Среда-Чоршанбе
24.04.2024
17:43
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Сентябрь » 7 » ЗАНИ ДУЮМ ГИРАМ Ё НЕ?
ЗАНИ ДУЮМ ГИРАМ Ё НЕ?
09:25
-Ман аз ноҳияи Файзобод ба Шумо занг мезанам. Гап дар сари он аст, ки оиладораму ду фарзанд дорам, вале боз як духтареро дӯст доштам. Ӯ ҳам маро бениҳоят дӯст медорад. Аз Шумо маслиҳат пурсиданиам, ки ӯро ба занӣ гирам ё не?

-Бигӯед, ки оё зани шумо ягон гуноҳе ё камбудие дорад?
-Не, хайр ҳамин тавр… гаштем, ба ҳамдигар маъқул шудем.

-Гуфтаниед, ки Лайливу Маҷнун шудаед?
-Нею… Хайр, маъқул аст. Мегӯяд, ки маро ба занӣ гир.

-Оё зану фарзандонатон дар зиндагӣ танқисие надоранд? Магар зиндагии серу пур доред?
-Зиндагӣ бе камбудӣ намешавад…

-Вақте зиндагии зану фарзанди худатон камбудиҳо дорад, оилаи дуюмро чӣ тавр таъмин мекунед?
-Хайр, як бало мекунем. Мардакем-ку охир.

-Ҳамсаратон розист, ки зан гиред?
-Не. Вай хабар надорад.

-Ин тавр бошад, Шумо кафолат дода метавонед, ки баъди зан гирифтани Шумо дар байни ҳамсаронатон мӯйканиву рӯйканӣ намешавад?
-Хайр, инро ҳеҷ кас намедонад.

-Розӣ мешавед, ки замоне фарзандонатон аз Шумо ҷудо гарданд?
-Не.

-Боварӣ доред, ки зани дуюм шуморо хушбахт месозад?
-Хайр, вай мегӯяд, ки гир…

Аз идора:
Хонандагони азиз! Албатта, аллакай эҳсос намудед, ки ба идома додани ин гуфтугӯ ҳоҷате нест. Мусоҳиби мо, ки номи худро пинҳон дошт, танҳо аз рӯи ҳавову ҳавас бо духтари дигар ошноӣ пайдо намудааст. Оқибати чунин муносибатҳо маълуманд. Гумон аст, ки ин мард бо ишқи «нав»-у ҷавони худ то охир зиндагӣ кунад. Пас, беҳтар он аст, ки ҳарду- ҳам ин мард ва ҳам маҳбубаи ӯ аз роҳ баргарданд. Беҳуда фардои хешро зери хатар нагузоранд.

Аз сомонаи "Мухаббат ва оила".

Категория: Общество | Просмотров: 10057 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 2.1/11 |
Всего комментариев: 9
9 тахмина  
0
сарфахми зани якум ки намерен зани дуюма чи менунед талаботи зани дуюм бисёр

8 Малохат  
0
Пеш аз он ки ин корро анчом дихи як бор ба руи фарзандонат нигар бин ки аз чашмони онхо шумо чиро хис мекунед. Дар урфият мегуянд, ки окибати хамаи кор пушаймонист гайр аз рузаву намоз.
Бигзор ки он духтар ба умеди Шумо азоб кашида сохиби бахти хакикии худ шавад.Гарчанде шуморо дуст медорад, окибаташ пушаймонист

7 илом  
0
Ду зан агар якчо шаванд хонаро алов мезананд

6 Махмуд  
0
Ака агар шароитут боша ошут шава вагарна духтара расидаги набши чавобша буте бурава.

5 салимбой  
0
салом! дустам як заная як руш сиёх ду заная ду руш сиёх мегуяд

4 Ozoda  
0
)))))))нет слов!

3 vorukh  
0
Ман хам тарафи бародар Мухочир хастам.Аз паи ишрату маишати ду руза шуда набояд чинси латифро дар ними рохи зиндаги танхо гузошта хору зор кунем!Оила ин муккадас аст.Бояд онро пок нигох дошт.

2 Мухочир  
1
hylshod.82! Шояд гап на факат дар сари хурондану пушонидан аст, чунки дар ин дуньё ягон чиз доими нест аз он чумла боигари низ. Ман зидд дузанаги чунки он боиси бисьёр азоби рухии занон аст. Бехтараш харакати бо хамсари худ хушбахтона зиндаги карданро кун бародар.

1 hylshod.82  
0
Бародар як занро хурондану пушонидан тавонию изофаги дошта боши гир агар дошта набоши сарсон макун.......


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024