Четверг-Панҷшанбе
18.04.2024
08:54
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Февраль » 24 » ОЁ КӮЛИ САРЕЗРО ЭРОН ХАРИДАНИСТ?
ОЁ КӮЛИ САРЕЗРО ЭРОН ХАРИДАНИСТ?
19:08
Расо сад сол қабл 12-уми феврали соли 1911 дар ғарби Бадахшон заминларзаи шадид рух дод дар натиҷайи лағжиши кӯҳ кӯли Сарез пайдо шуд.
Сомонаҳои интернетӣ оид ба кӯли Сарез чандин маводҳои бардурӯғ таҳия намуданд. Аз ҷумла овоза кардаанд, ки гӯё оби ин кӯл сол то сол баланд шуда, соли 2012 сарбандро рахна мекунад ва дар натиҷа Осиёи Миёна зери об мемонад. Гӯё кӯли Сарезро кишвари Эрон хариданист ва ғайраю ҳоказо.
Саодатқадам Маскаев, муовини сардори раёсати истифодабарии системаи Усой ва масъалаҳои кӯли Сарези Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи мудофияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар робита ба кӯли Сарез мегӯяд, ки дар бист соли охир кумита кӯшиш намуд, ки атроф ва дохили Сарезро бо таҷҳизоти навин таъмин намоядд, ки он аз паст ва баланд шудани об дарак медиҳад. Имрӯзҳо таҳқиқотҳо оид ба Сарез гузаронида мешаванд ва кӯл шабонарӯз дар таҳти назорати навбатдорон қарор дорад. Кумитаи мазкур ният дорад, ки моҳи сентябри соли равон оид ба садсолагии Сарез конфронс баргузор намоянд ва аллакай ба тамоми ташкилотҳо даъватнома ирсол шудааст.
4 миллиону 290 ҳазор доллар барои Сарез сарфа шуд
Соли 2005 лоиҳае таҳти унвони «Кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез» ба имзо расонида шуд. Дар ин чорчӯба аз давлатҳои хориҷа ба маблағи 4 миллиону 290 ҳазор доллар ворид гардид. Аз ҷумла 470 ҳазор доллар Бонки умумиҷаҳонӣ, 170 ҳазор Ҳукумати ҶТ, 2 млн. 800 ҳазор Ташкилоти шведии СЕКО, дигар маблағгузориҳо азтарафи хазинаи Оғохон, ҳукумати Амрико ва Фокус маблағгузорӣ шудааст. Аз ин маблағ кумита барои Сарез радар, навигатсияи навин харидори шуда, ки таҷҳизоти аввалиндараҷа метавонад дар ҳолати баланд шудани кӯл то қишлоқҷойҳо аҳолии таҳҷоиро хабардор кунад.
Геологон аз шароити бад гила мекунанд
Сардори гӯрӯҳи Сарез Файзуллоев Қурбоналӣ чунин ибрози назар кард, ки маоше онҳо мегиранд, хеле кам аст, яъне маоши кормандон 300 то 400 сомониро ташкил медиҳад.
Дар давоми се моҳ мутаххасисони Корхонаи воҳидии экспедитсияи гидрогеологӣ як маротиба кӯли Сарезро аз назар мегузаронанд. Давоми чанд сол аст, ки онҳо наметавонанд корҳои таҳқиқотиро дар кӯли Сарез ба анҷом расонанд, Ба ин надоштани қаиқ, мотор, асбобҳои лозима ва нарасидани ғизо дар тулӣ як ё ду моҳ сабабгор аст. Онҳо мегӯянд, ки барои дарёфт кардани ин асбобҳо геологҳо танқисӣ мекашанд ва ба чанд ташкилотҳои хориҷа муроҷиат намуданд, то тавонанд ҳолати кӯлро ба пуррагӣ омӯхта, хулосаҳои дақиқ бароранд.
Дар замони Шӯравӣ аз ҳолати геологон ҳамагон воқиф буданд, ҳоло бошад касе пурсон намешавад, ки экспедитсияи гидрогеология дар ҳамин гуна шароити номутобиқи кӯҳӣ чӣ гуна кор мекунад, - гуфт Бахтибек Асматбеков, саргидрогеологи Корхонаи воҳидии экспедитсияи гидрогеологяи чанубӣ.
Сарез харидор дорад…
Барои харидории Сарез то ҳол ягон давлат чизе нагуфтааст ва он овозаҳои интернетӣ дар хусуси харидории Эрон низ воқеият надорад, - мегӯяд Саодатқадам Маскаев, муовини сардори Раёсати истифодабарии системаи УСОЙ ва масъалаҳои кӯли Сарези Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи мудофияи граждании назди Ҳукумати ҶТ. Ӯ инчунин афзуд, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар чанд баромадҳои худ зикр намуд, ки кишварҳои аз оби ошомидани танқиси дошта мекӯшанд то оби Сарезро ба ин гуна кишварҳо интиқол бидиҳем. Вале як чизро бояд гуфт, ки барои интиқоли оби Сарез бояд роҳ кушод ва ба ҳолати бехатарӣ овардани ин кӯл ва коркарди барқ, гузаронидани қубурҳо шароит фароҳам овард. Дар ҳамин ҳолат мо метавонем ҳамсоякишварҳоро бо оби тоза таъмин созем.
Вазъияти гирду атрофи кӯл чӣ гуна аст?
Сатҳи оби кӯл 3260,81 м аз сатҳи баҳр, нисбат ба соли гузашта 3,26 м баландтар аст. Дар як шабонарӯз сатҳи об 3 сантиметр паст мешавад.
Пастшавии сатҳи об то моҳи май давом мекунад. Айни ҳол сатҳи болоии оби кӯл ях бастаст. Ғафсии ях 15 сантиметр. Рӯзҳои 1-3-уми май яхи болои кӯл об шуда, аз рӯзи обшудани ях сатҳи об дар як шабонарӯз 1-2 сантиметр баланд шудан мегирад. То моҳи сентябр сатҳи об боз баланд шуда, мобайни ин моҳ, яъне 15 сентябр сатҳи об паст мешавад.
Муаррифии «ЧГ»:
Дарозии кӯли Сарез - 55,8 км; баландиаш - 3,263 м; бари максималии он 3,3км; бари миёнааш- 1,44 км; чуқурии максималиаш 499,6 м-ро ташкил медиҳад.
Руқияи Боймуҳаммад
Категория: Новости дня | Просмотров: 1694 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 3
3 Valijon  
0
илтимос Манба жавоб дехет лимити Барк кай тамом мешавад ва барои чи барк тамоман нес

2 123  
0
Валейкум ассалом Рустамчон, бемалол чизе макулат бошад ба сомонаи худ чой дех.

1 Rustam Ravshani  
0
Салом ман Рустам, мехостам бо Шумо хамкори кунам , сомонаи ман www.rustam.okis.ru
Мехостам маводхои Шуморо ба сомонаи худ чойгир кунам Шумо рози хастед?Ман дар инчоям: rustamokis@gmail.com


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Февраль 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024