Аммо Сӯҳроб Шарипов, раҳбари собиқи маркази таҳқиқоти стротегӣ, ки ба бовари маҳофил, маҳз ба далели забони сурхаш аз раёсати ин ниҳоди таҳлилии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумон “бадарға” шуд, мегӯяд, ҳадафи тағйироти ахир ислоҳоти фарогир набуд, балки ҷойивазкуниҳои ахири кадриро бояд аз зовияи комилан дигар таҳқиқ ва арзёбӣ кард: “Мақсади асосии дигаргуниҳои кадрӣ нигоҳ доштани сулҳу субот, асосан субот дар ҷомиа аст, на роҳандозии ягон ислоҳоту тағйироти куллӣ. Ин пеш аз ҳама ба аҳдоф ва иродаи сардори давлат вобаста буда, тағйироти анҷомшуда барои ягон навъ ислоҳоти инқилобӣ равона нашудааст, балки фақат ҳифзи рушди устувор ва суботи ҷомиаро ба ҳадаф дорад.”
Сеяки ҳукумат аз Данғара
Бино ба ҳолномаи расмии вазирони тоҷик, ки дар сайти раиси ин ҷумҳурӣ нашр шудааст, беш аз нисфи курсиҳои кобина, аз ҷумла тамоми вазоратхонаҳои қудратӣ, дар дасти намояндагони минтақаи Кӯлоб буда, сеяки аъзои ҳукумат зодагони танҳо як ноҳияи Данғара – зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмонанд. Баъди имзои созишномаи сулҳ, вазорати ҳолоти изтирорӣ ба намояндаи водии Рашт дода шуд ва 3 сол пеш Қаҳҳоров вазири умури дохилӣ шуд, вале дар пайи тағйироти ахир, ин ду вазорат низ ба дасти намояндагони Кӯлоб баргашт. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки бо Радиои Озодӣ аз Маскав сӯҳбат мекард, бо интиқод аз такяи мақомот ба асли маҳаллу таборгароӣ дар интихоби кадрҳо гуфт: “Усули интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ислоҳ нашуд, мисли пешина монд. Манзури ман пеш аз ҳама ба инобат гирифтани мансубияти маҳаллӣ ва наздик будан ба зодгоҳи раисиҷумҳур аст. Ба вазоратҳои қудратӣ ин бор намояндагони як маҳал бо назардошти садоқаташон таъйин шуданд. Шояд ин ба интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурӣ рабт дошта бошад, то роҳи боз як давраи раёсатро барои Эмомалӣ Раҳмон ҳамвор кунанд.”
Вале Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, масъала дар интихобот нест, балки чолишҳои ҷиддитаре, аз ҷумла бесуботии вазъи Русия ва муовини сарвазираш шудани Дмитрий Рогозини қавмгаро, идомаи мушкилот бо Тошканд, хуруҷи анқариби нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, бозиҳои нави геополитикӣ дар минтақа ва афзоиши фишори кишварҳои дуру наздик Душанберо ночор мекунад, то дигарбора ба кадрҳои қадим ва озмудашудае, чун Хайриддин Абдураҳимов ва Рамазон Раҳимов рӯ биорад. Вале Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, давлат барои муқобила ба чунин чолишҳо бояд баръакс ақшору аҳзоб ва минтақаҳои мухталифро бештар ҷалб мекард, то мардум ҳам дар рӯзҳои сахт бо ҳукумат аз як гиребон сар барорад.
Ҷавонон то куҷо ояндаи моянд?
Масъалаи дигари сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон ҷавонсозӣ ва ҷалби кадрҳои ҷавон ба мақомҳои аввали раҳбарист. Феълан синни фақат 3 узви ин ҳукумат - вазири иқтисод Фаррух Ҳамралиев ва руасои кумитаҳои сармоягузорӣ ва радиову телевизион Давлаталӣ Саидов ва Асадулло Раҳмонов аз 45 поин аст. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ҳамасола донишгоҳҳои хориҷиро даҳҳо донишҷӯи тоҷик хатм мекунанд, вале ҷавви ҳоким бар сиёсати кадрии Душанбе чунон аст, ки ба ин қишр то ҳол маҷоли роҳ ёфтан ба сутуҳи баланди давлатиро намедиҳад.
Ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ бар ин назар аст, ки омода кардани кадрҳои ҷавон вазифаи зотии ҳар ҳукумат аст: “Ҳар ҳукумате ки ободии кишварашро мехоҳад, бояд ба кадрҳои ҷавон на фақат роҳ кушояд, балки бояд худ онҳоро биҷӯяд, биёбад ва тарбия дода, ҷобаҷо кунад. Наистем, ки мо аз дунё гузарем ва баъд онҳо бигиранд.”
Тоҷикистон чанд “раис” дорад”
Феҳристи тӯлонии афроде, ки дар ин авохир ба мақомҳои мухталиф дар идороти давлатии Тоҷикистон таъйин шуданд, суолеро ҳам эҷод кард, ки оё ин кишвар чанд “раис” дорад? Бино ба омори расмӣ, шумори ходимони давлатии Тоҷикистон дар ин авохир тақрибан ҳазор нафар афзуда, ба 19 000 наздик шудааст. Вале ин омор марбути асосан идораҳои марказист ва артиши бузурги милисаву низомиҳо ва ҳазорон нозири ниҳодҳои мухталифи назоратӣ – аз идораи газу барқу сӯхтор то "Тоҷикстандарт"-ро, ки ҳар кадомаш метавонад бо талаби ҳаққи худ болои сари мардуми оддиро бигирад, дар бар намегирад. Шокирҷон Ҳакимов, ки сохторҳои давлатии Тоҷикистонро низ таҳқиқ кардааст, мегӯяд: “Сохтори ҳокимият номукаммал аст ва ба ин хотир, самарбахш ва ҷавобгӯи талаботи як ҷомиаи муосир нест. Гузашта аз ин, тавони иқтисодии Тоҷикистонро низ ин сохтор ба инобат нагирифтааст. Баъзан бо баҳонаи сохтори идорӣ кӯшиши ислоҳот мекунанд, вале шумори идораҳои давлатӣ ва кормандонаш кам намешавад. Баръакс онҳо бо ҳар ному шакл аз нав зуҳур мекунанд.”
Чунин ҳол пурсиши дигареро ҳам дар зеҳнҳо халқ мекунад, ки оё барои кишвари фақиру дастнигари кӯмакҳои хориҷие, чун Тоҷикистон, ҳифзи 17 вазорату чандин кумитаи давлативу назди ҳукумат ва теъдоди ҳангуфти идораҳои дигари сатҳи пойинтар ва аз ҳисоби давлат, яъне дар ниҳояти амр, аз ҳисоби мардум, пардохтани ҳам маошу ҳам боқӣ масорифи кори ин ҳазорон “раис”-и хурду бузург то куҷо коре дуруст аст?