Пятница-Ҷумъа
29.03.2024
16:32
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2013 » Апрель » 29 » Таниш дар Ворух
Таниш дар Ворух
14:40

  Мақомоти Суғд вазъ дар марз бо Бодкандро «ташвишовар» хонданд

Раёсати корҳои дохилии вилоятии Суғд бо пахши изҳороте, вуқуъи муноқиша дар марзи миёни Тоҷикистон бо Қирғизистонро «ташвишовар» арзёбӣ кардааст.



Зеро ба таъкиди ин ниҳод, дар пайи муноқишаи рӯзи шанбеи 27-уми апрел миёни сокинони деҳаҳои Ворух ва Оқсой, ҳадди аққал чаҳор корманди пулис ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи душанбе 29-уми апрел дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шуд, таъкид гардидааст, ки "Раёсати корҳои дохилӣ аз муноқишаи рухдода дар деҳаи Ворух ва Оқсой ба шиддат нигарон аст ва хостори иқдомоти ҷиддӣ барои ислоҳи вазъ дар ин минтақаи марзӣ аст."

Дар изҳорот сабабҳо ва заминаи рухдодани муноқиша байни сокинони деҳаи Ворух ва Оқсой баҳс бар сари бунёди роҳ аз сӯи қирғизҳо дар канори деҳаи Ворух эълом шудааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар изҳорот омадааст, «минтақае, ки муноқиша ба вуқӯъ омадааст, ба кадом ҷониб тааллуқ доштани ин замин муайян нашудааст ва бар асоси созишномаи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, бояд дар минтақаҳои баҳснок ягон иншоот сохта ва мавриди истифода қарор дода нашавад.»

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки «дар натиҷаи муноқиша ҳадди аққал 4 нафар кормандони интизомӣ чароҳат бардоштанд, ки ду нафари онҳо ҳамакнун дар бемористони шаҳри Исфара бистарӣ ҳастанд.»

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи гузашта, якшанбеи 28-уми апрел аз ин бемористон дидан карда ва бо маъмурони ҷароҳатбардошта аз муноқишаи марзӣ, аёдат кардааст.»

Ҳамчунин бар пояи ин изҳорот, бар асари ин муноқиша, ба мошинаи хидматии С.Қосимов, муовини раиси шаҳри Исфара, низ ҳамла сурат гирифта, ки дар натиҷа ҷароҳати сабук бардоштааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таваҷҷӯҳи аслиро ба умури фаҳмондадиҳии сокинони манотиқи марзӣ, ба манзури ҷилавгирӣ аз эҳтимоли такрори чунин муноқиша равона кардааст.

Дар ин замина ин раёсат аз ниҳодҳои зирабт хостааст, то ҷиҳати пешгирӣ аз вуқуи чунин ҳаводис иқдоми ҷиддӣ ба харҷ бидиҳанд ва бештар миёни аҳолӣ кор баранд.


ҲОДИСАИ АЗ НИГОҲИ ТАРАФИ МУҚОБИЛ

Дар ҳамин ҳол, Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи душанбе ба расонаҳои хабарии ин кишвар гуфтааст, ки Тоҷикистон омодааст зараре, ки бар асари ҳодисаи Оқойи Ботканд ва Исфара ба ҷониби Қирғизистон ворид шудааст, ҷуброн намояд.

Ба қавли намояндаи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, дар ҳодисаи рӯзи шанбе, беш аз 100 нафар сокинони норозӣ аз бунёди як роҳ, роҳсозони қирғизро мавриди латту куб қарор дода, шишаҳои булдозерҳо ва эксваторҳоро шикастаанд. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, «Баъди рух додани ин ҳодиса, дар назди деҳаи Ворух, беш аз 600 тоҷик ва аз ҷониби деҳаи Оқсойи Қирғизистон, 60 қирғиз ҷамъ омаданд.»

Ин манбаъ меафзояд, ки баъд аз он, ки марзбонони тоҷик ба ҳаво тир кушоданд, аз ҷониби Қирғизистон 7 ҳазор ва аз ҷониби Тоҷикистон 4 ҳазор нафар сокинони Исфара ҷамъ шуда, дар тарафи роҳ сангар гирифтаанд

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз рӯи ҳодисаи мазкур 8 парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми «дуздӣ», «авбошӣ» ва «огоҳона расонидани зарар», боз кардааст
Категория: Общество | Просмотров: 2614 | Добавил: sohil | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
1 sohil  
0
Сиёсати кунуни Точикистон мардумро дар холатхои ногуговор карор медихад.Танишхои
шуда истода дар марзи Исфара ва хусусан дар Ворух ба дили хар як сокинон хиси
нобоварие аз тарафи макомоти давлати чой медихад.Дар вакти таниш хамаги як чанд
нафар асакари точик дида мешуду халос.Аз тарафи Киргиизистон бошад шумори
беадади аскарон ва гурухои фаври дида мешуд,ки ин нишондихандаи куввахои
муссалахи хамосоя кишвар аст.Чаро мо китъаи замини мероси ва миллати худро хифз
карда наметонем?Чаро макомот дидаву дониста ба ин китъаи марзи ахмият
намедихад?Чаро дар вакти зимистон ахли деха аз барк махруманд ,ки сокинони 1500
нафараи Киргизистон аз барки доими худ халоват мебаранд.Чаро рохи мошингарди
байни давлати таъмиру навсози намегардад,ки ин як шаъни мардуми дехаро паст
мезанад дар назди хамсоя кишвар.Чаро кубурхои обе,ки гуё аз марзи кишвараи
хамсоя мегузарад  беягон пурсиш  кубурхои обро шикоф намуда бо рохат истифодамебаранд,хол он ки ин об бояд то шахраки Шуроб расад,вале сад афсус,ки рафта
намерасад ва шахраки Шуроб ба як харобазоре табдил ёфтааст.Макомоти Киргизистон
барои 1500 нафар шуда хати баркро аз сархади ТЧ гирифтанд.Анакнун рохро
сохта,худро аз тобеъи ТЧ бароварданианд,ки ин дар як мухосира мондани китъаи
Ворух аст, хамдиёрон.Мо бояд бетараф набошед,чун ин доги руз имруз дар
мост,фардо дар шумо хохад буд.

Проблемахои кунунии Ворух:

Рохи  байни давлати,ки аз марзи Киргизистонмегузарад бояд таъмин шавад.Барк дар китъаи Ворух бояд,ки доими бошад,чун дар
хама холатхо шуъбахои телефони ва беморхонахо кор кунад.Кубурхои об таъминкунандаи
дехаи Ворух солхои 65-70 сохта шудааст,ки холо пусида барои замин минерал
шудааст , ки ба навзоси мухточ аст.Бемористони деха бояд,ки  бо лавозимоти тибби ва бо кадрхои тачрибаноктаъмин шавад,чун дар холати махкам намудани марз мардуми деха дар муосира
мемонад ва беморонро (занони хомила)-ро ба шахри Исфара бурда расонидан гайри
имкон мегардад.Заминхои мероси,ки як кисмате дар дасти хамсоя кишвар аст
баргардонда шавад.Хамагуна аскархои хамсоя кишвар аз куххои Ворух бароварда
шавад.Дар вакти чарондани мол ва ё барои ба хезум баромадан сокинони ин дехаро
аскарони хамсоя кишвар дастгир намуда лату куб менамоянд.

Охир сухан:

Он вакт худро сохиб истиклол гуфта метавонем,ки агар хар як порчаи замини худро бо миллаташ хифз карда тавонем.Боки
ба хамаи миллати Точик якдигар фахми ва ору номуси милли хохонам.Бояд, хар як
пораи заминро хифз кунем ва барои насли оянда мерос гузорем.


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Апрель 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024