Воскресенье-Якшанбе
05.05.2024
09:08
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 15 » Серзанагӣ ба ҳукми қонун медарояд… душавҳарӣ чӣ?
Серзанагӣ ба ҳукми қонун медарояд… душавҳарӣ чӣ?
11:38
Акси садо:
- Занҳо предмети шаҳвонианд? Cерзанагӣ аз давраҳои қадим дар байни бисёр қабилаҳо паҳн шуда буд. Библия вобаста ба вазъият серзанагиро дар аҳди қадим дастур додааст. Масалан, бевазани бекӯдак бояд ба бародари шавҳари худ, ҳатто агар ӯ аллакай зан дошта бошад, хонадор шавад. (Ҳастӣ 38:8-10) Инчунин дар баъзе сарчашмаҳо гуфта мешавад, ки ҳазрати Сулаймон (а) 700 зани қонунӣ ва 300 хизматгордухтар доштааст. Падари ӯ Довуд (а) низ соҳиби занони зиёд буд. Ҳатто дар китобҳои ҷудогонаи Библия қайд қайд карда мешавад, ки мероси падарро байни фарзандони занҳои гуногун чӣ гуна бояд тақсим намуд. Ягона чизе ки маҳкум мегардид, ин баробар ба занӣ гирифтани ду хоҳар мебошад. Китоби Талмуд гирифтани танҳо чор занро иҷозат медод. Байни яҳудиён серзанагӣ дар даврае вуҷуд дошт, ки онҳо ҳанӯз ба Исроил муҳоҷир нашуда буданд. Вале дар ягон навиштаи аҳди ҷадиди Библия гуфта нашудааст, ки никоҳ бояд аз чанд занд иборат бошад ё муқобили серзанагӣ низ чизе қайд нашудааст. Ҳарчанд ки байни яҳудиён бисёрзанагӣ мӯд буд, ҳангоми зиндагонӣ Исо ба муқобии серзанагӣ ягон ҳукме набаровардааст, аммо баъдтар падари рӯҳонӣ Хиллман дар китобаш қайд мекунад, ки калисои Рум бисёрзанагиро манъ менамояд. Вале масеҳиёни африкоӣ ба бародарони аврупоии худ зуд-зуд хотиррасон мекунанд, ки манъи издивоҷ ба зани бисёр аз асоси қонуни масеҳӣ набуда, балки танҳо муайянкунандаи маданияту урфу одатҳост. Китоби мусалмонони ҷаҳон Қуръон серзанагиро бо маҳдудият иҷозат медиҳад. Масалан, дар яке аз сураҳо гуфта мешавад, ки «Агар шумо мӯътакид ҳастед, ки ба бечораҳолон росткор буда метавонед, имкон доред, ки ба занҳое, ки ба худатон писанданд, хонадор шавед. Агар ба худ бовар надоред, ки нисбат ба онҳо ѓамхорӣ карда наметавонед, пас фақат як занро ба никоҳ қабул кунед». Ҳамин тариқ Қуръон дар муқобили Библия шумораи максималии чор занро бо шартҳои ҷиддӣ ва муносибати якхела, баробарӣ маҳдуд мекунад. Вале ҳаргиз чунин хулоса набароред, ки Қуръон бо ин гуфтаҳо серзанагиро ҳавасманд мегардонад. Акнун саволе ба миён меояд, ки барои чӣ серзанагиро иҷозат медиҳанд? Ҷавоб хеле оддист: дар вазъиятҳои муайяни таърихӣ сабабҳо ва тарафҳои фаъол буданд, ки ба пайдоиши бисёрникоҳӣ сабаб гузоштаанд. Чӣ хеле ки дар оятҳои машҳури китоби Қуръон дида мешавад, серзанагӣ бе ӯҳдадориҳои ҷамъиятӣ нисбат ба бечораҳолон ва бевазанҳо аз назар иҷозат намешавад. Дини Ислом ҳамчун дини универсалӣ, ки дар ҳамаи мамлакату давраҳо зуҳур мекунад, наметавонад аз ин ӯҳдадориҳои нагурезанда чашм пӯшад.

Дар бештари давлатҳо аз ҷиҳати шумора занҳо нисбат ба мардон бартарӣ доранд. Масалан, дар ИМА занҳо дар ҳаҷми ҳашт миллион нафар аз мардҳо зиёдтаранд. Акнун худ қазоват кунед, ки ҷамъият чӣ гуна метавонад ин фарқиятро баробар созад? Ҳалли ин масъаларо ба таври гуногун мекушоянд. Баъзеҳо чунин мешуморанд, ки ҳамхобагии беникоҳӣ метавонад фарқияти шумораи зану мардро баробар созад. Дигарон мегӯянд, ки куштани навзоддухтарон роҳи наҷот аст. Гурӯҳи дигар ибрози назар менамоянд, ки роҳи ягонаи баробарии ҷинсҳо ин қабул намудани ҳама гуна шаҳвонияти озод, яъне фоҳишагӣ, ҳамхобагии беиздивоҷ ва ҷимоъи ҷинси якхела (гомосексуализм) аст. Дар бисёр ҷамъиятҳои замонавии африкоӣ серзанагӣ нишони амали матлуб ва қобили қабул пазируфта мешавад. Масалан, бисёр духтарони ҷавони масеҳӣ ва мусалмон ба марди зандоре, ки худро масъулиятнок ва умедбахш эҳсос мекунад, хонадор шуданро беҳтар медонанд. Дар мамлакатҳои африкоӣ сарзанагӣ ба ҳукми мӯд даромадааст, ки калисоҳо маҷбур ба он муросокорӣ мекунад. Рӯҳонии калисои англис Дэвид серзанагиро дар байни африкоиён омӯхта ба хулосае омадааст, ки нисбат ба оилавайроншавӣ ё никоҳи такрории бебарор, ки дар пайи худ ҳолати рӯҳии манфиро ба кӯдакон мерасонад, серзанагӣ бо қонуниятҳои масеҳӣ мувофиқат мекунад. Мушкилоти нобарории ҷинси зану мард бахусус тезу тунд дар арафаи ҷанг ба ҷамъият таъсир мерасонад. Масалан, баъди ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар Олмон 100 нафар марди 20-30 сола ва 167 зани ҳамин гуна синну сол боқӣ монда буданд. Шумораи бештари ин занҳо натанҳо ба ҳамсафари ҳаётӣ эҳтиёҷ доштанд, балки мӯҳтоҷи сарпараст ва такягоҳ дар рӯзѓор буданд. Афсарони ѓалабабадастовардаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз ин мушкилот сӯиистифода мебурданд. Бисёр бевазанҳо ва духтарони ҷавон аз афсарони Шӯравӣ кӯдакони беникоҳ ба дунё меоварданд ва ба ивази лаззати шаҳвонӣ сигор, шоколад ва ё нон медоданд. Имрӯз дар қабилаи афро-амрикоии ИМА нисбат ба таваллуди ҷинси мард бӯҳрони ҷиддӣ ба назар мерасад. Ҳар як шахси бистуми ҷавони сиёҳпӯст то синни 21 солагӣ нарасида вафот мекунад. Қисми асосии мардон аз синни 20 то 35 солагӣ дар натиҷаи куштор дунёро тарк мекунанд. Ин вазъияти мулоҳизавӣ илова ба сатҳи баланди бекорӣ ва дигар проблемаҳо ба он оварда мерасонад, ки ҳар нафари чоруми зани сиёҳпӯст аз имкониятҳои ба шавҳарбароӣ маҳрум бошад. Ғайри ин, бисёр модарони ҷавони сиёҳпӯст ҳанӯз дар синни бистсолагӣ унвони модари танҳоро ба худ мегиранд. Дар натиҷа диққати онҳоро ҳамхобагӣ бо ҷинсҳои гуногун ва мардҳои аллакай хонадоршуда ҷалб мекунад. Дар чунин вазъият бисёр таҳлилгарон бисёрзанагиро ҳамчун роҳи наҷоти мушкилотҳои мазкури дар болозикршуда тавсия медиҳанд. Ҳамзамон қайд мекунанд, ки аз фоҳишагӣ ва хиёнати ҳамсари худро нодида гирифта, бисёрзанагиро манъ кардан қобили қабул нест. Қайд кардан бомаврид аст, ки дар Ислом бисёрзанӣ якдигарфаҳмию розигӣ металабад. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки занро барои ба марди зандор ба шавҳар баромадан маҷбур созад ва ҳамзамон бону метавонад ба шавҳараш иҷозат надиҳад, ки ҳамсари дуввум гирад. Бо боварии том метавон гуфт, ки никоҳи бисёр дар олами Ислом назар ба муносибати шаҳвонии беникоҳӣ хеле кам ба назар мерасад. Имрӯзҳо ҳукуматдорони Русия ба он омодагӣ мегиранд, ки серзанагиро дар ҳудуди мамлакат иҷозат диҳанд. Чӣ хеле ки Кумитаи кор бо занони Русия ба агентии хабарии «Джин» хабар медиҳад, қарори мазкур тайи ду моҳи охир аз назар гузаронида шудааст. Аз рӯйи баъзе овозаҳо акнун натанҳо серзанагӣ, балки бисёршавҳарӣ низ шояд ба ҳукми қонунӣ дарояд. Аммо сарвари кумитаи мазкур Е. Лахова иброз медорад, ки «агар мард чанд оила барпо карда метавонад ва занҳо розианд, ки якҷоя зиндагӣ кунанд, пас чӣ лозим аст, ки қонунҳои маҳдудкунанда бароварда ба зиндагии шахсии онҳо дахолат кунем?»Имрӯзҳо бобати он ки барои чӣ мардон ҳуқуқи бисёрзанагӣ доранду занон наметавонанд соҳиби чанд шавҳар шаванд, сару садоҳо зиёд аст. Бисёри занҳо бар он ақидаанд, ки ба мардон танҳо як занро иҷозат диҳанд ё ин ки ба бонувон иҷозат диҳанд, ки бо шавҳарони худ «баробар» бошанд, зеро бисёрзанагӣ ҳуқуқи занонро поймол мекунад. Чӣ гуна ҳуқуқҳо? Шариат аз мардон талаб мекунад, ки ба ҳамаи занони худ баробар муносибат карда дар назди ҳар яктоашон вазифаи худро ба ҷой оранд. Дар мувоқат бо қонунҳои физиология гуфта мешавад, ки сабаби серзанагӣ дар он дида мешавад, ки як зан талаботи шавҳари худро қонеъ карда наметавонад. Ба ин гуфтаҳо ширмакконии кӯдак ё ҳайз сабаб шуда метавонад. Шайх Аттия Сакр изҳор медорад, ки агар зан нисбат ба худ бисёршавҳариро иҷозат диҳад, пас вай танҳоба предмети шаҳвонӣ табдил меёбад. Занҳо ба воситаи он ки сершавҳариро ба худ иҷозат надиҳанд ҳуқуқҳои худро муҳофизат мекунанд. Сершавҳарӣ инчунин як сабаби бад низ дорад, яъне кӣ будани падари кӯдакро аниқ кардан мушкил мешавад. Вале бисёриҳо садо баланд мекунанд, ки ба воситаи ташхиси хунӣ (ДНК) вазъияти пешомадаро муайян сохтан мумкин аст. Ҳатто дар ҷараёни ташхис низ метавонад байни шавҳарони зан проблемаҳо пайдо шавад. Шояд яке изҳор дорад, ки ӯ падари кӯдак аст ё метавонад баръакс баъди ташхис аз тифлаш даст кашад. Ҳамзамон дини Ислом ба якборагӣ ба чанд шавҳар баромаданро иҷозат намедиҳад. Вале серзанагии мард онқадар ҳам мушкилоти зиёде намеоварад. Бо ин ақидаи боло танҳо занон розӣ нестанд, зеро хоҳиш надоранд, ҷуфти худро бо касе тақсим кунанд.

Категория: Культура | Просмотров: 1018 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024