Четверг-Панҷшанбе
09.05.2024
13:24
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2012 » Август » 18 » Президентҳои мансабдӯст халқро кай ором мегузоранд?
Президентҳои мансабдӯст халқро кай ором мегузоранд?
20:06
Ҳодисаҳои дар сойири ҷаҳон рӯй медода аз он далолат мекунад, ки мардум аз шеваи роҳбарӣ ва иқдоми раҳбарони кишварашон ба дод омадаанд. Аммо раҳбарони давлатҳо бо зӯр, найранг ва шеваҳои ба худашон хос мехоҳанд чамбари салтанатро дар даст нигоҳ доранд. Дар чунин ҳолат метавон ба хулосае омад, ки арзиш, ахлоқ ва суннатҳои инсондӯстӣ кайҳо барои ин гуна роҳбарон бегона гаштааст. Дар тамоми ҷаҳон мардум барои расидан ба зиндагии шоиставу саодатмандона бо роҳбаронашон дар сангар қарор гирифтаанд. Ин гуна бархӯрдҳоро метавон бо ангуш шумурд:
Аз фирори Акаев то «галстукхоӣ»-ии Саакашвили
Дар таърихи давлатдории роҳбарони ҷаҳон ҳодисоти мухталифе иттифоқ афтодааст, ки на танҳо барои худашон, балки баҳри дигарон низ бояд сабақ гашта бошад. Дар Осиёи Марказӣ собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев бо мардум забон наёфту аз кишвараш фирор кард. Албатта, тарс аз қаҳру ғазаби мардум президенти саркашро ба чунин ҳолат овард. Дар он шабу рӯз А. Акаев ба воситаи телевизионҳои Русия баромад карда, аз тарроҳони инқилоби кишвараш интиқод кардаву гуфт, ки халқ аз ӯро «пеш» карданашон пушаймон мешаванд. Ман намедонам, Акаев бо мардумаш кадом меросро тақсим карда натавонист. Аммо Президенти нав Қурмонбек Боқиев, ки яке аз даъвогарони асосӣ барои беҳ гардонидани рӯзгори мардуми қирғиз буд, сарнавишти ҳамтойи пешинашро такрор кард. Дар ин бархӯрдҳои инқилобгаройӣ беш аз ҳама худи мардуми Қирғизистон озору азият кашид, на онҳое, ки аз мардум зиёдтар курсии мансабро дӯст медоштанд. Табиист, ки роҳбарон меоянду мераванд, аммо мардум боз ҳам барои давлат ва ободии сарзаминашон азият мекашанд. Агар раҳбар дар фикри мардум бошад, пас халқ хушбахт аст.
Дар барномаи Шабакаи телевизионии «МИР» хонаеро нишон доданд, ки дар он ҷо собиқ Президенти Қирғизистон Қ. Боқиев зиндагӣ мекард. Аз ҳама ҷолиб дар ин сужет он буд, ки ду нафар маъюб - бошандагони ин хона аз надодани маблағи барқу газ хурсандӣ доштанд. Зеро дар хонаи собиқ Президент ҳеҷ гуна ҳисобкунак насб нашудаву касе аз онҳо маблағ намепурсид. Дуруст аст, ки бояд президентҳо аз ҳама имтиёзҳои барояшон муайяншуда ба пуррагӣ истифода баранд, аммо роҳбарон бояд барои халқашон намуна ҳам бошанд-ку!
Сарнавишти Президенти дигари яке аз давлатҳои собиқ Шӯравӣ низ омӯзанда аст. М. Саакашвили - роҳбари Гурҷистон давлаташро ба қавле аз дасти «порахӯрон» наҷот дод. Сипас, бо расидан ба қудрат вай низ ба шоҳроҳе равон гашт, ки роҳбарони дигар низ аз он ҷо гузар кардаанд. Мухолифонашро яке паси дигар ба зиндон кашид ва ё аз байн бардошт. Сониян, эътирозҳои мардумашро бо воситаи зӯри бозуи сарбозони артиш фурӯ нишонд. Ва кам касе ба ин бовар буд, ки маҳз дар давраи марди миллатдӯст Саакашвили гурҷиҳо азизони худро дар ҷанг алайҳи русҳо аз даст медиҳанд. Шабакаҳои бузургтарини чаҳони лаҳзаи «галастукхойӣ»-и Саакашвилиро ба намоиш гузоштанд. Дар ин лаҳзаҳо симои президент Саакашвили басо хандахариш ба назар мерасид. Вале бояд гуфт, ки ин ҳама фоҷиаи мардум аст. Зеро мардум дар фикри расидан ба як зиндагии шоиста аз қафои ормонҳое меравад, ки оқибат дар нимароҳ мемонад. Касе ҳам дар ҳошия ва қиболи инқилобҳои охирини дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ рӯйдода гуфта наметавонад, ки иваз шудани қудрат дар кадоме аз ин кишварҳо ба манфиати мардум анҷом пазируфтааст. То ҳанӯз хостаҳои эшон дар нимароҳ аст.
Мансабдӯстии Президент - марги мардум
Имрӯз дар аксари кишварҳо роҳбарон гоҳо фикр мекунанд, ки курсии мансаб барои эшон якумрӣ дода шудааст. Онҳо ба ҳеч ваҷҳ намехоҳанд, ки касе барои аз сари қудрат рафтани онҳо сар бардорад. Дар таърихи башарият иттифоқоти зиёде рух дода, ки мардум барои манофеашон талош кардаву ба ҳукми роҳбарони давлаташон кушта гардидаанд. Дар кишварҳои арабӣ мушоҳида мешавад, ки мардум аз риоя нашудани ҳуқуқашон аз раҳбарони давлаташон гиребонгир ҳастанд. Сарнавишти роҳбарони Тунис, Миср Либия ва Сурия барои ҳамагон маълум аст. Дар аксари ин кишварҳо роҳбарони давлатҳо маҷбуран аз сари қудрат дур карда шудаанд. Бар асари ин даргириҳо даҳҳо ҳазор афрод куштаву аз ин бештар бе манзил гаштааст. Вале барои президент куштани халқаш беҳтар аз он аст, ки вай курсияшро пеш аз мӯҳлат супорад.
Сарнавишти мардуми Сурия бозгуйи он аст, ки Президент Башор Асад аз зумраи чунин раҳбарон аст. Вай талош дорад, ки бо ҳар баҳона мардуми кишварашро нагузорад, ки эшон сарнавишти худро таъйин бикунанд. Бо гузашти рӯзҳо маргу мири мардуми осоишта меафзояд, вале Башор Асад барин роҳбарон танҳо дар фикри мансаб ҳастанду халос. Ин гуна шеваи кор барои ҳеҷ кишвар ё давлате пояндадор нест. Зеро мардум роҳбари некройро ҳамеша боифтихор ёд мекунанд, аммо ба раҳбари бадаҳд дили касе намесӯзад.
Дӯстии дурӯғини президентҳо
Ман намедонам, то куҷо метавон ба дӯстии байни президентҳо бовар кард. Аммо президентҳо низ байни ҳам бисёр асрорҳои ногуфтаву нокушода доранд. Баъзан бо шарофати дӯстияшон корҳои пурмуаммову сарпечро низ дар вақту соати кӯтоҳ ба охир мерасонанд ва ифтихормандона, эълон мекунанд, ки гӯё ин ҳама натиҷаи дӯстияшон аст. Намунаи возеҳаш дӯстии дурӯғини президенти собиқи Николя Саркозӣ бо собиқ раҳбари Либия Муаммар Қаззофист, ки билохира бо марги дуввумӣ ба поён расид. Фарзанди Қаззофӣ асрори нокушодаи падарашро фош кард, ки дар маъракаи таблиғотии президенти Фаронса ба дӯсташ пули калон додааст.
Робитаи раҳбарони Амрико бо президенти кушташудаи Ироқ - Саддом Ҳусейнро низ расонаҳо фош намуданд. Дар охирин сӯҳбаташ Саддом Ҳусейн бо Шабакаи «Ал Ҷазира» робитаашро бо Президентҳои Амрико таъийд намуда, эшонро таҳриккунандагони ҷанги байни Ироқу Эрон дониста буд.
Дар байни президентҳои Осиёи Марказӣ то куҷо дӯстии доимӣ мавҷуд аст, муаммост, аммо яқинан, шеваи муносибати дӯстона кампайдост. Агар дӯстии содиқона ҷой медошт, давлатҳои Осиё Марказӣ кайҳо аз қайди бӯҳронҳои сунъии абарқудратҳо раҳо меёфтанд.
Дидгоҳ ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки президентҳо на танҳо барои халқашон, балки барои ҳамсоягонашон низ метавонанд манфиаташон бирасад. Дар мисоли гирифториҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон метавон чунин бардоштеро ҳосил намуд, ки раҳбарони Осиёи Марказӣ дар ташвиқи дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамсоядорӣ кори назаррасеро ба анҷом намерасонанд. Вагарна барои мардуми ин минтақа, ки асрҳо дар ҷавори ҳамдигар зиндагиву кор кардаанд, забонёбӣ барояшон мушкил нест.
Воқеан, агар дӯстии содиқона дар байни раҳбарони давлатҳо ҷой медошт, эшон кайҳо манфиатҳои геополитикиии худро канор гузошта танҳо дар бораи мардумашон фикр мекарданд. Зеро дар дунё тамоми мардум қариб бо проблема ё мушкилоти ҳаммонанд гирифтор аст. Ва барои расидан ба дарди халқу миллатҳо раҳбаронро лозим меояд, ки ташаббуси наҷотбахшеро барои мардумашон ба роҳ монанд. Аз сӯи дигар, даст кашидан аз дӯстии дурӯғин президентҳоро ба он раҳнамоӣ мекунад, ки ба манфиати мардум кор бикунанд.
Мансаб меросӣ нест
Раҳбарони Тунису Миср ва Либия яке бо зӯри дигаре бо фишор аз мансаби президентӣ маҳрум гаштанд. Раҳбарони давлатҳои дигари минтақа низ бояд аз сарнавишти эшон сабақе гирифта бошанд. Ба ҳар васила на дар фикри маҳкам доштани курсии мансаб бошанд, балки роҳи ба дили халқ ҷой гирифтанро ҷустуҷӯ намоянд. Мардум ҳамеша дар канори роҳбари содиқ хидмати ҷонфидоёнаро анҷом медиҳад. Президентҳо бояд бидонанд, ки мансаб меросӣ набуда, онро бояд ба касе супурд. Зеро халқ набояд баҳри мансабдӯстии роҳбаронаш қурбон шавад. Он гуна, ки мисолашро дар Сурияву манотиқи дигар мушоҳида мекунем. Дар боло таъкид намудем, ки бархе роҳбарон бо истифода аз нерӯи халқашон мехоҳанд, ки мардум танҳо хидматгори онҳо бошад. Аммо бехабар аз он ки зулму ситам, беэҳтиромӣ нисбати мардум оқибат ба сарашон бадбахтиҳо меоварад. Масалан, агар Қурмонбек Боқиев аз сарнавишти Аскар Акаев сабақе мегирифт, ба чунин рӯз гирифтор намегашт. Ҳамин ҳоло Башор Асадро низ сарнавишти ҳамтоёнаш Ҳуснӣ Муборак ва Муаммар Қаззофӣ панд нест. Вай низ метавонист иштибоҳи президентҳои дигарро такрор накунад, аммо «ширинӣ»-и мансаб ҳар роҳбареро метавонад бероҳа кунад ва ӯ аллакай таъхир намуд. Барои дигарон бошад, ҳанӯз дер нашудааст…
Шаҳриёри Нодирпур
Категория: Политика | Просмотров: 942 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024