Суббота-Шанбе
27.04.2024
15:04
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Шумо чанд сола хастед?
Всего ответов: 935

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Сентябрь » 25 » САРИ ХАМРО ШАМШЕР НАМЕБУРАД, - мегӯяд ҳамсӯҳбатамон
САРИ ХАМРО ШАМШЕР НАМЕБУРАД, - мегӯяд ҳамсӯҳбатамон
14:22
Дар урфият мегӯянд, ки вайрон намудани хонаи гунҷишк убол аст, аммо афсӯс имрӯзҳо дар ҷомеаи мо ҷудошавӣ дар байни оилаҳои ҷавон рӯ ба афзудан дорад. Сабабҳо гуногунанд, ситораҳо мувофиқ намеоянд, хушдоману келин рост намегиранд, арӯс аз ӯҳдаи зиндагӣ намебарояд, хушунату зӯроварӣ ва ғайра.
Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба парлумони мамлакат чунин изҳори нигаронӣ кардаанд: «Бекор кардани ақди никоҳ сол то сол зиёд шуда истодааст. Дар панҷ соли охир (солҳои 2005-2009) бекор кардани ақди никоҳ аз 2900 ба 5 ҳазору 850 расидааст».
Президент инчунин пешниҳод намуданд, ки синну соли никоҳӣ аз 17 ба 18 солагӣ бардошта шавад, то духтарон тавонанд, ақаллан мактабро хатм намоянд.
Мавзӯи дар боло зикрёфтаро мавриди пурсиш – посухи навбатии хеш қарор додем. Биёед бубинем, ки назари мардум ба ин мавзӯи баҳснок чӣ гуна аст.

Калонсолон гунаҳгоранд!
Дар вайроншавии оилаҳои ҷавон волидон ва атрофиёни эшон айбдоранд. Агар байни ду ҷавон ҷанҷоле сар занад, калонсолони оила ё худро бепарво мегиранд ё ин ки ҳар кас фарзанди худро пуштибонӣ намуда, тарафи дигарро ноҳақ мебарорад. Шумо тасаввур кунед, духтараки ҷавону камтаҷриба ба хонадони бегонае меафтаду ба ҷои маслиҳату дастгирӣ, дучори таънаю киноя ва теғи нигоҳи аҳли хонадони нав мегардад. Баъд чӣ?
- Албатта роҳи гурез мекобад! Хушдоманҳои мӯҳтарами мо бояд лаҳзаҳои арӯсии худро ба ёд оварда, ба келинҳо меҳрубон бошанд, – андеша дорад Соҳибаи Набӣ, корманди ташкилоти ғайридавлатӣ.

САБУР БУДАН ДАРКОР!
Бисёрии оилаҳо аз бетоқатии арӯсони ҷавон вайрон мешаванд. Онҳо бар ивази беҳунарию нокорӣ буданашон боз хабаркашу ҷангандоз низ ҳастанд. Сирри хонаи шавҳарро ба берун мебароранд. Аз каме эроди хушдоман ё хоҳаршӯ қаҳру ароз намуда, ба хонаи модар медаванд. Агар модари боақл дошта бошад, бо насиҳату панд ӯро гардонда, ба хонааш мефиристад, агар ҷоҳил бошад, он гоҳ оилаи ҷавон вайрон мегардад.
Афсӯси зиёд, ки модарони мо нисбат ба тарбияи фарзанд, хусусан духтарон бепарвоянд. Ба камол расонидани духтар масъулияти бештареро металабад.
Баъдан сабур будан яке аз вижагиҳои бонуи тоҷик ба шумор меравад. Бештар модаркалонҳои мо мегуфтанд, ки «Хонаи шӯ арра дорад…», дар ин мақоли халқӣ ҳикматҳои зиёде ниҳон аст. Яъне ҷабри арраро кашида зиндагӣ намудан даркор аст, сари хамро шамшер намебурад, – гуфт ҳангоми сӯҳбат ба мо Шодона Сафарова, корманди шӯъбаи бақайдгирии ҳолати шаҳрвандӣ.

Зани тоҷик ба хушунат гирифтор аст
Дар аксари оилаҳои тоҷик хушунату зуроварӣ ҷой дорад. Бисёр вақт арӯсони ҷавонро хусуру хушдоман, хоҳаршӯю додаршӯ ва шавҳар азоби равонию ҷисмонӣ медиҳанд. Масалан, байни тоҷикон лату кӯби зан ё келин айб ҳисобида намешавад. Зани додарам дар баробари дурӯғгӯю ҷангандоз будан, боз дасти қалб дошта, дӯздӣ низ мекунад. Аз рӯзи омадани ӯ дар хонаи мо қулфу калид ва чизпаноҳкунӣ пайдо шуд. Додари бечораам мудом дар мусофирати меҳнатӣ асту якаш ду намешавад. Ман ба модари ӯ шикоят намудам, то духтарашро ба роҳи рост хонаду насиҳаташ кунад, аммо ин зани шаттоҳ мегӯяд:
- Духтарамро шаттакорӣ кун, чизе намегӯям, зеро ту хоҳаршӯӣ ва ҳақ дорӣ, аммо тӯҳматаш накун!
Худоё, ба ин зан чӣ хел фаҳмонам, ки одамизод даранда нест, ки ба ҳамдигар дарафтад...
Хулоса, бону бояд сариштакор, батоқат ва поктинат бошад, он гоҳ ба ҳама мақсади худ мерасад. Ҳайрон мешавам, ки чаро мардум гапи хубро як сӯ монда ба хушунату зӯроварӣ машғул мешаванд ва тарафи ҷабрдида бошанд, онро таҳаммул мекунанд, – иброз дошт Шаъмигули Назар, тоҷир.

Ҷавонон ба муносибатҳои оиладорӣ тайёр нестанд!
Сабаби асосии парешонии оилаҳои ҷавон ба зиндагии мустақил тайёр набудани онҳо мебошад. Имрӯз аз тарафи ҷавонон ба ҳамсарӣ пазируфтани духтаракони ҷавон ба ҳукми анъана даромадааст. Он духтаронеро, ки донишгоҳҳоро хатм намуда, таҷрибаи зиндагӣ омӯхтаанд, пирдухтар меҳисобанд. Бисёр хуб шуд, ки Президент пешниҳод намуданд, ки синни никоҳӣ аз 17 ба 18 бардошта шавад. Охир, духтарон ақаллан мактаби миёнаро хатм намоянд! Як чизро фаромӯш набояд кард, ки маҳз модар метавонад дар домани худ фарзандони солиму оянда боақлро парвариш намояд. Мутаассифона, модар, ки бемаърифату бесавод шуд, вой бар аҳволи ҷомеаю оила. Ҷавононро бояд аз синни мактабхонӣ ба муносибатҳои оилдадорӣ тайёр кунем, омӯзиши фанни «маърифати оиладорӣ» бояд дар мактабҳо хуб ба роҳ монда шавад, – қида баён кард Ашӯрбой Валиев, – омӯзгори собиқадор.

Мусулмонии мо зоҳирист
Агар ҷавонон гӯш ба фармудаҳои Худою Расул диҳанд, бояд донанд, ки оила ин муқаддасот аст. Пеш аз издивоҷ ҳамдигарро шинохта, омӯхта баъд оиладор шудан даркор, то фардо дер нашавад. Пушаймонии баъд, ки аз судаш дида зарараш зиёдтар аст, боиси вайронии оила ва зиндаятимии фарзандон мегардад.
Лолаи Саидакбар

Категория: Общество | Просмотров: 1058 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024