Среда-Чоршанбе
24.04.2024
02:08
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход
Стихи-Шеърхо »
Меню сайта

Категории каталога
ШЕЪРХО [6]
ДАР ИН ЧО ТАНХО ШЕЪРХО АЗ ШОИРОНИ ФОРСУ ТОЧИК ГУЗОШТА ХОХАД ШУД!

Мини-чат
500

Наш опрос
Шумо чанд сола хастед?
Всего ответов: 935

Главная » Статьи » ШЕЪРХО

Маро чуед
МАРО ДАР РУЧЎИ НОТАМОМИ КОРАМ ЧЎЕД,
ДАР ШАБНАМИ ГУЛБАРГИ БАХОРАМ ЧЎЕД.
ГАР БОДИ САҲАР БЎИ БУХОРО НАБИЁРАД,
БО БЎИ ВАТАН ЗОРУ НИЗОРАМ ЧЎЕД.
ҲАМРОҲИ КИТОБ БА ОТАШАМ АФКАНДАНД,
АЗ ОТАШИ ЗАРДУШТ ТИМОРАМ ЧЎЕД.
БЕҚАДРИИ МАН ЗИ ТАНГЧАШМОН ПУРСЕД,
МОНДАМ ЗЕРИ ПО АНДАК МАДОРАМ ЧЎЕД.
ГУФТАНД:”БА ГАДО ҲЕЧ МАТЕ ҲЕЧ МАГЎ”,
ДОДАМ ҲАМА АЗ ХОКИ МАЗОРАМ ЧЎЕД,
АЗ ХОРИИ МАН ЁД КУНЕД ДЎСТОНАМ,
АЗ ХОКИСТАРИ СИПАНДУ ХОРАМ ЧЎЕД.
ОВОЗИ МАРО АЗ НОЛАИ НАЙ Ё ХУД
АЗ НАҒМАИ ЧОНСЎЗИ ҲАЗОРАМ ЧЎЕД.
ҲАР МИСРАИ МАН ЧЎЯКИ САБЗИ ОРЗЎСТ,
МАЗМУНИ МАРО ЗИ КИШТУКОРАМ ЧЎЕД!!!
Категория: ШЕЪРХО | Добавил: voruh (20.11.2009)
Просмотров: 3023 | Комментарии: 3 | Рейтинг: 3.5/6 |
Всего комментариев: 3
3 vorukh  
0
Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Чу меҳмони хароботӣ, ба иззат бош бо риндон,
Ки дарди сар кашӣ, ҷоно гарат мастӣ хумор орад.
Шаби сўҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рўзгори мо,
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад.
Иморидори Лайлиро, ки маҳди моҳ дар ҳукм аст,
Худоро дар дил андозаш, ки бар маҷнун гузар орад.
Баҳори умр хоҳ, эй дил, вагарна ин чаман ҳар сол,
Чу насрин сад гул орад бору чун булбл ҳазор орад.
Худоро, чун дили решам қароре баст бо зулфат,
Бифармо лаъли нўшинро, ки зудаш бо қарор орад.
Дар ин боғ аз Худо хоҳад дар ин пиронасар Ҳофиз,
Нишинад дар лаби ҷўеву сарве дар канор орад.

2 Vorukhi  
0
Садокати Ватан бо навои булбулони субхонагу, бо хавои атрогин, бо лолаву бойчечак, бо тугёни дарёчаи кухии Точикистон, бо зебогиву сарсабзии арчазорони кухистон дар калбхои хассоси мо фарзандони гарибгашта чун рагхои хунгард пайваст гирифтааст, яъне дар дурихо бо ёди Ватан тапидани дили мо амри табиист. Яке дар кишвари сардизои рус, дигаре дар Амрико, саввуми дар Фаронса зиндаги дорем, аммо хавое, ки аввалин бор хини ба дунё омадан нафас гирифтаем, хоке ки бо панчахои кучак гирифтаву буидаем аз хотироти мо зудуда нашудааст, пас метавон гуфт, ки гарчанд тан дар гарибист хотироту калби мо мукими Ватан аст ва орзуи ягонаи мо сохтори давлати абаркудрат яъне гулшукуфти Ватани азизамон аст.
Шеър рисолати зиндаги аст ва хушбахтона каламкашони точик хар чо набзи хаёташонро ба сифатхои каломи бадеъ, орзухои дастнорас, пахлугардониьои хаёлангези шоирона ифода менамоянд.
Хуб мебуд агар каламкашони точик ин чо меваи таровишхои эхсоси худро баён дошта калби ташналаби мо мардуми мухочирро аз зебогиву нафосоти олами руъёи худ шодоб мекарданд. Интизори лутфи суханхои Шумоем!!!

Журналист
Эхдое ба Рачаби Мирзо.
Чун оби зам саркуфтаву дидаи рушан дорем,
Гар санги сиёхем багали не ба хавоем.
Аз пушти калам мушт хурем рузи хамин аст,
Бо табъи худодод нависему сароем.
Дар олами беадл хама адлпарастем,
Монанди саволем, пур аз чуну чароем.
Аз оташи мовуманихо сухтачон лек,
Хуршедсифат бо дигарон рохнамоем.
Дар водии гам гайри худо хеч набошад,
Андар шаби тор мохи мунаввар ба самоем.
Эй вой, кунанд такя ба хешону рафикон,
Мо такя ба хеч кас накунем, мо ба худоем
Бечорае гар гиря кунад, мо ба фигонем
Аз сузиши у гар нависем мо ба хатоем
Мо ба Шумоем, ба Шумоем, ки имруз Шумоем
Як чумлаи нопурраи фарёду садоем!!!!!

1 Vorukhi  
0
Хокҷой
Рӯй тобам аз Самарқанди кӯҳан,
Аз Бухоро, ки кунад бӯи Ватан.

Гар зи хоку хокҷо берун шавам,
Ҳар қадар бахшидаям афзун шавам,

Халқи ман ин Оли Сомони ман аст,
Тоҷикистон, Тоҷикистони ман аст.

Ман зи лафзи модарӣ бигзаштаям,
Аз русуми дилбарӣ бигзаштаям.

Як дили бекинаро парвардаям,
Махзани меҳру муҳаббат кардаям

Миллати ман кони армони ман аст,
Тоҷикистон, Тоҷикистони ман аст.

Беватанро ман Ватан бахшидаам
Бог бо зогу заган бахшидаям.

Дар масири рахм бар халки худо,
Ман гадоёнро чаман бахшидаям.

Тоҷикам покиза имони ман аст,
Тоҷикистон, Тоҷикистони ман аст!!!

*** ***
Кухпораи хакжчуи ман, эй чони чун охуи ман,
Эй калби оташзои ман, эй кишвари танхои ман.
Ишки Ватан сузад агар гуед дармонаш кучост?
Дарди маро дармон нест, ку хазрати Синои ман?
Дар куххо руидаям бахти бадам мероси аст?
Меросии имрузи ман, меросии фардои ман!
Меросии бахшидаям шахри Самарканду вале,
Мероси бо худ бурдаям сарсахтии бобои ман.
Як кисмати гум кардаям шахри Бухорои кадим,
Як кисмати дарёфтаям худбинии ночои ман.
Дар миллати поённишин боло паридан орзуст,
Бо рахбари курсинишин хам абруи болои ман.
Гу ёри туркичашмро, к-холу хаташ хиндуи аст,
Савдои нав сар мекунам марги сару савдои ман!!!

*** *** ***

Пул +мол = обрӯй.

Хати кашидаи ситораи кучи, бурчи фалак кутби рахнамост.
Гиреҳҳои абри сиёҳу сафед, уқдаи нокушодаи дилҳост.

Дастмоя гар ғалтаке беш нест, неки ин руъёи нопайдост.
Сайқали дурахши муҳаббат пул, кашшоқи панчаи ногирост.

Олимон монда беруни дар, пешгоҳ барои бизнесмен чост.
Ҳар ихтирои амали ногашта, нишонаи бепул гуфтанҳост.

Замони хирадкушу пулпарвар, тифли бозсозии мову шумост.
Пул чамъи мол баробари обру, формулаи демократияи дунёст.

Дар ин набардгоҳи некиву бад, зиндаги паҳлавони побаржост,
Дуди димоғи хеш мапеч Ҳикмат, ки мачмуи ҷигари сухтаи мост!!!

*** ***

Ворухи ман.
Ворухи ман,
Ман ошиқи ун нағмаҳои субҳуна,
К-булбули бечора ба дард мехунад.
Ман ошиқи ун рӯзҳои боронит,
Ки дидагони гирёни маро мунад.

Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.

Ворухи ман,
Ман ошиқи шабҳои маҳтобит,
Ки сару рӯи ту нур мепошад.
Ман ун ошиқи мусофиргашта,
Ки ҳар куҷое бо ту мебошад.

Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.

Ворухи ман,
Ман ошиқи ун диёри арҷманд,
Ки гули нафасаш атрогин аст.
Ман ошиқи ун кӯҳҳои хомӯш,
Ки ботаамулу ботамкин аст.

Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.

Ворухи ман,
Ҳасти доим дар вуҷуди дарднокам
Ва дар дилу дар дидагон аст маъво.
Ворухи ман,
Агар бадгӯи карда бошам маъзур,
К-нишонаи ҷаннат ҳастӣ дар дуне!!!

Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Поиск-Ҷустуҷуй

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024