Воскресенье-Якшанбе
05.05.2024
10:20
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 17 » Пурсидан айб нест
Пурсидан айб нест
12:58
Рӯзаро ба тоҷикӣ ният кардан равост?
Рӯзаро кай ният кардан лозим аст ва оё бо забони тоҷикӣ нияти рӯза кардан равост?
Абдулҳамид, ноҳияи Файзобод.
Яке аз фароизи рӯза ният кардан аст. Барои ният кардан вақти мушаххасе нест. Аз шоми имрӯз метавонед барои рӯзаи фардо ният кунед. Аммо фаромӯш накунед, ки барои рӯзаи ҳаррӯза алоҳида ният бояд кард. Бо забони тоҷикӣ ният кардан ҷоиз аст. Масалан, рӯзадор метавонад чунин ният кунад: «Ният кардам рӯзаи фарзии фардоро, ки аз моҳи Рамазон аст».

Кадом амалҳо рӯзаро мешикананд?
Рӯза аз кадом амалҳо мешиканад? Касе, ки рӯзааш шикаста бошад, рӯзҳои боқимондаи Рамазон бояд чӣ кор кунад?
Искандар, сокини пойтахт.
Ҳар касе баъд аз дамидани субҳ то фарорасии шом рӯзадориашро дониста чизе бихӯрад ё бинӯшад ва ё алоқаи ҷинсӣ кунад, рӯзааш мешиканад.
Заноне, ки ҳайз ё нифос мебинанд, рӯзаи ҳамонрӯзаашон мешиканад. Агар фарз кардем, зане дар як моҳ 5 рӯз ҳайз дид, баъди Рамазон 5 рӯз рӯзаи қазоӣ медорад. Касе, ки қасдан як рӯз рӯзаашро хӯрда бошад, метавонад рӯзҳои дигари Рамазонро рӯза бигирад. Баъзеҳо чунин ақидаи хато доранд, ки ин гуна ашхосро «рӯзаи имсолаат барбод рафт» - гӯён ноумед мекунанд. Ҳол он ки ӯ метавонад рӯзҳои дигарро рӯза бидоранд. Баъди Рамазон ӯро лозим меояд, ки ё 60 мискинро таъом бидиҳад ва ё ду моҳ паиҳам рӯза бигирад. Инро каффорат мегӯянд. Илова бар он як рӯз рӯзаи қазоӣ медорад.
Агар шахсе ба сабаби 3-4 рӯзи бемориаш ё сафар кардан рӯзаашро хӯрда бошад, ӯ ҳам баъди Рамазон 3-4 рӯз қазоӣ рӯза мегирад.

Хондани таровеҳ ҳатмӣ аст?
Барои касоне, ки рӯза мегиранд, хондани намози таровиҳ ҳатмӣ аст? Агар касоне, ки бо узре рӯза гирифта натавонанд, ҳақ доранд, ки намози таровеҳро бихонанд?
Маҳмуд, ноҳияи Шаҳринав.
Яке аз ибодатҳои хоси моҳи Рамазон хондани намози таровеҳ аст. Намози таровеҳ ба сурати ҷамоат дар масҷид ва ё ба сурати инфиродӣ дар хона хонда мешавад. Ин намозро ба он сабаб «таровеҳ» меноманд, ки дар байни ҳар ду бор салом додан як нишаст барои истироҳат ҳас, ки намозгузор ба зикру дуо мепардозад. Намози таровеҳро дар мазоҳиби гуногун аз 8 то 36 ракаат мехонанд. Дар диёри мо 20 ракаат ва бо ҷамоат хондани намози таровеҳ маъмулд аст. Шояд сабаби асосии дар масоҷид баргузор шудани намози таровеҳ дар он бошад, ки василае барои тиловати Қуръони Карим гардад. Масалан, дар давраи тобеин (мусулмононе, ки саҳобагони Пайғамбар алайҳисаломро дидаанд) сураи «Бақара»-ро дар ракаати таровеҳ мехонданд...
Намози таровиҳро баъди 2 ракаат суннати хуфтан мехонанд. Дар моҳи Рамазон намози витри воҷиб низ бо ҷамоат адо карда мешавад. Пеш аз таровеҳ ё баъд аз таровеҳ хондани он боке надорад.
Хондани намози таровеҳ савоби зиёд дорад. Агар касоне, ки бо узре рӯза гирифта наметавонанд, таровеҳ бихонанд, савоб мегиранд. Намоз ибодати алоҳида аст. Ҳар амали неке, ки дар Рамазон карда мешавад, савоби он чанд баробар зиёд ба банда дода хоҳад шуд. Намози таровеҳ низ аз ҷумлаи ҳамин гуна амалҳои нек аст.

Дуои дидани моҳи нав кадом аст?
Боре шахсе ҳангоми дидани моҳи нав чунин муноҷот хонд:
Эй моҳи амону тандурустӣ,
Шаш чиз ба мо ато фиристӣ...
Ман ба ӯ гуфтам, ки моҳ низ махлуқ асту имкони фиристодани чизеро надорад. Мо бояд танҳо аз Худо бихоҳем...
Хуб мешуд агар дуои дидани моҳи навро дар рӯзнома нашр мекардед.
Мансур, шаҳри Душанбе
Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳар бор вақте моҳи навро медиданд, чунин дуо мекарданд: «Аллоҳума аҳиллаҳу алайно билюмни вал имони вас саломати вал исломи ват тавфиқи лимо туҳиббу ва тарзо... Раббӣ ва раббукаллоҳу» (Худовандо, ин моҳро бо хайру баракат, имону саломатӣ ва ислом бар мо тоза гардон ва моро ба он чӣ дӯст медорию боиси хушнудии ту мешавад, муваффақ гардон... Эй моҳ, Парвардигори ману ту Аллоҳ аст».

Аз рӯзҳои аввали Рамазон садақаи фитр додан равост?
Дар деҳаи мо аз оғози моҳи Рамазон ифторкунӣ сар мешавад ва ифторкунанда дар рӯзи навбаташ садақаи фитрашро низ медиҳад. Магар садақаи фитрро дар охири Рамазон намедиҳанд?
Мирзо, ноҳияи Рӯдакӣ
То саршавии Рамазон намози ид пардохт кардани садақаи фитр воҷиб аст. Абдуллоҳ ибни Умар (р) нақл мекунанд: «Паёмбар (с) ба мо дастур додаанд, ки садақаи фитрро пеш аз берун баромадани мардуми барои намози ид бипардозем». Дар мазҳаби Имоми Аъзам ва имом Шафиӣ раҳматуллоҳи алайҳ аз оғози моҳи шарифи Рамазон то саршавии намози ид додани садақаи фитр ҷоиз аст. Зеро шахси фақиру мӯҳтоҷе, ки садақаи фитрро мегирад, то фарорасии ид чизҳои барояш заруриро мехарад.
Агар касе садақаи фитрро баъди адои намози ид бидиҳад, он садақаи оддӣ ба шумор меравад.

Чаро «даҳаи раҳмат» мегӯянд?
Даҳ рӯзи аввали моҳи Рамазонро «даҳаи раҳмат» мегӯянд. Ин чӣ маънӣ дорад?
Салима, сокини пойтахт
Даҳаи аввали моҳи мубораки Рамазонро ба он хотир «даҳаи раҳмат» мегӯянд, ки дар он раҳмати Худои Таъоло ба сари бандагон меборад.
Даҳаи мобайни Рамазонро «мағфират» мегӯянд. Дар ин даҳ рӯз гуноҳони бандагони боимон бахшида мешавад. Даҳаи охири Рамазонро, халосӣ аз оташи дӯзах» меноманд. Касоне, ки аз гуноҳҳо худдорӣ намуда, амалҳои нек кунанд, аз оташи дӯзах наҷот меёбанд.

Оё намози таровеҳ қазо дорад?
Агар шахсе бо сабабе намози таровеҳро хонда натавонист, қазо хонда метавонад? Ва оё занон низ намози таровеҳ мехонанд?
Тоҷиддин, шаҳри Турсунзода
Вақти намози таровеҳ баъди адои хуфтан то дамидани субҳ аст. Касе дар ин муддат хонда натавонист, аз ӯ соқит мешавад ва наметавонад онро қазо хонад. Аммо аз савоб маҳрум мешавад. Тибқи ривояте дар ҳар ракаати таровеҳ якуним ҳазор ҳасанот (савоби накӯиҳо) аст.Занон низ таровеҳ мехонанд, аммо онро танҳо (бе ҷамоат) адо мекунанд.

Маънии Рамазон «сӯхтан» аст?
Мегӯянд, ки маънии Рамазон «сӯхтан» асту касе рӯза бигирад,гуноҳонаш месӯзанду ӯ пок мешавад. Оё ин ақида дуруст аст?
Маҳтоб, шаҳри Душанбе
Абдушарифи Боқизода дар китоби «Накҳати Рамазон» навиштааст: «Калимаи Рамазон аз решаи «Рамз» ба маънои «тарсонидан» ва ё «тарсидан» дар зери ҳарорати офтоб мебошад... Вақте вуҷуди шахси рӯзадор дар коргоҳи моҳи Рамазон гудохта мешавад ва аз тамоми палидиҳо пок мегардад, дигар ҳоҷате ба гудохтани дубораи ӯ дар оташи дӯзах боқӣ намемонад. Оташи дӯзах одамонеро месӯзад ва дар худ мегудозад, ки дар дунё худро бо барномаҳои инсонсози ойини ислом, аз ҷумла бо ин василаи муассири илоҳӣ пок насохта бошанд.

Категория: Общество | Просмотров: 3002 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024