Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
00:14
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2012 » Апрель » 19 » «Вой очаҷон, облава!»
«Вой очаҷон, облава!»
18:21
«Шикор» -и ҷавонон кай ба охир мерасад?
Хизмати Модар - Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ, ҳар ҷавони банангу ор бояд, ин қарзро адо намояд. Феълан, ки фасли баҳор ҳукмрон аст, сафарбарии ҷавонон ба ин маъракаи муҳим идома дорад. Ба қавли мутасаддиёни соҳа нақшаи даъват ба аскарӣ аз ҷониби комиссариятҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар айни ҳол 90 дар сад иҷро гардидааст. Бешак дар ин нақшаиҷрогарӣ саҳми гурӯҳи ташаббускоре дар либоси низомӣ назаррас аст, ки бо номи «облава» ҷавононро дар роҳи донишгоҳу донишкадаҳо ва кӯчаву бозор «шикор» карда, маҷбуран ба автобусҳои «тайёри сайёр» бор мекунанд ва ба комиссариатҳои ҳарбӣ мекашонанд. Ин нафарон бо чунин рафторашон раванди мӯътадили тартибу низом ва вазъи ороми ҷомеаро халалдор мекунад .
Ба ростӣ, гумон доштам ки мафҳуми бофтаву сохтаи «облава» ин замон аз байн рафтаасту он ба гурӯҳи калимаҳои архаистӣ ворид шудааст. Аммо худ дар чанд ҷойи пойтахт шоҳиди воқеии ин амал гардида, гумонам ботил баромад.
Субҳи 9 апрел дар сари роҳи калони шаҳри Хуҷанд се -чор нафар донишҷӯи ғоибхонро дидам, ки интизори нақлиёт буданд. Ногаҳ якеашон пасашро нигоҳ кард, ки «Газел» -е тарафи онҳо меояд. Ин вақт ӯ: «Вой очаҷон, облава» -гӯён гурехту ҳамраҳони гарангашро бор карда бурданд. Ҳамин тариқ вақте дар шаҳри Хуҷанд меҳмон будем, борҳо мушоҳида кардам, ки мутасаддиён омада, дари хонаҳоро мекӯбанд. Дар онҷо одат ҳамин аст, ки мард бояд дарро боз кунад. Ҳангоми дарро боз кардани мард агар ӯ ҷавони синну соли аскарист, дигар бе пурсупос вайро аз даруни хонааш кашида, ба мошин бор карда мебаранд. Ин амал борҳо боиси ҷанҷолу хархаша байни соҳибхонаву «шикорчиён» шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки чанд сол қабл вазъи кишварамон ноҷӯр буд ва ҷиҳати орому мӯътадил сохтани он зарурати аз ҳисоби ҷавонон пурра намудани сафи артиши миллӣ ва пурзӯр кардани амнияти дохилӣ ба миён омада буд. Ҷавонон аз вазъи нобасомон дар ташвиш буданд ва аксарашон аз сафи артиш фирор мекарданд ё саркашӣ менамуданд. Дар ин ҳолат иҷрои «облава» нисбати онҳо то андозае зарур буд, вале феълан вазъи кишварамон орому осуда аст ва анҷом додани амали пурвоҳимаи «облава» ҳеҷ зарурате надошта, ғайри таҳлука манфиате ба бор намеорад. Зеро ҷавонони даъватшуда худ бе ягон кашмакаш ба комисариатхои ҳарбӣ ҳозир мешаванд, агар муттасаддиён ба ҷои таҳлукаву даҳшатафканӣ корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро хуб ба роҳ монда, дилгармӣ ба хизмат ва меҳру муҳаббат нисбати ватани азизро дар вуҷудашон бедор намоянд, на ин ки бо тарсу ҳарос волидони наваскаронро ба вартаи ташвишу хавотириҳо гузоранд. Худ қазоват кунед, ҳоли ҷавонеро, ки волидайн бо ҳазор орзуву ҳавасҳо ва ранҷу машаққатҳо ба камол расонидаву ба қавле, ба ҳар як тори мӯи фарзандонашон ларзонанд, бо «облава» аз кӯчаю хиёбонҳо ба қисми низомии номаълум мебаранду падару модари онҳо чанд рӯз дар суроғи ҷигарбанди худ сарсону саргардон гумҷӯӣ мекунанд. Магар чунин амал аз рӯи инсоф ва мувофиқи мақсад аст?
Шабнами Неъматxон
Категория: Общество | Просмотров: 1007 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Апрель 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024