Воскресенье-Якшанбе
28.04.2024
10:57
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Май » 25 » Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Ман сар то по гунаҳкорам…
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Ман сар то по гунаҳкорам…
22:22


…Шумо натарсида зиндагӣ кардан гиред, қиёмат ҳоло дур аст.
Фишурдаи гуфтугӯи мустақими www.tojnews бо рӯҳонии саршинос Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
-Салому дуруди бепоён, устод Тӯраҷонзода! Сабаб дар чист, ки имрӯзҳо ҳуқуқи занону духтарон дар ҷомеа поймол мешавад ва чаро домуллоҳо ва имомхатибон доир ба ҳуқуқи занон ва духтарон, ки дар "Қуръони маҷид" оварда шудааст, кам ҳарф мезананд?
Амрулло
-Воқеан бисёриҳо ин суолро медиҳанд. Аввал ин ки мардуми мо аз аҳкоми исломӣ доир ба ҳуқуқи зан маълумоти кофӣ надоранд. Дуюм, шояд аз он хотир бошад, ки на ҳама имомхатибони масоҷид маълумоти кофӣ дар ин мавзӯъ доранд.
-Мегӯянд, ки Шумо "Илми Кашмирро" медонед, оё ин рост аст?
Саломат
-Не, ин гап дурӯғ аст.
-Ман ду зан гирифтам, вале ҳарду зани ман як хел хислат ва як хел рафтор доранд. Ҳатто як хел нозу нуз доранд ва талабгори чизи дунявӣ мебошанд. Оё ҳамаи занҳо чунинанд?
Шамшод
-Бале, аксарияти мутлақи занҳо чунинанд. Зеро ҳамаи онҳо дар як низоми мактабу маориф ва як фазои фарҳангии ҷомеа тарбия ёфтаанд.
-Олимон ақида доранд, ки ба ҳама сиратро гӯй, аммо ба занҳо ҳеҷ гоҳ. Оё ин рост аст?
Иброҳим
-Ман чунин ҳарферо нашунидаам. Вале баъзе ҳукамо насиҳат карда гуфтаанд, ки сирҳое, ки ошкоршавиаш барои худат ва дигарон хатарнок аст, ба ҳеҷ кас нагӯй, аз ҷумла ба ҳамсар. Ҳазрати Алӣ фармудаанд: «Ҳар сирре, ки аз байни ду лаб барояд, паҳн мешавад».
-Дар урфият мегӯянд, ки «Аз макри зан андеша кун». Ҳаминро шарҳ медодед.
Муҳаммад
-Ҳамчунин, аз макри мардҳо низ андеша кунед!
-Ман дар хона 100 сомонӣ гум кардам ва медонам, ки онро занам гирифт. Як маротибаи дигар низ 50 сомониамро гирифт. Аз ӯ мепурсам, ки ту гирифтӣ, рад мекунад. Вале ман медонам, ки дар хона ғайри ӯ каси дигар нест. Дар кадом ҳолат дуздии занро гуноҳ ҳисобидан мумкин аст?
Ҳамроҳ
- Бародари гиромӣ, аз занатон бадгумон нашавед. Пеш аз зан гирифтан занеро ихтиёр мекардед, ки худотарс мебуд ва чунин ҳолатҳо шояд дар хона рӯй намедод. Акнун, ки далели қатъӣ надоред, набояд аз занатон бадгумон шавед. Хусусан, худое накарда хонуматонро ба дуздӣ муттаҳам намоед. Бидуни далели қатъӣ тӯҳмат кардан гуноҳи кабира аст ва аз сӯи дигар, ҳурмати Шумо ҳамчун шавҳар дар назари занатон паст мешавад. Шояд ҳамсаратонро аз нигоҳи моддӣ таъмини кофӣ намекунед...
- Дарахти макри зан сад реша дорад, фалак аз дасти зан андеша дорад. Тафсири ин гуфтаҳоро содда карда мефаҳмонидед.
Биҳиштии Нурӣ
- Аз назари ман, мардҳо дар макру дасиса аз занҳо кам нестанд. Шояд шоире аз дасти ҳамсараш ба дод омада, чунин мисраҳоро гуфтааст, мисли Саъдии Бузург. Ин назм хеле ҳам содда аст ва эҳтиёҷ ба шарҳи соддатар надорад.
- Андешаи Шумо нисбати заноне, ки имрӯз бо сабаби дар корхонаҳои давлатӣ кор карданашон аз кардани сатр маҳрум гаштаанд чист? Зеро банда худ ба чунин душворӣ рӯ ба рӯ шудаам ва ҳеҷ худро бахшида наметавонам.
Зуҳалбону
-Агар Шумо ва амсоли Шумо ба кор кардан ниёзу эҳтиёҷ дошта бошед, яъне падар ё шавҳаре, ки эҳтиёҷоти моддии Шуморо таъмин карда натавонад, дар ин ҳолат зарур аст, ба қадри зарурат корро идома диҳед. Аммо хоҳиш мекунам, то даромадани коргоҳ бо риояи ҳиҷоби исломӣ равед ва ҳамчунин, ки аз коргоҳ мебароед, ба манзил ҳам бо ҳиҷоб бозгардед. Агар имкони моддии хуб дошта бошед, кор накунед.
-Оё сатр ва ё хиҷобе, ки имрӯз занону духтарони тоҷик мепӯшанд, ба талаботи дини ислом ҷавобгӯ мебошад?
Зебо
-Бале, агар он ҷойҳоеро, ки шариат амр кардааст, пӯшида бошад.
-Миёни мардум масалест, ки "Зан аз тухми шайтон аст". Ин гуфта табиист, ки аксар аз забони мардон садо медиҳад. Чун ба чанде муроҷиат кардам, ки оё ин гуфта асос дорад, посух доданд, ки бале. Вале, чун гуфтам, ки «пас, модари шумо кисту шумо зодаи кӣ?» лолу гунг шуданд. Ба фикри Шумо, ин гуна масалҳо аз кучо сарчашма мегиранд ва оё асоси воқеӣ доранд?
Зулол
-Ин масъалаҳо аз сабаби паҳн шудани хурофот ва дур шудан аз таълимоти исломӣ пайдо шудааст. Ин гуна суханони таҳқиромез ҳақиқати шаръӣ надоранд.
-Фикри шумо оид ба дузанагӣ ва бисёрзанагӣ? Фикр мекунам, иҷозаи дузанагӣ аввал пешгирии сабукпойии баъзе занони точик, дуввум ҳимояи ҳуқуқҳои занҳои дуввумро таъмин мекунад. Зеро аздусар ба ҳамаи мо маълум аст, ки бисёри мардони мо ду занӣ доранд, аммо ҳуқуқҳои зани дуввуму фарзондони онҳо ба қадри бояду шояд эътироф намешаванд. Фикри Шумо чист?
Саид
- Ман ба фикри Шумо мувофиқам.
-Ҳар китобе менависед, ваъз мегӯед, ё ҳатто имоматии масҷидеро қабул мекунед, ҷои Шумо дар сиёсат холист. Бовари комил дорам, ки агар ба ҲНИТ омадед, Шуморо ҳадди ақал ба ҳайси раҳбари маънавӣ қабул мекунанд. Исломи сиёсии Точикистон ба Шумо ниёз дорад, ва бубахшед, аммо назди Худованд посухи инро, ки раиятатонро вогузоштед, чӣ гуна хоҳед дод?
Фарид
- Бародари гиромӣ! Ман сар то по гунаҳкор ҳастам ва умед аз лутфу раҳмати Худованд дорам, ки гуноҳҳои маро мағфират намояд. Оид ба ин масъала ман намехоҳам ошкоро сӯҳбат кунам. Умед мекунам, ки Шумо маро мефаҳмед ва мебахшед.
-Лутфан мегуфтед, ки масъалаи гендерӣ, яъне баробарҳуқуқии зану мард ба он тавре, ки коршиносони соҳаи мазкур ташвиқаш мекунанд, аз нигоҳи шариат то чӣ андоза дуруст аст? Оё баробарҳуқуқии мутлақ дар зиндагӣ боиси нофаҳмии байни зану мард шуда метавонад?
Зоҳир
- Бале, ташкилотҳое, ки машғули ин кор ҳастанд, ҳама аз тарафи муассисаҳои амрикоию аврупоӣ сармоягузорӣ ва идора мешаванд ва ҳадафи асосии онҳо ҷорӣ кардани фарҳанги христянӣ дар ин мавзӯъ дар ҷомеаи мо мебошад.
-Домулои азиз, оё рост аст, ки аз нигоҳи мазҳаби Ҳанафӣ рафтани занҳо ба масҷид манъ аст?
Вафо
- Не! Тибқи мазҳаби ҳанафӣ иштироки зан дар намозҳои ҷумъаю идайн ҷоиз аст. Фақат дар масъалаи намози панҷвақта байни фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ ихтилоф аст. Аммо дар дигар мазҳабҳои аҳли суннату вал-ҷамоъат рафтани зан ба намозҳои панҷвақта низ ҷоиз аст.
- Оё мусиқӣ ҳалол аст ё ҳаром? Кадом мусиқиро гӯш кардан дуруст асту кадомиро не?
Сабо
-Ин мавзӯи баҳси мо нест.
-Шумо издивоҷи хешутабориро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Оё духтари амма, амак, хола, тағо барои мо хоҳар ҳисоб намешаванд?
Дарвеш
-Духтари аммаву холаву тағою амак барои мо - мусулмонҳо никоҳравост. Ин ҳукми Қуръонист, ки аз тарафи Худо ба мо нозил шудааст. Никоҳ бо духтарони хешовандони зикршуда аз дидгоҳи дини яҳудият ва масеҳият мамнӯъ аст. Аз ин рӯ, дар фарҳанги мардуми масеҳии Аврупову Амрико ва қонунҳои онҳо никоҳи духтарони хешовандони зикршуда манъ шудааст. Табиист, ки олимони масеҳӣ ва яҳудӣ барои дифоъ аз аҳкоми динашон далелҳои «илмӣ» ҷустуҷӯ мекунанд ва зарар доштани чунин никоҳҳоро бо таври «илмӣ» ба ҷомеаҳои ғайри масеҳӣ пешниҳод ва гоҳо таҳмил мекунанд.
Шариати ислом тарғиб намекунад, ки ба духтари аммаву хола, амаку тағоӣ издивоҷ намоем. Фақат иҷозат додааст.
-Ҳамагон ин ҷо дар бораи баробарии зану мард сухан гуфтаанду суолгузорӣ кардаанд, аммо касе дар бораи ҳаққи зан ба амвол ва моликият чизе намепурсад. Медонам, ки аксар мардум, аз ҷумла, мардон ҳеҷ намехоханд, ки занон дар ин бора бештар донанд.
Кароматулло
-Дар Аврупои мутамаддин миёнаи асри 20-ум, баъди вафоти диктатори Испания генерал Франко занҳо соҳиби тамлики моликият шуданд. (Яъне то ин вақт аз ҳаққи хона доштан, мошин доштан, маблағи бонкӣ доштан маҳрум буданд). Аммо ислом 1430 сол пештар аз ин ба занҳо аз тариқи оёти қуръонӣ ҳаққи тамлик ва тасарруфи озоди моли худро дод.
-Аввалан узр, агар ин суол шаккокӣ бошад. Ман дар Ислом саводи казоӣ надорам, вале дина як урус саволам дод, ки чаро Ислом чор зан гирифтанро иҷоза медиҳаду чор шавҳарро не, магар ин хилофи баробарии марду зан нест? Ман нахостам ҷавоби бедалел диҳам.Ҷавоби бодалел медодед, хуб мешуд.
Сафо
- Ҳукмҳое, ки аз тариқи Қуръон нозил шудаанд, мо вазифадор нестем, ки ҳикмати онҳоро ҷустуҷӯ намоем. Аммо барои Шумо як ҳикмати онро зикр мекунам. Агар як зан 2-4 шавҳар дошта бошаду фарзанд таваллуд кунад, ба кадоми онҳо нисбат дода мешавад?...
- Бингаред, мардуми тоҷик аз афзудани фоҳишахо дар назди Қараболову Дӯстиву Садбарг изҳори таассуф мекунанд. Сабаби ба чунин расвоӣ даст задани баъзе занҳо дар чӣ бошад?
Комрон
- Дар дур будан аз маърифат ва тарбияи исломӣ, вазъи мавҷудаи иқтисодию иҷтимоӣ, бешавҳарӣ ё дур будани шавҳарҳо муддати тӯлонӣ. Хулоса, омилҳои зиёде ҳастанд, ки хоҳарҳои моро ба ин ҷинояти бузург мебаранд. Ба ҳар ҳол, аз хоҳарҳои азиз хоҳиш мекунам аз ин ҷиноят даст кашанд, зеро онҳо тоқати таҳаммул кардани азоби қиёматро надоранд ва дар ҳамин дунё низ билохира хору зор мешаванд. То ин ҷиноятро содир кардан бо никоҳи исломӣ ба ягон нафари худотарсу баинсоф зани 2-юм шаванд, беҳтар аст. Шояд аз ин пешниҳоди ман «ҳомиҳо»-и ҳуқуқи зан ба ҳуҷуми банда гузаранд.
-Домулло, яке аз нишонаҳои қиёмат хамин аст, ки занхо ба сари қудрат меоянд. Аз Шумо хоҳиш, дар ин бора дурусттар шарҳ медодед.
Марҳамат
- Бародари гиромӣ! Нишонаҳои қиёмат ду навъ мешаванд - суғро ва кубро. Бале, нишонаҳои суғро бисёр пайдо шудааст. Аммо ҳоло нишонаҳои кубро пайдо нашудааст. Шояд фосила байни инҳо 100 ҳазор сол бошад. Хулоса, шумо натарсида зиндагӣ кардан гиред, қиёмат ҳоло дур аст. Аммо аз ёди Худо ғофил нашавед ва хилофи шариаташ коре накунед.
-Мехостам бифаҳмам, ки бархе аз занон ва ё духтарон худро аз ҳад зиёд орову торо медиҳанд, он аз нуктаи назари ислом то куҷо дуруст аст?
Шарофат
-Духтари шавҳарнокарда бояд худашро орою торо накунад. Фақат занҳои шавҳардор ба хотири шавҳарҳояшон худро зебу зиннат диҳанд, шариат иҷозат ва онро савоб ҳисоб намудааст.
-Имрӯзҳо дар байни бонувон ҳатто "мӯд" ҳам шудааст, ки зоҳири хешро барои боз ҳам гӯиё "зебо" шудан дигар менамоянд. Оё ин дуруст аст?
Қобиламоҳ
- Ба хотири аз байн бурдани ягон айбе, ки дар рӯй ё бадан пайдо шудааст, шариат иҷозат медиҳад онро аз байн бибаранд. Аммо ба хотири «мӯд» ва «зебоӣ» шуда, биниҳо ва лабҳояшонро ҷарроҳӣ карда, хурду бузург кунанд ё қошҳоро чида, борик кунанд ва ё нохунҳои худро бо лак ранг кунанд (агар бо ҳино кунанд, ҷоиз аст), ҳаром аст.
Категория: Общество | Просмотров: 1984 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 1.5/2 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Май 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024