Шанбе, 11.02.2012, 09:15 | Сообщение # 13
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Ман бандаи он касе, ки шавқе дорад,
Бар гардани худ зи ишқ тавқе дорад.
Ту лаззати ишку ошиқй кай донй?
Ин бода касе хурад, ки завқе дорад!
 
vorukhДата: Суббота-Шанбе, 11.02.2012, 09:15 | Сообщение # 14
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Аз садои сухани ишқ надидам хуштар

Едгоре, ки дар ин гунбази даввор бимонд.

***

Ҳаргиз намирад, он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,

Сабт аст бар ч,аридаи олам давоми мо.

***

Ишқбозй кори бозй нест, эй дил, сар бибоз!

Варна гуй ишқ натвон зад ба чавгони ҳавас.
 
vorukhДата: Среда-Чоршанбе, 29.02.2012, 18:48 | Сообщение # 15
Admin
Группа: Раиси Ворух
Сообщений: 82
Репутация: 9
Статус: Offline
Мерезад аз лабони ту бас нозанин газал,
Аз обшори муи ту то бар замин газал.
То сурхии лабони ту бар вожахо расид.
Аз харф – харфи вожа чакид ангубин газал,
Хайли нигохи ту аз лона пар кушуд.
Гофил аз он ки менигарад аз камин газал,
Мижгони чун синони ту в-абруи чун камон.
Нахчиргахе намудаанд ин сарзамин газал,
Сарви сихй, ки меравй чун кабки хушхиром.
Арзонй карда накхати хулди барин газал,
Ин вазну шеърукофия танхо бахона буд.

Эй чони ман, чони маро бетоб кун, бетоб кун,
Дар руди эҳсосу чунун, ғарқоб кун, ғарқоб кун.
Нуру зиёро барфишон бар тору пуди ҳастиам,
Дар мулки тори синаам маҳтоб, кун, маҳтоб кун
Аз олами бехобиҳо манро раҳо кун соате,
Дар бистари оғуши худ дар хоб кун, дар хоб кун.
Манро ки ҳастам ташначон, ҳам ташнадил, ҳам ташнаком,
Аз шарбати лабҳои худ шодоб кун, шодоб кун.
«Ман»ро бикуш дар ман ва худ, то ман ва ту як «мо» шавем,
Моро фидои нашъаи ноёб кун, ноёб кун.
Арчй ҳаё вочиб бувад дар маслаки дилдодагон,
Як лаҳза тарки қолаби одоб кун, одоб кун.

Ёди он шаб, ки будам маст дар огуши шумо
Бусахо гарм рабуда зи лаби нуши шумо
Ончунон танг дар оғуши шумо хуфта будам
Карда ин зиндагиро муфт фаромуши шумо
Ҳар замон олами дигар бари ман во мекард
Дар дили шаб ба масал дидаи нимпуши шумо
Мори бозуи шумо дар тани ман мепечид
Гашта афсун ба афсонаи ман гуши шумо
Хотирам чамъ буд аз муи парешони шумо
Дидаам пур шуда аз пайкари гулпуши шумо

Ишқе даруни синаи ман роҳ меравад,
Ғаввоси руди дил суи моҳ меравад
Ман дар вучуди худ бедор мешавам, бубин.
Аз ман мане ба суи дилам роҳ меравад.
Ин ринди бодахор бишкаста чому кузаҳо.
Аз майкада ба суи хонақоҳ меравад.
Оҳаш зи сина мебарад бори надоматаш.
Сангинтар аз куҳе ин парри коҳ меравад.
Сад бор туба кардаву бишкаста борҳо.
Акнун пайи ислоҳи иштибоҳ меравад.
Зеботар аз ту нест, гул,зеботарин газал.

Ишқе даруни синаи ман роҳ меравад
Ғаввоси руди дил суи моҳ меравад
Ман дар вучуди худ бедор мешавам, бубин
Аз ман мане ба суи дилам роҳ меравад
Ин ринди бодахор бишкаста чому кузаҳо
Аз майкада ба суи хонақоҳ меравад
Оҳаш зи сина мебарад бори надоматаш
Сангинтар аз куҳе ин парри коҳ меравад
Сад бор туба кардаву бишкаста борҳо
Акнун пайи ислоҳи иштибоҳ меравад

Эй бегам, эй азиз, холо кучои Ту?
Хун мешавад дилам хар дам барои Ту.
Эй он ки рафтаи аз ман ба киссахо,
Гум кардаам дарег, ман изи пои Ту.
Дар хобхои шаб мебинамат гахе,
Бедор мешавам,аз ҳой-ҳои Ту.
Ман дар Ту гум шудам,ё гум намудамат,
Ту мотами манй, ё ман азои Ту?
Ман аз Ту рафтаам, аммо Ту бо манй,
Дар шеърхои ман харфу хичои Ту.
Эй кош мешудй чун сехру чодуе,
Дар қоб мешудам як дам ба чои Ту!

Гуфти биё,ман омадам,танхо чаро мемониам
Боре,ки худ хондй маро,аз бахри чи мерониам
Чое нарафтам аз барат,дасти ману домони ту
Ман кудаки ишки туам,бехуда мегирёниам
Аз дурхои дури дур, атри туро буйидаам
Масти хузурат гаштаам,эй хамдили пинхониам
Дар кучахои «Качровутат» гах гох агар бинй маро
Бегонаам дигар магу,як точикам,дехотиам.

Як коса шароб бошаду бошем ману ту,
Ту аз лаби коса нушиву ман аз лаби ту.

Ману ту гули як бог бошем,
Шабона лаб ба лаб дар хоб бошем.

Ишки ману ту бахор будасту халос,
Мисли як гули навбахор будасту халос.

Барои дидани руят хамавакт нола хохам кард .
Зи дасти хачр аз хунам чахон пурлола хохам кард.

Бурди дили ман аз ту чихо металабад,
Улфат ба дилу аз ту нишон металабад.
Сар то сари мисрахо як харфи бигир,
Аз аввали мисрахо хамон металабад.

як даста гули сафед дар чар дидам,
монанди ту ёри бовафо кам дидам.
аз тахти дилат даромадам санчидам,
ту ёри дигар доштиву ман фахмидам.

гули бишкуфтаи болои сина,
паи он бусахои динагина.
маро бар олами ишку хавасхо,
баранд кунъияву мисру мадина.

Дар чавони ишк мезебад ба кас
Ишк бар ошик мезебад факат
Ишк гуфта зуд бар кас дил мадихед
Чун ки ишки пок мезебад ба кас

Дар дили худ хаваси хуфта манам,
Ишки покизаи бинхуфта манам .
Дар лаби боди сабо нарму махин,
Рози деринаи ногуфта манам,

гул миёни сабзазорон чун рухи тобанда аст.
булбуле андар канораш ошики дилдода аст.
ин маконест чун бихишти гум шуда руйи замин,
аз садои сузу сози ошикон поянда аст.
гар ту хохи зист кардан дар чунин манзил мудом.
дон азоби ошикиат мушкилу сузанда аст.
чун хаёли мешави ту ёд аз дилбар бикун,
ошики мисли хаёлест бо хаёлат зинда аст.
аз садои аввали ишк хотират гардида шод.
в-аз садои охиринаш калби ту тарканда аст.
боги ишк гар форам аст бо ин хама гамхои худ,
ин хама гамхои форам хотироти банда аст.
 
Форум-Cухбатхона » Сухбати озод » Сухбати озод! » Шеърхои Ошикона! (Шеърхои бехтарину бехтарин доири ишку мухаббат...)
Страница 1 из 212»
Поиск:


Copyright MyCorp © 2017