Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
14:27
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Октябрь » 27 » ҲУСНИ ХАТ ВА ХИСЛАТИ ШУМО
ҲУСНИ ХАТ ВА ХИСЛАТИ ШУМО
21:27

Биёед мебинем, ки хусусиятҳои хоси хати шумо аз чӣ шаҳодат медиҳанд

1. САТРҲОИ НАВИШТААТОН
- ростанд;
- ба боло мераванд;
- ба поён майл мекунанд;
- гаҳ поину гаҳ боло меҷаҳанд.

Агар сатр рост бошад, ин аз табиати ороми шумо, майлатон ба идора кардани эҳсосоти худ ва барои ҳар майда-чўйда наранҷиданатон шаҳодат медиҳад. Сатрҳое, ки ба боло равона гардидаанд, ба хушбинӣ, баумедию зиндадилӣ ишорат мекунанд. Сатрҳои сўи поин нигарон, баръакс, нишонаи хастагии дилу рўҳ, ноумедӣ ва майл ба стрессҳо мебошанд. Ва агар сатрҳои навиштаатон гаҳ поину гаҳ боло ҷаҳанд, ин далели ба қатори одамоне тааллуқ доштанатон аст, ки саросема хулоса мебароранду бе андешаи кофӣ ба қароре меоянд.

2. ҲАНГОМИ НАВИШТАН ШУМО БА РУЧКА
- сахт;
- суст;
- нобаробар фишор меоред.

Фишори сахт хоси одамоне аст, ки аз бартараф кардани монеаҳо, мубориза бо душвориҳо ва ҳалли масъалаҳои мушкил ҳаловат мебаранд. Фишори суст бештар нишонаи он аст, ки шумо шахси ҳассоседу дар бораи одамон фикри бад надоред. Фишори гаҳ сусту гаҳ сахт аломати зудранҷӣ ва тез-тез тағйир ёфтани табъу авзоятон аст.

3. БАРОИ ҲАРФҲОИ НАВИШТАИ ШУМО
- сахт ба чап ё рост ғелидан" хос аст;
- майли кам хос аст ё ҳарфҳоятон тамоман ростанд.

Ҳарфҳои хам нишонаи он астанд, ки шахс дар маркази диққати ҳамагон қарор доштанро дўст медорад. Хати вертикалӣ, яъне ҳарфҳои рост, далели табиати ором ва худидоракунии соҳибаш мебошад.

4. ҲАРФҲОИ ШУМО
- гирд;
- кунҷдор мебошанд.

Ҳарфҳои гирд нишонаи майли инсон ба муросокорӣ ва бе ҷанг ҳал кардани баҳсҳо астанд. Ҳарфҳои кунҷдор хоси нафарони боирода, мақсаднок ва бебок мебошанд.

5. ҲАРФҲОИ КАЛИМАҲОИ ҶУДОГОНАИ НАВИШТААТОН
- ба ҳам бо хатчаҳои пайвандӣ пайваст карда мешаванд;
- алоҳида-алоҳида ҷойгиранд.

Агар ҳамаи ҳарфҳоятон ба ҳам пайваст бошанд, шумо одами ба таҳлил моил мебошеду аз рўи ақлу мантиқ кор кардан бароятон хос аст. Дар акси ҳол шумо, аз афташ, бештар ба ҳиссиёту тахмин такя мекунеду коратон ба табъу хушатон вобастагии сахт дорад.

6. ҲАРФҲОИ ШУМО
- калонанд;
- хурданд.

Одамони ҳассосу бонафосат одатан бо ҳарфҳои калон менависанд. Онҳо дар муошират фаъоланд, ҳаловатҳои ҷисмониро, аз қабили таоми болаззат ва истироҳати бароҳат, дўст медоранд. Ҳарфҳои майда нишонаи камэҳсосӣ, майл ба қаноат ва пинҳонкорӣ мебошанд.

7.ҲАРФҲОИ КАЛОНИ ШУМО ДАР АВВАЛИ ҶУМЛА ВА Ё ИСМҲОИ ХОС
- аз ҳарфҳои хурд хеле калонтаранд;
- чандон калон нестанд.

Агар ҳарфҳои калонатон сахт аз ҳарфҳои хурд дар навишт фарқ кунанд, ин шаҳодати худписандӣ ва худбинии шумо аст. Агар атрофиён комёбиҳои шуморо нодида гиранд, боиси ғамгиниатон мегардад. Ҳарфҳои калонатон орою торои барзиёд ёфта бошанд, ин аз он далолат медиҳад, ки шумо доимо дар маркази диққат будан мехоҳед. Ҳарфҳои калонатон майдатар бошанд, шумо шахси эҳтиёткор астеду танҳоиро дўст медоред, дар маркази диққати мардум будан ҳам намехоҳед.

8. ДАР БАЙНИ КАЛИМАҲО
- фосилаи зиёд мемонед;
- фосилаи кам мемонед.

Ба ақидаи равоншиносон, зич ҷойгир кардани калимаҳо аломати сарфакорӣ ва камхарҷӣ аст. То чанде ин фосила зиёд бошад, майли соҳиби хат ба саховатмандию исрофкорӣ бештар аст.

Категория: Общество | Просмотров: 871 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024