Понедельник-Душанбе
29.04.2024
20:50
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 21 » «ШАБИ ВАСЛ» ВА ХОЛАҲОИ ПОСБОН
«ШАБИ ВАСЛ» ВА ХОЛАҲОИ ПОСБОН
09:51
ё арӯсу домод дар шаби васл ба посбон эҳтиёҷ доранд?
Кист, ки шаби аввалини издивоҷашро бо таппиши дилу хаёлҳои ширин ёдоварӣ накунад?
Агар домоду арӯс пешакӣ шинос бошанд, мушкилоте дар гуфтугӯ ва маъқулу номаъқул будан ҷой надорад, аммо ҳамдигарро дар зери чодар бори аввал бинанд, дасту по мехӯранд, шубҳаю тахминҳо домони андешаҳояшонро сар намедиҳанд.
Як падидаи номатлуби дигар посбонҳои пушти чодари арӯсанд, ки то ҳол дар аксари маҳалҳои мо ин одат вуҷуд дорад.
Як шиносам нақл кард, ки писари навдомодаш алайҳи холаҳои «посбон» шӯридааст ва шарт гузоштааст, ки то онҳо аз хона нараванд, назди занаш намедарояд. Ва ба мақсадаш расидааст.
Азбаски ҳафтавори мо «Зан ва мард» ном дораду кӯчактарин масъалаи вобаста ба муносибати марду зан моро бетараф намегузорад, дар дилам хоҳише пайдо шуд, ки ин мавзӯъро пайгирӣ кунам.
Саволи мо ба ҳамсӯҳбатонам чунин буд: Арӯсу домод дар шаби васл ба посбон эҳтиёҷ доранд?

АЙБ АСТ – Е!
Шукри Худо, ки дар байни мардуми зодгоҳи мо чунин амал вуҷуд надорад. Даҳ – бист сол пеш як хешованди арӯс баъди анҷоми маърака дар хонаи домод мемонд, аммо дар пушти чодар нею дар хонаи дигар ҳамроҳи аҳли хонадон хоб мерафт. Саҳар чеҳраи қаноатманди домод аз иффати арӯс хабар медод, вассалом! Имрӯзҳо бошад, ин одат аз байн рафтааст ва хеле хуб ҳам шудааст, айб аст-е! – изҳор дошт Хонимгул Расулова, сокини вилояти Хатлон.

ШОҲИДОН ЗАРУРАНД!
Агар посбонӣ дар шаби васли домоду арӯс ягон ҳикмат намедошт, гузаштагону бибиёнамон онро анъана намекарданд. Аввал ин ки домоду арӯси бачилларо танҳо гузоштан хосияти хуб надорад. Баъд бисёр шудааст, ки духтарони бегуноҳ ба тӯҳмати ноҳақ гирифтор гашта, бадбахт мегарданд. Ман ҳодисаеро медонам, ки духтараки боодоберо баъди шаш моҳи арӯсӣ нодухтар гӯён аз хона пеш карданд. Агар шаби аввали издивоҷи эшон шоҳидон ё ба қавли шумо посбонон мебуданду нишонаи покии духтаракро медиданд, кор бо бадномӣ анҷом намеёфт, андеша дорад Моҳбибии Башир, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

ИН ШАРМАНДАГИСТ!
Ману шавҳарам якдигарро дӯст дошта, оила бунёд намудем. Шаби аввал рахти хоби моро зери чодар партофтанду пушти он холаи ману аммаи домод чой хӯрда сӯҳбаткунон менишастанд.
Шавҳарам ба ман гуфт, ки орому осуда бихоб ҷавоби холаҳои чойхӯракро худам медиҳам.
Хулоса, он шаб ҳарду чун барача фашшосзанон хобидему саҳар шавҳарам як ангушташро каме захмӣ намуда, ба рӯйҷои сафед молида рӯи бистар гузошт.
Холаҳоро бо тӯҳфаҳои зиёд гусел намудему онҳо бо табъи болида рафтанд.
Чанд рӯз пас холаам хӯрок пухта ба дидорбиниям омад ва оҳиста ба гӯшам гуфт:
- Рӯта сафед кардӣ, он шаб тинҷакак хоб рафта будед...
Ба андешаи ман ин одати бисёр баду берун аз одоб аст, охир мо ҳайвон нестем, ки дар ҳузури дигарҳо бо ҳам омезем. Ин анъанаи номатлубро хотима бояд дод, аввалин қадамро дар ин ҷода бояд занҳои калонсол гузошта, ҷавонтарҳоро низ ба ин талқин кунанд, – гуфт донишҷӯи ДДОТ Гулмира Қаршиева

ДУХТАРОИ ҲОЗИРА ОФАТАНД
Ин одат шояд аз давроне боқӣ мондааст, ки мардум саводи кофӣ надоштанду духтаронро ноболиғ ба шавҳар медоданд. Ёд дорам аммаи раҳматиям нақл мекарданд, ки дар 12 – солагӣ духтарчадор шудаму кӯдакро ба хушдоманам гузошта, рӯзҳои дароз дар болои бом бо духтарчаҳо, ки баъзеи онҳо низ шавҳардор буданд, з очабозӣ мекардем.
Ҳоло чӣ?
Духтарон ба 18-20, ҳатто 30-40 даромада баъд шавҳар мекунанду аз ҳама бало хабардоранд. Чӣ ҳоҷати посбонию доғ дар рӯйҷои сафед кофтан? Мо дар асри 15 зиндагӣ намекунем – ку?! – андеша дорад Мунаварра Салимова омӯзгор.


Категория: Культура | Просмотров: 3366 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024