Четверг-Панҷшанбе
25.04.2024
02:29
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 3 » Сангак Сафаровро тоҷик накушта буд
Сангак Сафаровро тоҷик накушта буд
12:03
Муаллиф: СССР № 31. 30.07.2009. Гулҷаҳони САНГАКЗОДА
Аз сӯи дигар таҳқиру хору зор кардани мурдаи Сангак Сафаров нақшаи ниҳонӣ ҳам дошт: қотилони зархариди Тошканд мехостанд, ки мардуми Кӯлоб шӯридатар гардад ва ба ҷанг барояд. Он гоҳ Қӯрғонтеппа моли ҳалоли Ӯзбекистон мешуд...
1. Таҳқири часади пешвои Фронти Халқӣ
Ҷасади Сангак Сафарови маъруфу афсонавӣ соатҳои тӯлонӣ рӯи роҳ мехобид; ҷасадро чи таҳқире накарданд. Нафарони тасодуфӣ расидаро маҷбур мекарданд, ки ҷасади падари маро хор кунанд. Тӯдаи одамкуш сахт тарсу ҳарос дошт, ки ин ҷасад интиқомгирони зиёд дорад ва оқибати ин амали эшон бе посух нахоҳад монд. Дарки ин масъулият, ки шербачаҳои Фронти Халқӣ ниқори Сангакро меситонанд, ба оташи ғазаби қотилон равған мерехт.
Аз сӯи дигар таҳқиру хору зор кардани мурдаи Сангак Сафаров нақшаи ниҳонӣ ҳам дошт: қотилони зархариди Тошканд мехостанд, ки мардуми Кӯлоб шӯридатар гардад ва ба ҷанг барояд. Он гоҳ Қӯрғонтеппа моли ҳалоли Ӯзбекистон мешуд...
Дар ин куштор тоҷике иштирок надоштааст, ки муҳимияти шахсияти Сангак Сафаров ва бунёдгузори ватани Тоҷикон будани ӯро сабт месозад. Ҳама қотилони падари ман афроде буданд, ки бо Ӯзбекистон равуо доштанд ва аз нақшаҳои пасипардагии Тошканд ва ғасби Шаҳритусу Турсунзода ва заводи алюминиум бохабар буданд...
2. 18 куртаи чакан барои ҷангиёни Фронти Халқи
Қудрат Сафаров, як узви Фронти Халқӣ қиссае карда буд, ки он бори дигар муҳимияти нақши Сангакро дар баргардони ғарибон ва пуштибонии ишон собит менамояд. Қудрат мегӯяд, ки дар Панҷӣ Поён ҷангиёни ғайритоҷик намояндагони ҷониби оппозитсияро пеши мо мекуштанд. Дили мо сахт месӯхт ба ҳоли ин тоҷикон, вале аз сӯи дигар онҳо адӯи мо буданд, зидди мо силоҳ гирифта буданд. Ҷангиёни аз Ӯзбекистон омада, ба мо мегуфтанд, ки «мо иттифоқчии шумоему инҳо вовчиканд» ва мо хомӯш чи кор карданамонро намедонистем. Хулоса Тоҷиккушӣ давом дошт, то соате ки...
Рӯзе Сангак Сафаров омада, ҳамаи моро, ки 18 нафар будем, қатор кард ва гуфт, «размеротона гӯен, ман барои шумо куртаву эзори чакан заказ кунум, ай Кӯлоб биоран». Мо ҳайрон шудем ва ба қумондон норизоӣ кардем, ки гуфт:
Ғайритоҷикон бояд бидонанд, ки дар пеши чашми марди Тоҷик хуни ҳаммиллаташро рехтан имкон надорад! Биноан, шумо дигар бояд зан бошед, ки марг ба марде, ки пуштибони ҳаммиллаташ будан натавонад!!!
Сар аз ҳамон соат мо ҳама карател-қотилони Тоҷиккушро маҳв мекардем ва касе дигар тавони хор кардани Тоҷикро дар минтақаи Панҷу Қумсангирро надошт...
3. Ҳадафи аслӣ ва усулии қатли Сангак Сафаров
Бо куштани Сангак Сафаров масъулини ҷанги доманадор, ки онҳоро то ҳанӯз Қувваи Саввум муаррифӣ кардаву аз фош гуфтани номашон худдорӣ мекунанд (метарсанд!), охирон садди чиноиро дар раҳи ҳадафҳои пурғарази худ дур карданд... Ҳамакнун нафаре намонда будӣ, ки ҳадафҳои Тошканд; ба Ӯзбекистон додани Шаҳритусу Регарро зери суол гузорад. Зеро Сангаки саркашро онҳо аз маидони сиёсат берун карда буданд!
Ин ҳодиса як вежагии дигар ҳам дорад. Дар он шаби наҳс Муродронандаи аслии падарам бо ӯ набуд. Ронанда амакам буду Саймуъмини ӯзбак ҷои ҷондортелехронители падарам омада буд. Аҷобатро бинед, ки Саймуъмин зинда монду барои рӯпӯш кардани ҳодиса, ҷангиён ба*шаҳр омада, Муродро аз хонааш гирифта мебаранд ва дар паҳлӯи Сангак Сафаров мепарронанд!!! Гӯё Мурод низ дар ин ҳодиса шарик будааст...
Дар бораи Саймуъмини ӯзбек ҳаминро гуфтаниам, ки ӯ соку саломат ва дар «асорат»-и бачаҳои турктабори Файзалӣ буд, ки баъдтар ӯро Шералӣ Сабзов озод кард. Вале суоле посух мехоҳад, ки чигуна ҷангиёни ваҳшишудаи Файзалӣ, ки барои қумондони худ ҳатто Сангак Сафарови афсонавиро, ки аз шуниданй номаш Тоҷикистон меларзид, куштанду Муродро аз хонааш гирифта бурда, ба қатл расониданд, ба Саймуъмин коре накарданд? Оё ӯ дар ин ҷиноят даст надошт ва ё танҳо ӯзбек будан ӯро аз чанголи ҳамтаборони тоҷиккушаш раҳонид? Ҳаволаи бадон ба Худои Азза ва Ҷалла!...
4. Пинқони кӯчонидани авлоди Сангак
Субҳи содиқ гурӯҳи размандагон омада, ману 2 додарамро гирифта, пинҳонӣ ба милисахонаи Қӯрғонтеппа бурданд. Он ҷо чанд соат истодем. Ин замон Ёқуб Салимов занг зада, шахсан бо ман сӯҳбат кард. Ман ба ӯ гуфтам, ки «акаи Ёкуб, падари ман куҷост?». Ӯ маро дилбардорӣ карда, гуфт: «Падарамон захмӣ шудааст. Ба наздикӣ ӯро мебинӣ. Ҳоло барои шифо ба Ӯзбекистон рафтааст ва шумо бояд Кӯлоб равед». Як соат баъд аз ин сӯҳбат моро гирифта, зери посбонии шадид ба қисми ҳарбии СНГ-полки Русия бурданд. Дар ин ҷо моро афсарони рус пешвоз гирифта, савори чархбол ба Кӯлоб бурданд. Баъдан ба ман маълум гашт, ки размандагони Файзалй барои боз ҳам вазъиятро буғранҷ кардан, мехостанд ба хонаи Сангак ҳамла карда, кӯдакони қумондон-ману 2 додари хурдсоламро низ ба қатл расонанд.
Соате баъд аз расидани мо ба ҳавлии бобои, ҷасади падарамро тавассути чархболи дигар ба Кулоб оварданд.
5. Достиев, Иззат Куганов ва Ёқуб ба майдон меоянд
Аз чанги қотилон кашида гирифтани ҷасади Сангак Сафаров моҷарои дигар аст. Он чанд ғайритоҷике, ки пешвои Фронти Халқиро куштаву ҷасадашро таҳқир карда буданд, намехостанд, ки мурдаро баргардонанд. Онҳо нек медонистанд, ки аз байн чанд соат гузарад, Кӯлоби бостонӣ аз ҳодиса воқиф мешавад ва шербачаҳои кӯлобй ҳатман барои қасосгирӣ ба Қӯрғонтеппа меоянд. Қурбони Чол, Султони Чол, Шер Сафаров ва садҳо ҷангиёни варзидаи Фронти Халқӣ ин ҳодисаро бе посух намегузоштанд.
Воқеан ҳам субҳи 30.05.1993 хабари қатли Сангак ба Кӯлоб расида буд. Овозаи куштор мардумро ба шӯр овард. Ҳазорон размандагони маҳаллӣ омода ба ҷанг буданд. Шербачаҳои Фронти Халқӣ аллакай аз шаҳо бадар шудаву сӯи Калинино бод раҳсипор буданд, то штаби Файзалиро ба замин яксон кунанд. Хурду бузург, боевику шахсони оддӣ мехостанд тавассути дилхоҳ нақлиёт то Қӯрғонтеппа расида, қасди хун ба хуни Сангак Сафаровро ситонанд. Он соат Кӯлобро бо чашми сар дидан лозим буд, то муҳимияти ҳодисаро дарк мекардед!
Ҳама аз рӯи сенарияи махсус мерафт. Ва агар сенарияи ин қотилон то охир нақш мебозид, миёни Фронти Халқӣ задухӯрди сахте мешуд, ки бидуни полки Маҳмуд Худойбердиев, ки қотилон гурехта, дар он пинҳон шуда буданд, дар Қурғонтеппа ягон нафар ҷангй зинда намемонд. Дар ин сурат Тоҷик пурра маҳв мешуд. Зеро агар ба маҳаллаҳои бузурггари ғармиву кӯлобӣ тақсим шудаву то ин рӯз бо худ меҷангид, пас худи Кӯлоб низ ба чанд маҳаллача тақсим шудаву ба ҳам дармеомехт. Он соат Кӯлоб мисли замбӯрхона меҷӯшид! Наққошони пасипардагии марги Сангаку Файзалӣ ин х,амаро хуб ба тарозуи акл баркашида буданд ва интизори набарди хунини вопасин дар миёни тоҷикон менишастанд.
Вале дар ин маврид 3 нафари бохирад, ки зодагони водии Вахш буданд, зуҳур карданд.
Ёқуб Салимов, Абдумаҷид Достиев ва Иззат Куганов омада чангиёнро ба муросо даъват кардаву ҷасади Сангаку Давлат Сафаровҳоро гирифта, ба Кӯлоб интиқол карданд. Воқеан ҳам хизмати бузурги ин 3 тан будӣ, ки мардуми Кӯлоб сари Қӯрғонтеппа ошӯб накард ва Тоҷикистонро боз ҳам дар хатар нагузошт.
6. Оалоти цанозаи СангакСафаров...
Ҷанозаи Сангак Сафаров дар | майдони назди ҳавлиаш, деҳаи Хирмани Кӯлоб баргузор шуд ва онро Эшони Саидҷон, муфтии вилояти Хатлон хонд. Мулло Ҳайдарро ба ҷаноза роҳ надоданд.
Фавҷи одамон роҳҳоро мебаст ва ҷанозаро аз даст ба даст то Майдони Сурхи маркази шаҳр бурданд. Дар тӯли 7 км роҳ даҳҳо ҳазор одам саф кашидаву аз паси тобут мерафт. Кӯлоб бо пешвои идеалии худ, қаҳрамони афсонаҳои даврони СССР ва муҳофизаш дар зиндонхонаҳои шӯравӣ падруд мегуфт.
Дар Майдони Сурх митинг ташкил шуд, ки дар он сарварони кишвар қайд карданд, ки 2 фармондеҳро душманони Миллат куштаанд. Тавассути ТВ Кӯлоб ва ТВ марказӣ аз ин ҷаноза гузоришҳо пахш шуд ва масъулин тавонистанд фитнаро поин шинонанд.
Ҷанозаи Сангак Сафаров пас аз зӯҳр дар қабристони Хоҷа Ғоиби диёраш ба дасти хок рафт ва бо ҳамин қиссаи пурфасонаи Сангаки маъруф ба охир расид. Қиссае, ки то ҳанӯз аз сӯи афроди зиёд мавриди таҳқир, танқид ва таърифу муҳаббати фарогир қарор дорад...
7. Файзалиро нӣ кушта ймд???
Ва аз ҳама муҳимтар дар ин моҷаро як нукта аст, ки экспертиза онро дақиқ накард: Сангакроку ҷондорони Файзали куштанд, вале Файзалиро КӢ КУШТА БУД?
Моҷарои мазкур басо тӯлонист. Вале нуктаи муҳимтарин ин аст, ки туфангчаи падари ман тир холӣ накарда буд! Давлаталӣ-амакам дуртар аз онҳо меистод ва ҳич наметавонист, дар торикии шаб ба 2 нафари бо ҳам оғӯш кашида, тир холӣ кунад. Зеро метавонист, Сангакро парро над. Саймуъмини узбак тавре гуфта шуд, аз мошин берун нафаромада буд.
Танҳо метавон тахмин зад, ки дар торикии шаб нишонгир-снайпери алоҳида бо як тир нафареро кушад. Ҳадафи ин снайпер яке буд; 1 тан аз 2 пешвои Фронти Халқиро куштан. Сангак Сафаров аст ва ё Файзалӣ Саидов муҳим набуд. Муҳим ин буд, ки яки ишон фавтад, дигариро ҷондоронаш ҳатман қатл мекунанд. Снайпер ва наққошони пасипардагӣ ба ин ҳадафашон расиданд. Метавон бо боварӣ гуфт, ки Сангакро пас аз саркашӣ кардан дар гуфтугӯҳои Тошканд ва нафурӯхтани як порча хоки Ватанаш ба дигарон мавриди қатл қарор дода буданд.
8. Сангак Сафаров хато кардаасту хиёнат на!
Мӯҳтарам сардабири СССР! Ин аст, фоҷеаи Сангак Сафаров. Ҳамин аст, қиссаи нафаре, ки барои давлат, ҳукумат ва Ватани Тоҷикон ҷони худро бохта буду имрӯз ба гуноҳу ҷурму иттиҳомоти будаву набуда ӯро олуда мекунанд.
Ҳар инсон хато мекунад; бе хато зоти поки Оллоҳ аст. Мумкин падари ман низ хатоҳое карда бошад; ман инро инкор намекунам: Дар он шабу рӯзи хунин кӣ бе хато ҷанг мекард? Ҷанг худ хунрезист, куштор аст ва дар ин миён шоядхуни ноҳаққе рехта бошад. Шояд... Вале падари ман ба халқу Ватан ҳич гоҳ хиёнат накардааст!
Сангак Сафаров ғурури Тоҷикона дошт ва аввалин ҳукми маҳбаси худро ба он хотир гирифтааст, ки ғурураш нагузошт, намояндагони дигар миллат (осетинҳо) тоҷиконро дар Ватани худашон саркӯб кунанд. Гузашта аз ин падари ман 23 сол дар зиндонҳои собиқ СССР шарафи Тоҷикро баланд бардоштааст. Дар тамомии зиндонҳое, ки падари ман 1 сол нишастааст, дар он ҷо Тоҷикон «корол» мешуданд ва ягон миллати дигар сӯи онҳо бад нигоҳ карда наметавонист!
9. Беспределқои 10 сол пешро фаромӯш кардед!
Хиёнаткор онҳоеанд, ки дар рӯзҳои сахти сармо, ки барқ барои модарону кӯдакон зарур аст, оби обанборҳоро мефурӯшанд ва барқ нест мешавад... Чаро инро наменависед?
Ман ба ҳама сардабирони газетаҳои озод ва мустақиле муроҷиат карданиам, ки падари маро ҳадафи интиқод қарор додаанд:
чаро наменависед, ки қумондонҳои баъди ҷанги соли 1991-1992 баромада, чӣ қадар моли мардум хӯрданд;
чӣ қадар занонро бешавҳар карданд; чӣ қадар духтаронро таҷовуз намуданд дар замони оромиву тинҷӣ?
Аз ёдатон рафтааст, ки то соли 2000 корвони мошинҳои Сӯҳробу Қудрату Ғаффор, Мирзо Ҷагаву Алибоксеру Рах,мон Гитлеру бародарон Чоловҳо мисли бод аз роҳу ҷодаҳо гузашта, дилхоҳ ронандаро мепарронданд, мекуштанд, мезаданд, таҷовуз мекарданд?! Ибоди регариро фаромӯш кардед, ки мардумро фавҷфавҷ мекушт? Субҳони ҳиссориву Фарҳоди Алмосиро чӣ?
Фаромӯш кардед, ки размандагони баъдиҷангии 2 ҷониб дилхоҳ зан, ҳатто шавҳардорро ба зӯр ба никоҳи худ медароварданд? Чаро журналистони озоди мо дар бораи инҳо наменависанд? Ҳаа, мефаҳмам; чунки баъзе аз онҳо зиндаанд... Вале падари ман чун нест, ҳар чизе ки хоҳед, менависед!
Мӯҳтарам рӯзноманигорони Тоҷик, ки дар рӯзномаҳо падарамро дузд, ғоратгар, хиёнаткор менависед! Усулан суханони шумо на, рафтори нафароне ба ман алам мекунад, ки бо ӯ буданд, пеши бар мезаданд, ҳайкали тилоии падарамро дар қафаси сина овезон мекарданд ва хомӯшанд... Куҷоед мардони майдони Сангак Сафаров? Ҳатто вакқе ки тариқи газетаи «Фараж» 4 моҳи дароз номи падарамро сиёҳ мекарданд, касе ба ғайр аз Иброҳими Исмоил мардонавор ҳақик,атро нагуфт ва ҷониби ӯро нагирифт. Ҳаволаатон ба Худои таъоло.
Модарам хеле зани пуртоқату ҷасур аст, лек ин дасисаҳо қомати ӯро шикастааст. Ба болои ҳамаи ин, ҷигарбанди ӯ тайи як сол аст, ки дар маҳбас гирифтори ноҳаққиҳост. Бас кунед, монед модар ғами писари навҷавонашро хӯрад. Шумо бо исрор менависед, ки ҳақиқатпарастед? Марх,амат, ҳамин навиштаҳои маро айнан нашр кунед ва ман низ бовар мекунам, ки шумо Метавонед!
Дар охир ба журналистони арҷманд ҳушдор медиҳам, ки бе далелу исбот дигарбора падарамСангак Сафаровро хиёнаткор ном набаред, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида мешавед. Ман зан ҳам бошам, дилхоҳ муддаиро ҷазо дода метавонам!
Категория: Политика | Просмотров: 4204 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 1.0/2 |
Всего комментариев: 4
4 БоСтОн  
0
Чоловхо хам хело хизмат кадан. Чиба ки ба ёди ягон кас намезанан? Чоловхо шерхои нари Кулобчон бдан, и мемонан...

3 1  
0
Да, если какая небудь статья сильно заинтересовало Вас оставьте свое мыло и мы Вам постараемся перевести.

2 1  
0
Лучше изучите таджикский, ведь Маркс и то изучил фарси-дари (таджикский) чтобь прочитать Хаяма и Фирдоусы без перевода. Удачи!
А так сейчас стараемся сделат так чтобь все информации можно было читать на троих языках, но пока сайт еще на стадии разработки...

1 1  
0
Дар хаки одами гузашта бадгуи кардан ин худ бад аст. Худо хамаи хокшудагонро ба рахматаш гираду чои онхоро чаннат кунад, Омин!


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024