Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
19:38
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Ноябрь » 20 » Таҷҳизоти Роғун аз роҳи ҳавоӣ ворид хоҳад шуд
Таҷҳизоти Роғун аз роҳи ҳавоӣ ворид хоҳад шуд
08:09
Масъулони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун мегӯянд, дар ворид намудани мошинолот ва таҷҳизоти лозим барои идомаи сохтмони Роғун аз тариқи Узбакистон ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд ва қасд доранд, тавассути роҳҳои алтернативӣ таҷҳизоти зарурӣ барои идомаи сохтмонро ворид кунанд.

Нурулло Шулашов, раиси сохтмони Роғун дар сӯҳбате бо Озодӣ гуфт, ки Узбакистон ҳамчунон молҳои мавриди ниёзи сохтмони Роғунро иҷозаи убур аз қаламрави худ намедиҳад ва масъулини ин сохтмон маҷбуранд, барои ворид намудани таҷҳизот аз роҳҳои дигар, аз ҷумла аз роҳи ҳавоӣ истифода кунанд.

Ин таҷҳизот ва мошинолот ба гуфтаи оқои Шулашов эҳтимолан аз тариқи ҳарими ҳавоии Афғонистон вориди Тоҷикистон шавад.

Нурулло Шулашов мегӯяд, ки шиддати корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Роғун ба далели норасоии маслоҳели зарурӣ барои идомаи сохтмон коҳиш пайдр кардааст.

Нурулло Шулашов, раҳбари сохтмони неругоҳи Роғун гуфт, аз аввали соли равон то кунун Ӯзбакистон иҷозаи убури вагонҳои марбут ба нерӯгоҳи Роғунро надодааст.

Узбакистон ба сохтмони неругоҳи Роғун ба шиддат мухолиф аст. Мақомоти он кишвар даъво доранд, ки дар сурати анҷоми сохтмони обанбори неругоҳи Роғун бо баландии 335 метр заминҳои зиёде дар кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон ба биёбон табдил мешавад.

Аммо Тоҷикистон чунин даъворо рад мекунад ва мегӯяд, ки қасд надорад маҷрои оби рӯдхонаҳоро барои ҳамсояҳои худ бибанданд. Ва сохтмони неругоҳои Роғун ба нафъи кишварҳои поёноб низ ҳаст.

Давлати Тоҷикистон ҳамчунон ба қасди худ барои сохтмони Роғун идома дода ва дар буҷа соли ояндаи кишвар ҳудуди 200 миллион доллар барои сохтмони Роғун ихтисос додааст.

Категория: Экономика | Просмотров: 767 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Ноябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024