Понедельник-Душанбе
29.04.2024
11:51
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Ноябрь » 18 » Волидони зинокору кӯдакони маъюб…
Волидони зинокору кӯдакони маъюб…
17:53


Бароям дардовартарин манзара дидани азобҳои кӯдаки маъюб мебошад ва итминон дорам, ки ягон фарди соҳибдил ба ин тақдирҳои парешон бетараф нест. Алҳамдулиллоҳ, мусулмонаму ин гуна рӯйдодҳоро қисмати додаи Худованд меҳисобам ва баъзан дар гӯшам гуфтаҳои модаркалони раҳматиям садо медиҳанд, ки бо дидани тифлаки маъюб оби чашмашро бо гӯшаи рӯймолаш пок намуда мегуфт, Парвардигор мо бандаҳои гунаҳгорашро бо ҳамин восита нишон медиҳад, вагарна ин тифлаки маъсум чӣ гуноҳ дорад?
Имрӯзҳо кӯдаконе, ки ақлану ҷисман ноқисанд, зиёдтар тавлид мешаванду олимони соҳаи тиб вирусу бемориҳои нав ба навро кашф мекунанд, ки дар натиҷаи бадахлоқии фарзанди инсон пайдо шуда тифлонро дар батни модар ба бемориҳои даҳшатбор гирифтор месозад.
Шавҳари зинокору тифли бемор
Назди шуъбаи кӯдаконаи бемориҳои чашми Маркази миллии тиббии кишвар бонуеро дидам, ки пушт ба чинори пире зада талх мегирист ва тифли парпечи дасташ низ ғаш мекард. Аз наздаш бетараф гузашта натавонистаму сабаби гиряашро пурсидам.
Аввал чизе нагуфту аз нигоҳи ғаминаш дарк кардам, ки гуфтаниҳои зиёде дорад. Наздаш сари ду по нишастаму хоҳиш кардам, ки ба тифли гирёнаш шир диҳад ӯ хомӯшона хоҳиши маро иҷро карду гуфт:
-Медонед, тифлам нобино таваллуд шуду аҳли хонаводаи шавҳар ҳама гуноҳро ба сари ман бор карданд, чунки биноии як аммам паст асту айнак мемонад. Имрӯз ҳамроҳи шавҳарам барои ташхис омадем ва маълум шуд, ки дар хуни ӯ вируси бемориовар будааст ва тифламон барои ҳамин ноқис ба дунё омадааст. Ман аз пушти дар гуфтугӯйи ӯро бо духтур шунидам, табиб бо ғазаб гуфт, ки айб нест чунин ҷавонмарди зебо зинокорӣ карда ба хуни зани бегуноҳ вирус ворид кардӣ, тифлаки бечораро бошад аз дидагони бино маҳрум сохтӣ?! Бояд ба ту гӯям, ки аз хун шӯстани ин вирус корест мушкил…
Шавҳарам ин вирусро аз муҳоҷират овардааст,-бо ашки шашқатор илова намуд бону, вале гуфтугӯйи мо нотамом монд шавҳараш ҷавонмарди болобаланди сабзина омада ӯро бурд. Намедонам тақдири бонуи гирён ва тифлаки нобинои ӯ чӣ мешавад, вале ҳайронам, ки шавҳари ӯ ҷавонмарди зебои ситорагарм бо ин дарди виҷдон чӣ гуна зиндагӣ хоҳад кард?
Маъшуқаҳои пурхатар
Имрузҳо шумораи занони бероҳа афзудааст ва маҳз ҳамин маъшуқаҳои пурхатар метавонанд даҳҳо нафари дигарро ба бемориҳои нанговари ҷинси мубтало сохта шумораи кӯдакони маъюбро зиёд намоянд.
Чуноне, ки духтури урологи Маркази шаҳрии саломатии №9 Малахов Қурбоналӣ ҳангоми сӯҳбат ба мо иброз доштанд:
-Боиси таассуф аст, ки мардони мо дидаю дониста ба доми занони бероҳагард , ки манбаи маризиҳои сироятии ҷинсиянд меафтанд ва сироят меёбанд. Ин барои намояндаи як миллати соҳибтамаддун, ки дар ҷомеаи пешрафта зиндагӣ мекунад айб аст. Маъшуқаҳои тасодуфӣ дар бистар хатари зиёде доранд, аввалан мард саломатии худ ва ҳамсарашро зери хатар мегузорад, аз ҳама бадтараш аз волидони сироятёфта тифлони мубталои маризиҳои таносулӣ ба дунё меоянд.
Гинекологи Маркази саломатии шаҳрии №8- Замира Мамадҷонова бошанд чунин андеша дорад:
-Чӣ хеле ки ба ҳамаи мо маълум аст дар ҷумҳуриамон солҳои охир раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ҷараён дорад ва мардон муддатҳои тулонӣ дар мусофират умр ба сар мебаранд. Бархе аз онҳо дар он ҷо аз ҳамхобаҳои тасодуфӣ қаробати ҷинсӣ меҷуянду ба ҳамсарони поку чашминтизори худ бемориҳои зуҳравӣ «тӯҳфа» меоранд. Натиҷаи чунин бепарвоии мардон аст, ки имрӯз дар байни занони мо бемориҳои сироятии ҷинсӣ, ки сабаби пайдо шуданашон вирусҳои токсоплазмоз, уреплазмоз, хломиедез, ва гепатити С, Е мебошанд вомехӯранд.Мавҷудияти ин вирусҳо дар хун ба безурётӣ, норасид, мурда ва маъюб ба дунё омадани тифл мегардад.
Аз гуфтаҳои табибон бармеояд, ки ин бемориҳо назар ба солҳои пешин зиёдтар ба чашм мерасанд. Пас маълум мешавад солҳои шуравӣ, ки мардум каме аз дину оин дур монда буд ва ғайри ду-се муйсафед касе ба масҷид рафтан ҷуръат намекард ин гуна бемориҳои нанговари таносулӣ кам вомехӯрданд? Ҳоло бошад мардум озодона китобҳои динӣ мехонанду амри маъруфи домуллоҳои машҳурро мешунаванд, огоҳанд, ки зино бадтарин амал аст дар назди Худованд ва боз ба роҳи хато мераванд?
Дарси одоб
Нақл мекунанд, ки дар Бани Исроил марди покдомане мезист. Ӯ то ними шаб ба ибодат машғул мешуду рӯзона газвор мефурӯхт то пули ҳалол ёфта сарфи рӯзгор намояд. Рӯзе зани сарватманде аз назди ӯ гузашта, ба матояш харидор шуд. Зан ба обид гуфт:
-Ман матоъатро мехарам, биё ба хона равем то пулашро диҳам. Обид розӣ шуд, вале чун ба хона расиданд зан мақсадашро чунин баён кард:
-Муддатест, ки ман ба ту ошиқам, чӣ қадар пулу моле мехоҳӣ медиҳам. Фақат хоҳиши маро иҷро намуда оташи нафсамро хомӯш намо.
-Ман аз парвардигорам метарсам, гуфт обид.
-Агар бо ман ҳамхоба нашавӣ дод мезанам, якравӣ мекард зан.
-Майлаш ман розӣ, фақат бояд ду ракат намоз хонам, хоҳиш кард обид.
Обид ба Аллоҳ Таъоло муноҷот карда, аз Худованд паноҳ талаб намуда, худро аз тирезаи қасри зан ба поён ҳаво дод. Бо амри Худо ӯ зиёне надид ва аз шарри зан эмин монда шукргуён ба хонааш рафт.
Кош мардони замони мо аз ин обид покдомониро меомухтанд, зеро Паёмбари Ислом Муҳаммад алайҳиссалом низ дар ҳадисҳои мубораки худ овардаанд:
«Чаҳор чиз аст, яке аз онҳо дар ҳар хона бошад, хароб шаваду рӯйи баракат набинад: хиёнат, дуздӣ, шароб, зино».
Ин хислатҳои бади инсонӣ, ки пайомади якдигаранд ба ҳар хонадон на танҳо бебаракатӣ, балки бадбахтӣ низ ворид месозанд ва дардовартаринаш ба дунёи равшан маъюбу дардманд омадани тифлакони бегуноҳ мебошад. Кӯдакони бегуноҳ ҷабри волидони зинокори хешро мекашанд.
ЛОЛАИ САИДАКБАР
Категория: Общество | Просмотров: 1477 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 2.0/2 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Ноябрь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024