Понедельник-Душанбе
06.05.2024
20:59
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 9 » Таҳсили духтарон чаро дастнорас аст
Таҳсили духтарон чаро дастнорас аст
15:54
Ба таҳсил фарогир набудани духтарони ноҳияҳои дурдаст боиси ташвиш аст. Ҳамарӯза дар бораи бо таҳсил фарогирифтани духтарон чӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва чӣ дар радиову телевизион менависанду мегӯянд, талқин мекунанд. Аммо натиҷае ба назар намерасад. Зеро дар аксари деҳоти дурдаст ҳол мисли пешин аст. Волидон духтаронашонро пас аз хатми мактаби миёна барои давом додани таҳсил дар мактаби олӣ иҷозат намедиҳанд. Бархе аз онҳо шиква доранд, ки сатҳи иқтисодии оила барои ин даст намедиҳад. Вале ёдовар шудани ҳастем, ки барои духтарони деҳоти дурдаст квотаи президентӣ пешбинӣ шудааст ва барои гирифтани ин квота касе талош надорад. Ин ҳолатро дар деҳаи Ревоти ноҳияи Айнӣ мушоҳида намудем. Тавре сарвари мактаби МТМУ рақами 10 уми ҳамин деҳа Мӯсо Ализода қайд намуд: «Дар даҳсолаи охир тахминан 190 нафар ҷавондухтарон мактаби миёнаро хатм намуданд, ки аз миёни онҳо ақалан 10% ба хондан нарафтанд, яъне ҳамагӣ 10 нафар таҳсилро дар донишгоҳҳо давом доданд.» Дар давоми сӯҳбат ӯ иброз дошт, ки: «соли гузашта 3 нафар ба таҳсили донишгоҳҳо фаро гирифта шуданд, мутаасифона имсол касе аз духтаракони деҳа ҷуръат накард. Аз тарафи шӯъбаи маъорифи ноҳия 2 квота пешниҳод гашта буд, вале касе ба он талош накард». Оид ба фаро нагирифтани духтарон як тан модар, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, чунин ибрози андеша намуд. Мо волидон аз он меҳаросем, ки чун духтарон аз назорат дур монданд, ҳар чӣ ки хостанд ҳамон мекунанд. Ва намехоҳем, ки онҳо боиси рехтани обрӯи мо гарданд. Имрӯз чун дар шаҳр қарор дорам ва мебинам, ки сару либоси ҷавондухтарон чӣ гуда аст... Ва ба чӣ кор машғуланд. Албатта ин ба тарбия вобаста аст, вале гуфтаанд, ки сиёсат нисфи давлат. Чун дар пеши назар аст хоҳу нохоҳ сиёсат хоҳем кард», гуфт зан.
Мӯсо Ализода дар анҷоми сӯҳбат қайд намуд, ки «оқибати ин рафтори волидн пеш аз ҳама ба фарзанди худ таъсири манфӣ мерасонад, зеро дар натиҷаи зуд ба шавҳар додан, оқибат то оилавайронӣ мерасонад. Зеро духтаракони маълумоти олӣ нагирифта, наметавонанд дар ҷое фаъолият баранд ва оилаи хешро таъмин намоянд. Аксар он оилаҳое, ки хонавайрон шудаанд ҷавондухтарони таҳсилнадидаанд. Хуб мешуд, ки волидон ба ин масъала ҷиддӣ аҳамият медоданд, зеро духтарон тавлидгари насли ояндаанд ва тарбиятгаранд. Аз модари бесавод чӣ гуна фарзанди хуштарбияро умед карда метавон».
Қодиров Субҳиддин
Категория: Культура | Просмотров: 1120 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024