Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
13:27
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Октябрь » 11 » «СУПЕРКЕЛИНЧАК» ШУДАН МЕХОҲЕД?
«СУПЕРКЕЛИНЧАК» ШУДАН МЕХОҲЕД?
07:51
Фирӯзаро баъди ду моҳи оиладорӣ шавҳару хушдоманаш аз хона ронданд. Онҳо ӯро ба хотири зебоиаш интихоб карда буданд, вале баъд маълум шуд, ки ягона бартарии ӯ ҳамин ҳусну ҷамолаш будааст. Ӯ дар иҷрои корҳои хона ноӯҳдабаро буд, хӯроки болаззат пухта наметавонист, нонро месӯзонд. Дар баробари ин, забони хуш надошт. Вақте хушдоман ба корҳояш эрод мегирифту чизеро ба ӯ омӯхтанӣ мешуд, нописандона ба сухани ӯ гӯш намедод ва ба модараш хабаркашӣ карда, ӯро чанд бор бо хушдоманаш дар ҷанҷол андохт. Азбаски аққалан бо шавҳараш забон ёфта натавонисту ҳурматаш накард, шавҳараш дилмонда гардид ва аз ӯ ҷудо шуд.
Мутаассифона, чунин ҳодисаи пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар ҷомеаи имрӯза зиёд ба назар мерасад. Соҳибназарон яке аз сабабҳои бештар шудани талоқро дар омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва сатҳи пасти маърифати оиладории онҳо медонанд. Сабаби дигараш коҳиш ёфтани арзишҳое, чун оила, муҳаббат, садоқат ва суннатҳои миллист.
Аз ин хотир, чанд моҳ боз Маркази омӯзишии «Кошона» лоиҳаи «Суперкелинчак»-ро амалӣ менамояд, ки ҳадафи он омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ мебошад. Дар курсҳои омӯзишии ин марказ кадбонуҳои ҳунарманд ба духтарон пухтани нону кулчақанд ва ғизоҳои гуногун, хӯрокпазӣ, ороиши дастурхон, дарзмол ва дигар корҳои хонаро меомӯзонанд. Ҳамзамон равоншиносон духтаронро бо нозукиҳо ва асрори муносибат бо шавҳар, хушдоман ва дигар аъзои хонавода ошно менамоянд ва маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Дар баробари ин ба духтарон тарзи интихоби либос, ороиши мӯй, масҳи бадан, ёрии аввалини тиббӣ, қоидаҳои беҳдошт ва ҳатто рақсу таронахонӣ омӯхта мешавад, то ки арӯс дар хонаи шавҳар тавонад аз ҳама ҷиҳат писандидаву ҷаззоб бошад.
Роҳбари лоиҳа Зулайхо Эгамова мегӯяд, имрӯз мақоми оила то андозае коҳиш ёфтааст ва бисёр суннатҳои миллии мо аз байн мераванд ва ҷавонон аз моҳияти онҳо огоҳии комил надоранд. Ҳадафи мо эҳёи ин расму оинҳо, ба ҷавонон омӯзонидани моҳияти онҳо ва барпо намудани оилаҳои устувор аст. Тавре ки мушоҳида мегардад, ҳоло духтарон бо андак гап қаҳр карда аз хонаи шавҳар мераванд, муносибати занушавҳариро хуб намедонанд. Мо кӯшиш мекунем духтаронро аз ин ҷиҳат бомаърифат гардонем ва онҳо ҳар мушкилиеро, ки дар муносибат бо атрофиён пайдо мешавад, бартараф карда тавонанд. Ҳар як курси омӯзишӣ ду моҳ давом мекунад ва хоҳишмандон зиёданд. Ба курсҳо духтарони аз 15-сола боло қабул карда мешаванд ва ҳатто занҳои кӯдакдор низ хоҳиш доранд, ки аз ин курсҳо баҳравар шаванд.
Парвина, модари Нилуфар ном духтараке, ки аз ин курсҳои омӯзишӣ бархурдор шудааст, аз натиҷаи омӯзиши духтараш қаноатманд аст. Ӯ мегӯяд, дар хона на ҳамеша фурсат мешавад, ки ба духтарат корҳои хонаро омӯзонӣ, чизҳои заруриро фаҳмонӣ, вале дар ин мактаб онҳо аз мутахассисони ботаҷриба муҳимтарин ҷиҳатҳои ҳаёти оилавиро меомӯзанд.
Баъди анҷоми курси омӯзишӣ духтарон ҳамроҳи мураббияҳояшон тарзи баргузории маросими «Рӯбинон»-ро ба модарҳояшон ва дигар меҳмононе, ки ба ин маҳфил даъват шуда буданд, намоиш доданд ва ҳамзамон ҳунарҳои омӯхтаи хешро ба онҳо муаррифӣ намуданд.
Духтарон пероҳани арӯсии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро ба бар карда, тарзи гузаронидани маросими «Рӯбинон», рамзу моҳияти ҳар як амале, ки дар ин маросим анҷом дода мешавад, ба ҳозирон шарҳ медоданд. Масалан, нахуст рӯймоли сари арӯсро кӯдаке бо шохи дарахти мевадор мегирад ва рӯи арӯсро мекушояд ва ин амал ба хотири он аст, ки арӯс низ дар оянда модар шавад. Баъди ин хешовандон ба арӯс ҳадяҳои худро месупоранд. Сипас арӯс равған рехта, каме хамир омода менамояд, ки ин ифодагари баризқ гардидани арӯс ва фаровонӣ дар хонадон аст. Дар охир ҳар кадоме аз духтарон рақсеро пешкаши ҳозирон намуданд.
Вақте ки ман аз мавҷуд будани чунин мактаби омӯзишӣ ба чандин ҳамсӯҳбатони худ нақл намудам, ҳамагон ин иқдомро хеле хуш пазируфта иброз доштанд, ки чунин марказҳо бояд дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шавад ва ба ин васила ҷудошавии оилаҳои ҷавон то андозае пешгирӣ гардад. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки бояд чунин курсҳои омӯзишӣ барои ҷавонписарон ҳам созмон ёбад, зеро бархе аз онҳо низ бо ҳаёти оилавӣ саҳлангорона муносибат мекунанд.
Аноҳито
Категория: Общество | Просмотров: 1720 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024