Пятница-Ҷумъа
26.04.2024
02:34
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2013 » Апрель » 28 » Вазъ дар ВОРУХ ором шудааст
Вазъ дар ВОРУХ ором шудааст
14:51

Ҳайъатҳои Суғду Бодканд дар пайи муноқиша дар Ворух ба музокирот шурӯъ кардаанд.


28.04.2013
Дар рустои Хоҷаи аълои ноҳияи Исфара бо ширкати муовини раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва ҳайъати Қирғизистон ба раҳбарии волии вилояти Бодканд доир шуд. Ин ҳайъатҳо ба дунбол бо мардум низ мулоқот карда, онҳоро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват кардаанд.

Роҳ аз Хоҷаи аъло то ҷамоати Ворух то ҳол баста аст ва тақрибан 15 нафар аз аҳли ин русто, ки наметавонанд аз Исфара ба Хоҷаи аъло баргарданд. Ҷумъабой Сангинов бо як гурӯҳ ба   хотири ҳалли ин масъала ҳоло ба тарафи Ворух рафтаанд.

Дар ҳамин ҳол, бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки роҳ ба сӯи рустоҳои Оқсой ва Кӯктоши вилояти Бодканд, ки аз дохили ҷамоати Ворух мегузарад, низ баста аст. Раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон Токон Мамитов ба Озодӣ гуфтааст,  "низоъ бар сари сохтмони роҳи Оқсой -Тамдиқ бархост, ки ба убури ҳатмӣ аз қаламрави Ворух поён медод. Вале ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон шуд, ки мегӯянд, ин роҳ аз замини онҳо мегузарад, дар ҳоле ки марзҳо ҳанӯз муқаррар нашудаанд."


Хабарнигори Озодӣ дар вилояти Суғд Маъсуми Муҳаммадраҷаб, ки феълан дар Хоҷаи аъло – маркази муноқишаи ахир – қарор дорад, мегӯяд, баъд аз низоъи дирӯза байни аҳолии тоҷику қирғизи сокини ин манотиқи баҳсӣ, вазъ ба сурати умум ором шудааст. Сокинони маҳаллӣ ба хабарнигори Озодӣ гуфтаанд, ҷониби Қирғизистон мехост дар ин минтақаи баҳсӣ роҳи нав бунёд кунад ва ин боиси норозигии сокинони Воруху Хоҷаи аъло ва сангандозиву занозаниҳо шуд. Дар даргирӣ байни ду тараф чанд нафар захмҳои сабук бардоштаанд, вале асосан аз зарби санг ё мушту лагат.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, дар посгоҳи даромади рустои Хоҷаи аъло 10-12 нафар марзбонони тоҷик силоҳ дар даст тамоми мошинҳои раҳгузарро тафтиш мекунанд. Дар дохили русто низ шумори зиёди низомипӯшҳо дида мешаванд.

Рустои Хоҷаи аъло яке аз ҷазирақаламравҳоест, ки дар иҳотаи рустоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон мондааст. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, заминҳои атрофи ин русто ба Тоҷикистон тааллуқ доранд, вале ҷониби Қирғизистон ин заминҳоро моли худ медонанд. Бунёди роҳ аз ҷониби Қирғизистон дар ин замини баҳсӣ боиси норозӣ ва шурӯъи муноқишаи нав дар ин минтақаи баҳсии марзӣ шудааст.

Рӯзи шанбе миёни сокинони минтақаҳои марзии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, муноқиша бархост. Тибқи иттилои Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, ҳодиса дар деҳаи Тангии Чоркӯҳ, дар 45–километрии Бодканд ва 31-километрии Чоркӯҳ, бар сари истифода ва назорати роҳи мошингард, сурат гирифт.

Нозимҷон Сафаров, як шоҳиди айнӣ ба "Озодӣ" гуфт, сокинони деҳоти қирғизнишин хостаанд, назорати роҳро ба ихтиёри худ бигиранд, ки ин хашми сокинони ҷониби Тоҷикистонро ба вуҷуд овард.

Як сокини дигари ҳамин минтақа дар сӯҳбат бо "Озодӣ"  гуфт, ки мақомоти қирғиз дар қаламрави Тоҷикистон бунёди як роҳро пеш гирифтанд. Ба дунбол бист нафар аз ҷавони маҳалии Ворух монеи бунёди роҳ шуда, таҷҳизоти роҳсозони қирғизро хароб карда, онҳоро аз маҳал берун кардаанд.Дар посух, сокинони Қирғизистон ягона роҳи анклави Ворухро баста, мардуми ин маҳалро дар инзиво қарор додаанд.

Сокинони маҳаллӣ ҷониби Тоҷикистон ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар муноқиша бо ҷониби Қирғизистон се сокинин деҳаи Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара  ҷароҳат бардоштаанд.

Ҷаниш Айдаров-хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ дар вилояти аз маҳалли муноқиша гузориш дод, ки касе аз сокинони маҳаллии ду ҷониб зарари ҷиддӣ надидааст ва марзбонони Қирғизистон ҳам аз силоҳ истифода накардаанд.

Генерал Токон Мамутов –ф армондеҳи нируҳои марзбонии Қирғизистон ҳам истифодаи аслиҳа ва аз оташи аслиҳа захм бардоштани одамонро рад кард ва гуфт, агар касе зарари ҷисмонӣ дидааст, он ҳам аз задухӯрди миёни одамони бесилоҳ аст.

Бино ба маълумоти расмӣ, Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст.

Қирғизистон аз он кишварҳои Осиёи Миёна аст, ки бо Тоҷикистон муносибати хеле хуб дорад ва низоми равуои шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар бевиза ва нисбатан озодона сурат мегирад. Ҳарчанд дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷазирақаламравҳои миёни сокинон Суғду Бодканд гоҳу ногоҳ муноқишаҳое бар сари истифода аз обу замин рух медиҳад. Мақомоти ин ду кишвар соли 2002 ба марзбандии байни кишварҳо оғоз кардаанд, вале печидагии хатти марз ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрав ҷараёни онро суст кардааст.

Ҷамоати Ворух бо 31 000 аҳолии тоҷикаш дар баробари Сӯху Шоҳимардон, ки ба Узбюакистон тааллуқ доранд, вале аксари аҳолии ин ду минтақа низ тоҷиконанд, яке аз се ҷазирақаламравест, ки аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор доранд. Баҳси обу замин дар Ворух дар солҳои 1982, 1988, 1989 ва 2003 низ мунҷар ба муноқишаҳое байни тоҷикҳову қирғизҳо шуда буд.


 Аммо шадидтарин низоъ бар сари ҷазирақаламравҳо низоъи рӯзи 6 январи соли 2013 байни сокинони Қирғизистон ва аҳли рустои тоҷикнишини Чорбоғи ноҳияи Сӯх буд, ки ҳатто ба гаравгонгирӣ ва бастани роҳҳо барои чандин ҳафта мунҷар шуд.
Просмотров: 2089 | Добавил: vorukh | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Апрель 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024