Вторник-Сешанбе
07.05.2024
14:02
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 13 » Рӯза ба кадом дардҳо давост?
Рӯза ба кадом дардҳо давост?
11:56
Паёмбари гиромӣ (с) дар як ҳадиси худ барои тандурустӣ муфид будани рӯзадориро таъкид намуда, фармудаанд: «Рӯза гиред, тандуруст мешавед». Яъне, рӯза ғайр аз он ки ибодат аст, боз ба саломатӣ фоида ҳам дорад.
Яке аз бемориҳое, ки рӯза ба он нафъ дорад, бемории музмини рӯдаҳост. Алалхусус, нанӯшидани об дар миёни ду навбат (вақт) ғизо ба муолиҷаи ин навъи касалӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, тӯлонӣ будани фурсати ғизохӯрӣ (аз субҳ то шом) барои табобат мувофиқи матлаб аст. Рӯза муваффақтарин шева барои холӣ кардану поксозии рӯдаҳо ва кам кардани вазни бадан аст. Аксари бемориҳои инсон аз пурхӯрӣ сар мезанад. Беҳуда нагуфтаанд:
Ғизои кам шифоангез бошад,
Бале, асли даво парҳез бошад.
Рӯза дар он вақт муфидтар хоҳад буд, ки агар зимни кушодани рӯза ба пурхӯрӣ роҳ дода нашавад. Дар ин рӯз ду бор ( субҳу шом) ғизо хӯрдан кофӣ аст, ки бадан ғизо бигирад:
Дар ду рӯзат се бор бояд хӯрд,
Ту ба як рӯз мехӯрӣ чанд бор.
Кӣ илоҷи ту метавонад кард,
Ҳошакаллоҳ агар шавӣ бемор.
Ба гуфтаи Шайх Абдураззоқ Навфал рӯза барои табобати фишори баланди хун муфид аст. Алалхусус, вақте вазни бадан зиёд бошад, рӯза доштан боиси обшавии чарб шуда, фишори хун низ ба эътидол меояд.
Давои бемории қанд, ки он ҳам ба монанди фишори хун рӯ ба густариш ва зиёдшавӣ аст. Дар даврони аввалия ва ҳангоме, ки беморӣ кӯҳна нашудааст, бо афзоиши вазн ҳамроҳ аст. Дар ин ҳолат рӯза дармони муфидест. Зеро қанди бадан ҳамроҳ бо лоғар шудан ва каме чарбӣ поин меояд. Касоне, ки бемории қанди сабук доранд, агар баъд аз панҷ соат ғизо бихӯранд, қанди хунашон аз ҳадди табиӣ поинтар меояд. Агар баъд аз 10 соат ғизо бихӯранд, хеле аз ҳадди табиӣ поинтар меояд.
Барои илоҷи илтиҳоботи музмини мафосил (буғумдард), бахусус, вақте ки бо фарбеҳӣ ҳамроҳ бошад. Дарди буғум дар занон бештар баъди чилсолагӣ хурӯҷ мекунад. Таъсири рӯзаи моҳи Рамазон дар беҳбудии ҳолати бемории дарди буғум мушоҳида шудааст.
Шояд саволе ба миён ояд, ки рӯза барои одамони тандуруст фарз бошад, беморон чӣ тавр бо он муолиҷа мешаванд? Бояд гуфт, ки рӯза хурӯҷи ин бемориҳоро пешгирӣ мекунад. На табиб ва на бемор наметавонанд оғози ин бемориҳоро аниқ ташхис намоянд. Аз ин рӯ, рӯзадорӣ як навъ профилактикаи бемориҳои гуногун хоҳад шуд.
Дар ахбори илмии яке аз донишгоҳҳои тиббии Амрико омадааст, ки яке аз мутахассисони бемории қанд гуфтааст: « Рӯзаи моҳи Рамазон пешгирикунанда ва дармони бемории қанд аст». Ин устод мақсад дорад, ки дар як рисолаи илмӣ натиҷаҳои ба дастовардаашро бинависад.
Дар китоби «Мо пиронем» (таълифи устод Ҳасан Абдусалом) чунин омадааст: «Фоидаи рӯза он аст, ки сабаби истироҳати дастгоҳҳои ҳозима мешавад ва ба пардаҳои дохилии ҷисм ин фурсатро медиҳад, ки аз шарри маводи зоид ва заҳробаву уфунатҳое, ки дар бадан падид меоянд, худро наҷот диҳанд. Ҳамчунин, ба бофтаҳо ва андомҳое, ки мубтало ба ғуддаҳои чиркӣ ва илтиҳоб, ҳастанд, маҷоли беҳбудӣ медиҳад».
Рӯза боиси гудохтану аз байн рафтани маводи сангӣ ва сангрезаҳову оҳак (шлак) ва ғайра мешавад. Аз ин рӯ, донишмандони Ғарб барои ҳифзи саломатӣ ва фаъол нигоҳ доштани ҷисм ба рӯза гирифтан таъкид менамоянд.
Фоидаи тиббии рӯза танҳо дар бемориҳои дохилӣ маҳдуд намешавад. Исбот шудааст, ки рӯза барои бисёре аз бемориҳои пӯстӣ ва пешгирӣ аз онҳо низ муфидтарин васила мебошад. Мутахассиси бемориҳои пӯстӣ доктор Муҳаммад Завоҳирӣ чунин мегӯяд: «Фоидаи моҳи Рамазон ва каромати он беморони мубтало ба бемориҳои пӯстиро ҳам дар бар мегирад. Зеро баъзе аз бемориҳои пӯст ба воситаи рӯза беҳтар мешаванд ва робитаи ғизо бо бемориҳои пӯстӣ хеле қавӣ аст. Муддате худдорӣ кардан аз хӯрдану ошомидан оби дохили ҷисму оби дохили хунро коҳиш медиҳад. Ин дар навбати худ боиси кам шудани об дар пӯст низ мегардад. Он гоҳ муқовимати пӯсти бадан дар муқобили бемориҳои пӯстӣ афзоиш меёбад».
Рамазон моҳи осоиш ва халос шудан аз шарри заҳрҳо ва зиёни онҳост. Кам хӯрдан сабаб мешавад, ки миқдори ғизои андаке ба рӯдаҳо бирасад. Ин амал боиси истироҳат кардани рӯдаҳо мешавад ва микробҳои фаровони он коҳиш меёбанд.
Рӯза ба ахлоқи рӯзадор низ таъсири зиндаву фаъол ва нерӯманде дорад. Зеро дар муддати як моҳи комил на танҳо рӯзадорро аз гирифторӣ ба гуноҳон ва чизҳои ҳаром бозмедорад, балки ӯро дар ҳоли анҷоми олитарин тоат ва фармонбардорӣ қарор медиҳад. Рӯза инсонро аз анҷом додани ҳар гуна разилат ва кирдори нописанд бозмедорад.
Рӯза меҳру муҳаббатро дар байни афроди хонавода густариш медиҳад ва ҷамъи парокандаи онҳоро дубора гирди ҳам меорад. Имкон фароҳам меорад, ки ҳама шому саҳар гирди дастурхон ҷамъ шаванд.
Исбот шудааст, ки ғизо хӯрдан сабаби ба меъда ва узвҳои ҳозима расидани хун мешавад, то ин узвҳо битавонанд вазифаи худро анҷом диҳанд. Дар ин сурат нишот, фаъолият ва шиддати зеҳнӣ коҳиш меёбад. Пас маълум мешавад, ки фаъолияти зеҳниву ақлӣ ба воситаи рӯза гирифтан хубтару беҳтар мегардад. Аз ин рӯ, бузургон ҷӯяндагони илму донишро ба кам гуфтану кам хӯрдану кам хобидан даъват кардаанд.
Ҳоҷӣ Сайфиддини Наҷмиддин
Категория: Культура | Просмотров: 1913 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024