Пятница-Ҷумъа
26.04.2024
10:00
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2013 » Май » 1 » Сокинони Ворух: Мо то ҳол хавотирем
Сокинони Ворух: Мо то ҳол хавотирем
11:39

Сокинони Ворух: Мо то ҳол хавотирем

Сокинони Ворух мегӯянд, нигаронии онҳо аз эҳтимоли такрори муноқишаи рӯзи 27 апрел ҳанӯз рафъ нашудааст.


 


Дар ҳоле ки мақомоти ҷамоати Ворух ва ноҳияи Исфара мегӯянд, вазъ дар ин минтақаи марзӣ ба эътидол омада ва ором шудааст, сокинони Ворух мегӯянд, ки аз такрори муноқиша сахт дар хавотиранд. Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Ворух, аз рӯзи 27апрел ба ин сӯ  касе аз мақомоти ноҳияи Исфараву вилояти Суғд аз ҳоли онҳо хабар нагирифта, аз мушкилашон напурсидааст.

Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух рӯзи 30 апрел ба Озодӣ гуфт, ки пас аз муноқиша вазъ муъхтадил гаштаву сокинони ин ҷазирақаламрав бидуни мушкил ба сӯи Исфара равуо доранд: "Дар нақша ҳаст, ки раиси ҳукумати Исфара имрӯз ё пагоҳ омада бо сокинони Ворух вохӯрӣ баргузор кунад.”

Раиси ҷамоати Ворух ҳамчунин гуфт, аз созиш ва тасмими ҷониби Бодканд  сари идома ё таваққуфи роҳи мошингард аз канори Ворух, ки монеъ шудани сокинон ба сохтмони он ба муноқиша сабаб гашт, хабар надорад. Вале сокинони Ворух  тасмим гирифтаанд ба бунёди он раҳ надиҳанд, зеро ин роҳро дар минтақаи баҳсие бунёд карданианд, ки  қаблан мақомоти Бодканд ворухиёнро аз обод кардани ин минтақа манъ карда буданд.

Хусрав Маҳкамов, раҳбари кооперативи истеҳсолии "Ворух” ба Озодӣ гуфт, сокинон аз номуайянии вазъ ва ин ки касе аз раҳбарони ноҳия аз ҳолашон напурсид, сахт озурдаву нигаронанд: "Роҳбарон то сарҳад омаданду бо қирғизҳо чӣ созишу муросое карда рафтанд. Фақат шаби дуюми баъди муноқиша як полковник, ки насабашро намедонам, бо гурӯҳе наздамон омада, дилпур карда рафтанд, ки худдорӣ кунем, вазъро ором мекунанду роҳро мекушоянд. Дигар  аз ҳукумат касе наздамон наомадааст. Ҳозир мардуми Ворух, ки аз 30 ҳазор бештарем, сахт хавотиранд. Тоқати ҳама тоқ шудааст. Чунки ҷониби Бодканд дар сар задани муноқиша яктарафа фақат моро гунаҳкор карда истодаанд. Онҳо талаб доранд "КАМАЗ” – и онҳоро таъмир карда диҳем. Аммо дар бораи ҷуброни зарарҳои ба мо расонидаашон, масалан, таъмири чанд нақлиёти харобкардаашон, хомӯшанд.   Роҳбарҳо бояд оқилона кор кунанд. Аммо то ҳол мо намедонем тарафи моро ҳам касе ҳимоят мекунад ё не? Нигаронии асосии мо аз ҳамин аст.” 

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳои қирғиз, мақомоти Бодканд ба тоҷиронаш дастур додааст, ки бо тоҷикони наздимарзии Исфара харидуфурӯш накунанд. Раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амиров имрӯз дар сӯҳбат бо Озодӣ ин хабарро радд кард ва гуфт, бозорҳо танҳо тайи ду рӯзи муноқиша баста буданд ва ҳоло дубора фаъол шудаанд. Оқои Амиров гуфт, қарор аст, рӯзи 3 май дар Исфара музокироти навбатии ҳайъатҳои вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон доир шавад.

Сокинони Ворух ҳам мегӯянд, аз ин тасмими мақомоти Бодканд хабар надоранд, вале дар ҳоли ҳозир  тоҷикону қирғизҳо бо ҳам тиҷорат доранд ва бензинфурӯшиҳои Бодканд дар сари роҳҳо аз Ворух то Исфара фаъол аст ва пули тоҷикӣ, яъне сомониро низ қабул мекунанд.

Ҷамоати Ворух бо 31 000 аҳолии тоҷикаш дар баробари Сӯху Шоҳимардон, ки ба Узбакистон тааллуқ доранд, вале аксари аҳолии ин ду минтақа низ тоҷиконанд, яке аз се ҷазирақаламравест, ки аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор доранд. Баҳси обу замин дар Ворух дар солҳои 1982, 1988, 1989 ва 2003 низ мунҷар ба муноқишаҳое байни тоҷикҳову қирғизҳо шуда буд.

Категория: Общество | Просмотров: 1515 | Добавил: sohil | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024