Пятница-Ҷумъа
29.03.2024
15:56
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Апрель » 6 » Танишҳои наздимарзӣ баррасӣ мешавад
Танишҳои наздимарзӣ баррасӣ мешавад
17:13
06.04.2011
Қарор аст раҳбарони ноҳияҳои наздимарзии Исфараву Ботканд барои баррасии танишҳои ахири марзӣ миёни сокинон, гуфтугӯ кунанд.
Неъмат Олимов, раҳбари хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳодисае, ки субҳи имрӯз, 6-уми апрел дар ин минтақаи марзӣ рух дод, ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамдигарро барои кӯшиши дастгир кардани гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ айбдор карданд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса, аз рӯи гуфти шоҳидон, даҳҳо сокинони маҳаллӣ аз ҳарду тарафи марз таҷаммӯъ карданд. Неъмат Олимов гуфт, аз ҷониби Қирғизистон 150 тан ва Тоҷикистон бештар аз 500 нафар гирди ҳам омаданд.

Ба гуфтаи ӯ, раисони ноҳияҳои Исфараву Боткан – Субҳониддин Ашӯров ва Ҳаиталӣ Айкунов мардумро ба оромӣ даъват карда, қарор гузоштанд, ки рӯзи ҷумъаи 8-уми апрел ҳодисаҳои ахири марбут ба танишҳои марзиро дар музокираи вижа баррасӣ кунанд

Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои вижаи Қирғизистон шаби 17-уми март як боғи иборат аз 400 бех зардолуро дар як минтақаи баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон решакан кардаанд. Неъмат Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии “Чоркӯҳ” ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин боғ ба хоҷагии ӯ мансуб буд ва дар харитаҳо ҳамчун қаламрави Тоҷикистон дарҷ шудааст.

НУҚТАИ БАҲС МИЁНИ ДУ ҲАМСОЯКИШВАР

Марзи ноҳияи Исфара бо вилояти Ботканди Қирғизистон аз нуқоти ҳассос ва баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб шуда, бори аввал соли 1989, ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ ба маҳзи даргирии байни сокинони ду сӯи марз, ки се кушта ба ҷо гузошт, вирди забонҳо шуд.

Дар он айём ҳатто раҳбарони вақти ду кишвар Қаҳҳор Маҳкамов ва Абдусамад Масолиев аз ин маҳалли даргирӣ боздид ва ҷонибҳои низоъро ба сулҳу оштӣ даъват карданд.

Аммо тайи, инак, 22 соле, ки аз он рӯёрӯии аввал ва се соле, ки аз охирин даргирии байни сокинони ду тарафи ин марз мегузарад, то ҳол як роҳҳалли муносиб барои ҳамаи ҷонибҳои ин низоъ таҳия нашуда, баҳси заминҳои марзии Исфара ҳамчунон ба як бушкаи боруте мемонад, ки ҳар як шарора метавонад боис ба дигарбора аланга гирифтанаш шавад

Категория: Общество | Просмотров: 769 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
1 эргаш  
0
Салом бародар..Шумодарч намудаед ки таи 22 ин масъала халли худро наёфт агар 10 дахсолаи дигар гузарад ин масъала хал намешавад....чун ки мо ягон рохбари ба халк дилсуз надорем...хама рохбарон аз паси дуздиянд...ман зодаи ин марзам дар хамон гиодихамоихо шахсан олимов хамон мавзеъро азони киргизхо хисобид....аммо халк хакки худро намебахшад....дунё ба уммед рузе мешавад ки хамон киргизи аз ким кучо омада мулки бобоии моро пас мегардонад.....


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Апрель 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024