Понедельник-Душанбе
06.05.2024
21:56
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 6 » Роҳҳои пулакию нозирони ғамхор
Роҳҳои пулакию нозирони ғамхор
15:52
Ман тарсидам, ки наклиёт ба садама дучор шуду мо низ ҷони худро аз даст додем. Хайрият, ки ин наклиёти мо набудаасту нақлиёти аз паси мо омада истода ба санге бархурдааст. Ногоҳ наклиёти моро як марди либосҳояш ба хоку хас олуда маън намуду каланди дасти ӯ ба назарам дубинкаи дасти нозирони роҳ намуду дилам ба чизе огоҳи медод, ки дар ин вақт ронанда аз нақлиёт нафромада, он мард наздик шуду маблағ пурсид: -Маблағ барои чӣ?-ронанда бо тааҷуб савол дод. Чун ки маҳз барои маблағ шуда ӯ аз роҳи рости бесангу бехатар нарафта, бо ин роҳ омад, то маблағ насупорад, аммо ин "нозирони роҳ" моро доштанд.
-Маблағ барои рох - чи шумо аз миёни замини кишти мо мегузареду мо пул нагирем, онхо барои роҳи "хушрӯяшон" мегиранд-ку?-ҷавоб дод мард.
Ронанда 2-сомонӣ бароварда доду, мо то ба роҳи рост баромадан аз бардорзани мошин, ба кавле дилу чигарамон ба дахонамон омад.
Ин воқеъаро дида вокеъаи зимистон ба сарам омада ба хотирам расид, ки ҳангоми аз Хуҷанд ба Панҷакент омаданам дар роҳ тарма фаромаду мо ва ба мисли мо 300 наклиёти сбукраву боркаш ҳаросон мондем, лекин дар тӯлии 3-рӯз касе аз коркунони ДЭУ-ба ёрии халқи дар боло монда нарафт, ҳол он ки пеш аз мо омадан ҳам тарма фаромада будаасту вале нозирони рох "раҳмдили " намуда ба ивази маблағе наклиётҳоро ҷавоб доданду нагуфтанд, ки роҳ нест.
Боварии кас намеояд дар ҳудуди Тоҷикистон гашта ба роҳи мерафтагиат маблағ гиранд. Хайр пул гирифтан ҳеҷ гап не, лекин халқ аз куҷо ба ҳама чиз пул меёбад? Мардуми бечора хурсанд буданд, ки роҳҳо мумфарш шуду мо бемалол ба сафар мебароем, аммо аз пешомадашон бехабар, ки роҳҳо пулакӣ мешавад.
Аз наклиёти сабукрав 15-сомонӣ, аз мошини боркаш бошад 100-150-200 сомонӣ маблоғ мегиранд, барои мошини боркаш ин гуна маблағ на ба соҳиби он, балки ба мардуми ноҳияҳои Айниву Панҷакент ва ҳатто Душанбе зарар мерасонад, зеро маҳсулоте, ки онҳо аз шаҳри Хуҷанд мебаранд нархаш ба роҳкирою харҷи сарфи фурӯшанда вобаста аст. Дар ин ҳолат нарх афзун мешавад. Ҳамаи ин яктараф боз хуҷҷат тафтиш кунии нозирони роҳ як тараф. Вакте ки ҳаҷвнигорон дар саҳначаҳои худ пулгирии нозирони роҳро рӯи саҳна меоварданд бовариам намеомад, то он вақте ки ин ҳодисаро бо чашми худ дидам .Хайр ҳеҷ гап не ба онҳо ҳам душвор шабу рӯз дар сари роҳ, лекин ғами халқро ҳам бояд хӯрд. Имрӯзхо дар роҳҳо садамаи наклиётӣ ончунон зиёд аст, ки рақам барои шумурдан камӣ мекунад ва аз ҳама бештар дар ағба, ки ба ҷарри рафтан, ба мошин бархурдан дар таги тарма мондан зиёд аст ва дар натиҷа ҷони чанд кас дар хатар.
Як воқеае, ки дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айни дидам бароям як чизи даҳшат буд. Мошини боркаши пур аз сӯзишворӣ ба даруни деҳа даромада аз роҳ баромада ба ҳавлию хонаи истиқоматии 2-оила, ки яке 7-нафару дигаре 5-нафар мебошанд, даромада таркидааст.
Дар натиҷа 2-нафар ҳалоку дигар ҳама ба беморхона афтидаанд. Ин ҳодиса дар соати 2-и шаб рух додаст.
Ин гуна ходисаҳо зиёд аст. Дар ин ҷо мошини сӯхторхомушкунию ёрии таъҷили нест ва бошад ҳам ангуштшумор аст, ки танҳо ба нозирон умед, ки ба ронандагони бетаҷриба беаҳамиятӣ накунанду ҷони шаҳрвандонро фикр кунанд.

Ганҷинаи Илҳомҷон
Таҷрибаомӯз

Категория: Общество | Просмотров: 794 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024