Пятница-Ҷумъа
26.04.2024
12:13
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2013 » Декабрь » 27 » Сокинони Хоҷаи Аъло дар бораи буҳрони Ворух
Сокинони Хоҷаи Аъло дар бораи буҳрони Ворух
10:26


Сокинони Хоҷаи Аъло дар бораи буҳрони Ворух


Як гурӯҳи сокинони рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара, ки дар марзбо вилояти Бодканди Қирғизистон воқеъ мебошад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ диди худ ба роҳҳои ҳалли масъалаи Ворухро матраҳ карданд.

Акс аз бойгонӣ


Ҷ
амоати Ворух, ки бо беш аз 30 000 аҳолиаш аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон мондааст, танҳо дар соли 2013 чор дафъа ба нуқтаи доғ табдил ёфт. Ва ҳар дафъа
танишҳо дар атрофи Ворух боиси баста шудани танҳо роҳе мешуд, ки ин ҷазирақаламравро бо боқӣ манотиқи ноҳияи Исфара мепайвандад. Охирин  таниш дар атрофи Ворух дуруст дар ҳафтаи гузашта пеш омад.



Аҳолии рустоҳои қирғизӣ ба нишони эътироз ба сӯхтор дар як чойхоначаи
воқеъ дар ин маҳалла, ки ба як соҳибкори қирғиз тааллуқ дошт, гирди ҳам
омада, роҳи Ворухро бастанд. Онҳо талаб карданд, ки ҷониби Тоҷикистон ба
сохтани роҳи Оқсой –тамдиқ, ки аз қисмати баҳсии марз мегузарад, иҷозат
диҳад. Мақомоти тоҷик ин талабро рад мекунанд.


Роҳи Ворух баъди се рӯзи танишҳо аз 20 декабр дигарбора боз шуд, вале
мушкили ин ҷазирақаламрав, ки чанд даҳсола боз идома дорад, ҳамчунон
ҳалношуда боқӣ мемонад.

Се сокини рустои Хоҷаи Аъло – Зафар Тӯйчиев, Маъруф Умаров ва Мурод Тӯйчиев
-  дар як  сӯҳбати мизигирди Радиои Озодӣ дар бораи решаҳои ин мушкил
ва муҳимтар аз он, роҷеъ ба роҳҳои ҳалли масъала ва эҷоди шароите, ки
мардумони тоҷику қирғизи муқими ин сарзамини баҳсӣ битавонанд дигарбора
дар канори ҳам мисли дӯсту бародар зиндагӣ кунанд, сӯҳбат мекунанд.

Ҳамсӯҳбати мо мӯътақиданд, ки  тоҷикону қирғизон бояд роҳи ҳалли
дарозмуддатеро дар масъалаи Ворух пайдо кунанд ва мегӯянд, чунин роҳи
ҳал вуҷуд дорад.


Категория: Общество | Просмотров: 3391 | Добавил: sohil | Рейтинг: 5.0/6 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Декабрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024