Суббота-Шанбе
04.05.2024
15:10
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Июнь » 10 » РӮЗИ СИЁҲИ “АРӮСАКИ ЯКШАБА”
РӮЗИ СИЁҲИ “АРӮСАКИ ЯКШАБА”
14:10
Нигора ба Қосим муқобилият нишон дода, ӯро ба худ наздик шудан намонд. Ин ҳолат ба марди аз ҳиссиёти шаҳват ақлгумкарда хуш наомад ва ӯ Нигораро зери латукӯб гирифт. Ба ин қаноат накарда, санги калони даврашаклро аз замин бардошта, ба рӯяш зад.
Дар таҷрибаи корӣ бо тақозои кору вазифа борҳо шоҳиди қисмати талхи занони фоҳиша гардидам, ки бо як бераҳмии махсусу ҳолати даҳшатнок ба қатл расонида шуда буданд. Ҷасади якеро дар заминҳои маҳаллаи Зарафшон бо захми зиёди корду дигареро дар зинапояҳои ошёнаи ҳафтуми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Н. Қарабоев тавассути лату куб ва сеюмиро дар пештоқи бинои нӯҳошёна воқеъ дар хиёбони С. Шерозӣ, ки аз ошёнаи 8-ум партофта буданд, пайдо карданд.
Ҳеҷ фаромӯш намешавад, тақдири Назокат ном фоҳишае, ки баъди ба ҳалокат расонидан, қотил ҷасади ӯро дар борхалта бор карда, аз маҳаллаи 46 дар велосипед то хиёбони назди собиқ Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) оварда, даруни ҷӯйбор партофта буд. Ба ин монанд метавон боз даҳҳо мисоли дигарро овард, ки аз тақдири баду бо фоҷиа анҷом ёфтани рӯзгори бемаънӣ ва пур аз фисқу фасоди ин тоифа ҳикоят мекунад.
Ахиран тақдири Нигора ном фоҳиша моро водор сохт, рӯ ба ин масъала орем. Зеро қотили ӯ чанде пештар барои кирдори ҷинояткоронааш аз ҷониби суд ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум гардид.
Рӯзи 4-уми июли соли 2010 Нигора чун ҳамешагӣ дар интизори мизоҷ дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт гашту гузор дошт. Ақрабаки соат
майл ба 11 карда, гармии ҳаво лаҳза ба лаҳза меафзуд. Ӯ миёни боғ оҳиста-оҳиста қадамзанон мисли он ки касеро интизор бошад, ҳар замон гирду атрофро аз назар гузаронида, бесаброна раҳи омадани нафари ваъдагиро мепоид. Оне, ки як рӯз пештар бо ӯ дар бозори «Саховат» вохӯрда, бобати муносибати маҳрамона маслиҳат карда буд, фосилае чанд он ҷо пайдо гардид.
Қосим чун нафарони рамузгирифта, ки ин гуна рафтору муносибати занони сабукпойро хуб медонист, баробари ба ӯ наздик шудан пешниҳоди дар ягон хилавтҷой бо ҳам буданро кард. Нигора, ки ҳамин ишораро интизор буд, бидуни андеша ва истиҳола зуд розигӣ дод ва сари масъалаи бо ҳам омадан, ҳар ду ба мувофиқа расиданд. Онҳо қарор доданд ба ягон ҷойи назарпаноҳ раванд, то касе ба айшашон халал нарасонад, зеро дар боғ одамони зиёд гаштугузор доштанд ва дар ҳар қадам бо нафарони ба якдигар шинос вомехӯрданд. Қосим пешниҳоди ба ноҳияи Варзоб рафтанро кард. Барои Нигора фарқ набуд, ба куҷо рафтану бо кӣ ҳамхоба шудан ва дар чӣ гуна шароиту ҳолат бо ҳам муносбати ҷинсӣ кардан, муҳимаш эҳтиёҷоти мардонро баровардану ҳаққи хизматашро ситонидан, боқӣ андешаи дигар дар сар надошт. Ӯ хуб дарк мекард, ки мардони шаҳватпараст барои ба мақсад расидан на дурии роҳро ба назар мегиранду на хароҷоти кисаашонро, вале ин дафъа Нигора сахт иштибоҳ кард. Зеро Қосим он маблағе, ки ин зани фоҳиша ба ивази танфурӯшӣ хостгор буд, дар худ надошт ва ин вазъият замоне ошкор гашт, ки дар кисаи Қосим пули зиёд набуд.
Он рӯз чоштгоҳ Қосим аз дӯкони сари роҳ панҷ адад чалпак ва ҳамин миқдор санбӯсаро ба маблағи 5 сомонӣ харидорӣ карда, бо Нигора дар мошини роҳ ҷониби ноҳияи Варзоб равон шуданд. Онҳо дар ҷамоати деҳоти Чорбоғ аз мошин фаромада, каме поёнтар дар назди қубури калони обгузар ба худ ҷойи муносиб интихоб карданд. Қосим, ки он ҳангоми сархуш буд, баъди тановули чалпаку самбӯса пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ намуданро кард. Нигора аввал пул, баъд мол гӯён, пеш аз он ки тани худро таслими марди шаҳватпараст созад, аз ӯ ҳаққи хизматро талаб кард. Қосим баъди тагурӯ кардани кисааш 10 сомониро бароварда, ба дасти ин зани фоҳиша дод ва тақозои алоқаи ҷинсӣ кард, вале ӯ ин кам гӯён розӣ нашуда, 50 сомонӣ талаб кард. Кор то ҷое расид, ки онҳо ба муноқиша хеста, якдигарро гапҳои пасту баланд гуфтанд. Қосими сахт ба ғазаб омада, сабру таҳаммулро аз даст дода, бо санг ба сару рӯи Нигора зада ӯро ба замин афтонд ва ба ин қаноат накарда, санги калони даврашаклро аз замин бардошта дигарбора ба рӯи партофт. Дар натиҷаи шикастани устухонҳои косахонаи сар ва ҷоғи поён ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Қосим баъди ба мақсади худ расидан, телефони ҷабрдидаро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.
Худи ҳамон рӯз ва рӯзи дигар аз ҷониби кормандони милитсия баъди ҷустуҷӯю пайдо кардан ва пурсиши ҳаммаслакони Нигора, ки дар назди бозори «Саховат» ва боғи «Дӯстии халқҳо» ба танфурӯшӣ машғул буданд ва тафтиши зангҳои телефонии ӯ шахсияти гумонбар муайян ва ва худаш дастгир карда шуд.
Дугонаи ҷабрдида Мунира иброз дошт, ки аз соли 2007 баъди аз шавҳараш ҷудо шудан ба танфурӯшӣ машғул шуда, рӯзи сар задани ин воқеа бо занони дигар дар боғи «Дӯстии халқҳо» қарор доштааст. Ҳангоми дар дохили боғ гаштугузор кардан, ба телефони Нигора касе занг зада, ӯро ба ҷое даъват мекунад. Баъди гуфтугуи телефониро қатъ кардан, Нигора ҷониби онҳо мегӯяд, ки ӯ ҳамроҳии дӯстонаш ба Варзоб меравад ва аз онҳо ҷудо мешавад. Рӯзи дигар кормандони милитсия ӯ ва дугонаҳояшро ба мурдахона даъват карда, ҷасади Нигораро нишон дода, шахсияташро муайян мекунанд.
Падари Нигора низ ҳангоми бо ҷасад рӯбарӯ намудан духтарашро шинохт ва нақл кард, ки марҳума 28 сол дошт. Дар сесолагӣ модараш вафот мекунад. Нигора зери тарбияи падар ва пайвандонаш ба воя мерасад. Вақте ба 16 солагӣ мерасад, ӯ ба хонаи тағояш меравад ва дар ҳамон ҷо ба шавҳар мебарояд. Бо шавҳараш унс намегиранд ва пас аз чанде аз ҳам ҷудо мешаванд. Аз байн чанд сол мегузараду Нигора дубора ба шавҳар мебарояд ва духтар таваллуд мекунад. Соли 2005 аз ин шавҳараш низ ҷудо мешавад. Ва то замони маргаш дар Душанбе зиндагӣ намуда, бо роҳҳои гуногун рӯзгорашро пеш мебурд.Падари Нигора аниқ нагуфт, ки духтараш аз кадом ҳисоб рӯзгорашро пеш мебурд, вале боре дар бораи духтараш баъзе Сару садоҳоро фаҳмида, бо ӯ ҷиддӣ сӯҳбат кардааст, ҷанҷол кард, вале ин кори падар ба рафтори духтараш ҳеҷ таъсире нарасондааст.Падари Нигора нақл намуд, ки духтараш барвақт дар алоҳидагӣ ба сар мебурд, ба хонаи ӯ дер – дер меҳмон мешуд. Бори охир падар духтари худро як ҳафта пеш аз маргаш дидааст, ки ҳамроҳи дугонааш омада, шабро дар хонаи ӯ рӯз кардан два субҳ рафтанд…
Вақте кормандони милитсия расми ӯро оварда нишон доданд, ман хабар ёфтам, ки духтарамро куштаанд. Ҳамчун падар мепурсам, ки нисбати шахси ҷиноят содиркарда, ҷазои сазовор дода шавад.
Фарзанд хоҳ сафед бошад хоҳ сиёҳ, бад ҳаст ё нек барои волидайн азиз аст. Ҳеҷ падару модар намехоҳад фарзандаш ба роҳи бад равад, вале афсӯс, ки наврасону ҷавонон имрӯз гапногиру душвортарбия ва якраву густоханд ва на ҳамеша ба сухани калонсолон эътибор дода, аз рӯи насиҳату гуфтаҳои эшон амал мекунанд. Чунин нописандӣ ва худхоҳӣ оқибат онҳоро ба роҳи хато бурда, сабаби фоҷиаву ҳодисаҳои гӯшношунид мегардонад. Таҷрибаи талхи занони фоҳиша ва сабукпой бояд барои дигарон сабақи зиндагӣ ва дарси ибрат гардад. Шарму ҳаё, нангу номус ва сарбаландиву некномӣ асосии пойдории оила ва солимии фарзандон буда, ҳар марду зан бояд соҳиби хулқу атвори нек ва ахлоқу одоби ҳамида бошад.

Ф. Додометов -
Судяи Суди шаҳри Душанбе,
Ҷ. Садриддинов -
подполковники милитсия
Категория: Общество | Просмотров: 1615 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Июнь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024