Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
06:35
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Октябрь » 10 » Телефони мобилӣ: чӣ гуна аз зарари он худро ҳифз кунем?
Телефони мобилӣ: чӣ гуна аз зарари он худро ҳифз кунем?
20:03
"Шуоъафкании ихтиёрии мағзи сар бо мавҷҳои хурд аз телефони мобилӣ - ин тадқиқоти аз ҳама бузурги биологӣ дар инсон аст".

(Нейрохирурги шведӣ, профессор Лэйф Сэлфорд).

ЗАБТИ
ҶАҲОН
Аввалин телефонҳои мобилӣ ҳанӯз 20 сол пеш дар давлати Шветсия пайдо шуда буданд. Ва ҳамоно тавонистанд бо қадамҳои бузурги худ тамоми ҷаҳонро забт намоянд. Сол ба сол шумораи дорандагони чунин телефонҳо бештар мешаванд. Акнун аксарияти мардум ва ман бовар дорам, ки хонандаи ман низ, бе алоқаи мобилӣ ҳаёти худро тасаввур карда наметавонад. Телефони мобилӣ бо ҳаёти мо зич пайвастааст. Одам дар куҷое, ки бошад, вазифадор аст тамоми 24 соати як шабонарӯз дар алоқа бошад, то ки аз ягон ҳодисаи муҳими ҳаёт қафо намонад. Вале аз чӣ бошад, ки дар бораи таъсири телефон ба саломатии инсон касе фикр намекунад. Гарчанде ки тибқи ҳисоботи омории операторҳои алоқаи бесим (сотовый):
- тақрибан 70 дар сади истифодабарандагон бо телефон зиёда аз 30 дақиқа дар як рӯз гуфтугӯ мекунанд;
- 30 дар сади одамон 2-тоӣ телефонии ҳамроҳ (мобилӣ) доранд ва мунтазам аз онҳо истифода мебаранд;
- 40 дар сади шаҳрвандони мо шабона ҳангоми хоб телефонҳояшонро дар масофаи камтар аз 0,7 метр, назди сарашон мегузоранд. Ҳол он ки ҳамин телефони хомӯш низ доимо бо истгоҳи базавӣ дар алоқа мебошад;
- фақат 20 дар сади истифодабарандагон медонанд, ки телефони мобилӣ ба инсон аз ҳад зиёд зараровар мебошад.

ОСЕБИ
МАҒЗИ САР
Феълан собит шуда, ки телефони мобилӣ зарар дорад ва он аз ҳама зиёд ба афканишоти электромагнитӣ, ки гӯшӣ (трубка) дар атрофи худ ҷамъ мекунад, алоқаманд аст. Чунин майдонро ҳар як асбоби барқӣ, чӣ яхдон ва чӣ телевизору чӣ печи хурдмавҷ, ба вуҷуд меорад. Вале телефони мобилӣ бевосита бо мағзи сари мо сарукор дорад ва чандин карат таъсири зарари майдони электромагнитиро ба мағзи сар зиёд менамояд. Тибқи андешаи олимон афканишоти электромагнитӣ пеш аз ҳама барои он ба инсон аз ҳад зиёд хатарнок аст, ки он муддати зиёд аз худ ягон аломате нишон надода, дар паёмад ба организм самараи гӯшношунид ба бор меорад. Махсусан, агар он ба узви мураккаб ва ҳассос - мағзи сар алоқаманд бошад. Чунки тағйироти начандон калони мағзи сар метавонад ба тамоми организми инсон таъсири бузург расонад. Андешаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки баъди таъсири афканишоти телефони мобилӣ дар мағзи сари инсон ҳодисаҳое рух медиҳанд. Андешаи аз ҳама муҳим бар асари истифодаи тӯлонии телефони мобилӣ имконияти ба вуҷуд омадани касалиҳои саратонӣ мебошад. Онро олимон дар натиҷаи таҷрибаҳои бешумори бо ҳайвонот ва одамон гузаронидаашон пешниҳод намудаанд.
Масалан, Уилям Стюарт, олими шотландӣ, дар кирмҳои боронӣ таҷриба гузаронд. Нурафканиҳои телефони мобилӣ сохтори сафедаи кирмҳоро иваз намуд. "Бофтаҳои зинда чун пораи гӯшт дар печи хурдмавҷ бирён мешаванд", тасдиқ мекунад Стюарт.
Чунин таҷрибаҳо дар Русия низ гузаронда шуданд. Қурбоққаҳои одиро дар майдони электромагнитии басомадаш баланд муддати 10-15 дақиқа санҷиданд. Ҳангоми шуоъзании ҳатто хеле паст дили ҳар як қурбоққаи дуюм аз кор монд.
Тобистони соли 2003 олимони шведӣ ҳангоми таҷриба бо калламушҳо, изҳор доштанд, ки шуоҳои мобилӣ дар мағзи сари калламушҳо паёмадҳои ногувор овард. Ҳайвонҳо муддати ду соат зери шуоъи телефонҳои мобилӣ қарор гирифтанд. Баъд аз 50 рӯзи ин таҷриба олимон мағзи сари онҳоро бо ёрии заррабин таҳқиқ намуда, харобшавии рагҳо ва манбаи нейронҳои хушкшударо пайдо намуданд. Чӣ қадаре, ки радиатсияи мобилӣ сахттар бошад, ҳамон қадар зарари расида зиёдтар буд. Хулосаҳои олимон хеле рӯҳафтодакунанда буданд: "Аз эҳтимол дур нест, ки ба мағзи сари одам низ телефонҳои мобилӣ айнан чунин таъсири манфӣ мерасонанд, чунки сохтори он ба мағзи сари калламуш монанд аст".
ЗИЁН БА ОРГАНИЗМ
Телефони мобилӣ на танҳо ба сар, балки ба тамоми узвҳои бадан таъсир мерасонад. Ҳангоми танаффуси байни гуфтугӯҳо бисёре аз мо онро дар ҷайб, баъзан дар наздамон гузошта мехобем. Яъне сарчашмаи зиёди афканишоти электромагнитиро бевосита дар назди худ нигоҳ дошта, организмамонро ба сарбории гароне гирифтор мекунем, ки он боиси сустшавии на фақат системаи марказии асаб, балки пастшавии муқовиматпазирии организм ба ангезандаҳои берунӣ, бактерия ва вирусҳои касалиовар мегардад.

КӮДАКОН БЕШТАР
ЗАРАР МЕБИНАНД
Агар насли калонсол бо телефони мобилӣ дар синни балоғат шинос шуда бошад, айни замон истифодабарандаи телефони мобилӣ кӯдакон мебошанд ва ҷои тааҷҷуб нест, ки падару модарон бо майли том ба онҳо телефони мобилӣ мехаранд, то мунтазам воқиф бошанд, ки фарзандонашон дар куҷоянд ва ба чӣ кор машғуланд. Огаҳӣ аз вазъи фарзандон хуб аст, вале организми обутобнаёфтаи кӯдак нисбат ба одами калонсол зарари бештар мебинад. Азбаски телефонҳои муосир аз ҳад зиёд ба компютер шабоҳат доранд, аниси кӯдакон гаштаанд.
Соли 2005 дар шаҳраки Шерман - Оакси иёлати Калифорния писарбачаи 10- сола ҳангоми дар ҷайбаш таркидани (!) телефони мобилӣ қариб сӯхта нобуд мегашт.
Барои ҳамин тавсия мешавад, ки истифодаи телефони мобилӣ барои кӯдакони то 16-сола маҳдуд карда шавад. Вале бо сабаби он, ки ташаккули мағзи сар якчанд сол идома меёбад, баъди 16-солагӣ низ худдорӣ аз истифодаи телефони мобилӣ ба мӯҳлати бештар, мувофиқи мақсад аст.

МО ҲАМА ДАР МАЙДОНИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ
ҚАРОР ДОРЕМ
Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 5 миллион истифодабарандаи телефонҳои мобилист ва беш аз 6 миллион одам дар мавзеъҳои бо алоқаи мобилӣ фаро гирифта зиндагӣ мекунад.
Ҳангоми кори алоқаи мобилӣ бахшҳои асосии вай - телефони кандуӣ ва истгоҳи базавӣ майдони электромагнитиро ба вуҷуд меоранд. Истифодабарандагони телефони мобилӣ ва одамони ҷои зисташон дар наздикии иншооти алоқаи мобилӣ қарордошта дар ин майдони электромагнитӣ ҷойгиранд.
Гуфтан мумкин нест, ки майдони электромагнитии телефони мобилӣ аз паҳлуи одам мегузарад. Ҳангоми гуфтугӯ бо телефони мобилӣ майдони электромагнитӣ ба бадани одам мегузарад ва пеш аз ҳама ба воситаи бофтаҳои сар - пӯсти бадан, гӯш, қисми мағзи сар, аз ҷумла таҳлилкунандаи биниш, ҷаббида мешавад.
Бояд қайд намуд, ки масъалаҳои танзими истифодаи воситаҳои алоқа, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ, тибқи қонунгузориҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барқ ва алоқа", "Дар бораи таъмини ченаки ягона", "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон", "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ", як қатор қарорҳои Ҳукумат, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, регламентҳои техникӣ ва стандартҳо амалӣ мешаванд.
Аз рӯи асноди меъёриву ҳуқуқии зикршуда маҳсулоти мазкур ҳангоми воридот бояд бо нишондодҳои бехатарӣ тибқи маҷмӯи стандартҳо, аз он ҷумла стандарт дар бораи мутобиқати электромагнитӣ (МЭМ) танзим гардида, ба сертификатсияи ҳатмӣ фаро гирад.
Айни замон истеҳсолкунандагони телефонҳои мобилӣ дар худи асбобҳо ё шиносномаҳояшон истифодабарандагонро аз таъсири зараровари онҳо огоҳ месозанд ва сатҳи нисбии тавоноии афканишоти электромагнитӣ SAR (Specific Adsorption Rate)-ро, ки бо ватт дар килограмми вазни мағзи сари инсон чен карда мешавад, нишон медиҳанд. Дар аксари кишварҳо бузургии 1,6 Вт/кг ҳамчун ҳадди сатҳи имконпазир қабул шудааст. Дар ҳақиқат ҳар қадар тавоноӣ кам бошад, ҳамон қадар зарар камтар аст. Ва акнун телефонҳои мобилӣ бо сатҳи SAR-ашон 2 Вт/кг қариб, ки вуҷуд надоранд. Қиматҳои сатҳи мазкур айни замон маъмулан камтар аз 1,5 Вт/кг-ро ташкил медиҳанд ва аз ҳама такмилёфтаашон бузургии аз 0,5 Вт/кг пастро дороянд.

ТАДБИРҲОИ ЭҲТИЁТИИ ЭМИНӢ КАДОМАНД?
Месазад дар бораи он андешем, ки чӣ гуна худро аз ин хатар эмин дорем:
- ҳангоми харид бояд ба мавҷудияти сертификати мутобиқати ин ё он навъи телефони мобилӣ ва ба бузургии сатҳи тавоноии афканишоти электромагнитӣ (SAR) диққат диҳем;
- бе пеш омадани зарурат аз телефони мобилӣ истифода набарем;
- дар хона ва ё корхона аз телефони одии симдор истифода намоем;
- бештар аз SMS истифода барем;
- истифодаи телефонҳои мобилӣ барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола бояд маҳдуд карда шавад;
- занҳои ҳомила аз давраи муқаррар гаштани аломати ҳамл аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд;
- ҳар чӣ камтар бо телефон гуфтугӯ намоем, гӯшакҳои бесимро истифода намоем, аз рӯи имконият аз алоқаи овоздор истифода барем;
- ҳангоми гуфтугӯ асбобро бо се ангушт ва ҳатман аз қисми поёнияш доштан зарур аст. Агар телефонро бо мушт дорем, тавоноии асбоб тақрибан 70 дар сад меафзояд ва шуоъафкании он низ зиёд мешавад;
- кӯшиш намоем телефонро камтар дар ҷайбамон гузорем, беҳтараш онро дар сумка нигоҳ дорем;
- дар хона онро дар масофаи зиёда аз 70 см аз худ дур гузорем, хусусан ҳангоми хоб ин хеле муҳим аст;
- дар дохили автомашина, нақб ва гаражи филузӣ бо телефони мобилӣ гуфтугӯ ҷоиз нест;

Ҷӯрахон РАҲИМОВ,
сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак
ва аккредитатсияи Агентии "Тоҷикстандарт"
Категория: Общество | Просмотров: 2342 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Октябрь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024