Среда-Чоршанбе
24.04.2024
13:09
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 23 » «НИМКОСАИ ЗЕРИ КОСА»
«НИМКОСАИ ЗЕРИ КОСА»
15:06
ё сабақи талхи қирғиз барои тоҷик ва баръакс
КИРО ГУНАҲКОР КАРДАНД?

Воқеаҳои хунини Қирғизистон бо каме ҷузъиёти фарқкунандаи барои минтақаҳо хос рӯзҳои вазнини Тоҷикистонро ба ёд меоранд. Дар Қирғизистон ҳам мисли Тоҷикистон "хоҷаҳои шабеҳӣ" ба ғуломони молу мансаби таҳҷоӣ пулу мол ва нақшаву силоҳ дода давлату курсӣ ваъда карданду ғайб заданд. "Хидматгорони ду хоҷа" ҳамчуноне карданд, ки таълим гирифта буданд. Ҷамъ карданду фитна карданд, нифоқ ангехтанду табаддулот карданд.

Сарватҳо ҷамъу вазифаҳо тақсим шуданд, вале маълум шуд, ки фурӯ нишонидани фитнаи ангехта мушкилтар аз барангехтани он будааст. Ба ҳама сарвату мансаб нарасид "ҷин аз кӯза баромад", силоҳу фитнаву таълими гирифта барои резонидани хуну сӯхтору ғорат истифода шуд. Авбошони дирӯзаи шарику ҳаммаслак якбора идоранашаванда шуданд. Иғвогарони дирӯза ва раҳбарони имрӯза сару калоба гумкарда нишастҳои матбуотӣ даъват намуда ба изҳоротдиҳию кӯмакпурсӣ ва худсафедкунию гунаҳкоркунии якдигар пардохтанд. Ҳама гунаҳкор ба ҷуз "хидматгорони ду хоҷа".

Сараввал Русияро гунаҳкор карданд, диданд, ки бо "думи шер бозӣ" мекунанд, зуд гуфтаро инкор карданд. Узбакистонро гунаҳкор карданд, ин ҳам нагузашт, хавфаш зиёд. Ба Тоҷикистон часпиданд: "бубинед, тоҷикон мусаллаҳ шуда ҳарду тарафро мепарронанд". Тоҷикони ҳамхун, ҳаммаслак ва ҳамдарди қирғиз садои эътироз баланд кард. Боз ҳам нашуд.

"Ал-қоида" ва "Толибон"-ро гунаҳкор карданд, касе қабул накард, зеро ба гунаҳкоркуниҳои беасос дигар бовар намекунанд. Дар гузашта ҳам, вақте ки А.Акаев сарнагун карда шуд, "Ал-қоида"-ю "Толибон"-ро гунаҳкор карда буданд, вале Қ. Боқиев сари курсӣ нишаст. Имрӯз "Ал-қоида", "Толибон", Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИӮ), Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНМТ) ва Иттиҳоди исломии ҷиҳод (ИИҶ)-ро гунаҳкор мекунанд, вале сари қудрат намояндаи созмону ҳарактҳои номбурда нею Роза Отунбоева нишастааст. Роза Отунбоева кист? Намояндаи ҳаракату созмонҳои террористӣ ва ё нерӯҳои табаддулотчии Қирғизистон? Агар намояндаи ҳаракату созмонҳои террористӣ аст, пас ӯро чун қувваи ифротӣ ба ҷавобгарӣ бояд кашид ва агар аз нерӯҳои табаддулочӣ аст, пас гунаҳкор ҷӯстан чӣ ҳоҷат?

Ба Қурманбек Боқиеву фарзандаш Максими гурезпо дарафтоданд, вале мусаллам аст, ки эшон имрӯзҳо дар ғами талоши наҷоти хешанд. Не, сеҳри сухани иғвогарони қирғизӣ зуртар аз сеҳри сухани ИМА набудааст. Ҷаҳониён баъди фиребҳои ИМА ба суханҳои бофтаи касе бовар намекунанд. Раҳбарони навпайдои Қирғизистонро лозим меояд, ки бо обрӯи аз дастрафта ва ҷони дартандошта вазифаҳои ба баҳои хун гирифтаи худро ҳарчи зудтар тарк гуфта, роҳи зиндонро пеш гиранд. Агар касе имрӯз дар хунрезиҳои Қирғизистон сазовори ҷазост, пас бемуҳобо раҳбарони имрӯзаанд. Агар дар даврони Қ.Боқиев дуздӣ буд пас ин дуздӣ беҳтар аз хунрезию сӯхтору бедодӣ буд. Кадоме аз ин даврҳо беҳтар, даврони дуздии Қ.Боқиев ва ё даврони қатлу ғорат, сӯхтору лату кӯб, саргардонию гурезагӣ, оҳу фиғон ва садои тиру туфанги Отунбоева?

Аз тири снайперҳои болои боми ҳукумат 80 нафар ҳалок шудааст (муфаттишон муайян кардаанд, ки шаҳидшудагон аз пушт тир хӯрдаанд, ки шояд ба хотири қувват бахшидани бетартибӣ аз ҷониби ашхоси муғриз иҷро шуда бошад), вале бар асари бетартибиҳои созмондодаи табаддулотчиён дар Ошу Ҷалолобод зиёда аз 2000 нафар шаҳид шудаанд. Кӣ гунаҳкортар аст?

ҲУКУМАТИ ХОНАВОДАГӢ ТАНҲО САРИ БОҚИЕВРО ХУРД?

Дуруст аст, ки К. Боқиев барои бетартибиҳои имрӯзаи Қирғизистон замина гузошт. Фасод реша давонд, мардум бенавотар шуд, зиндагӣ гарон гашт, фарзанду наздиконаш тиҷоратҳои сердаромадро зери даст дароварда, бинову корхонаҳои мӯҳташами давлатиро моли худ карданд. Ашхоси номақбулу мухолифандеша пушти панҷара, зери хок ва ё берун аз ватан шуданд. Ҷинояти дӯстону наздикон рӯпӯшу аз дигарон овозаю дарвозаи мардуму "аз паша филсозӣ". Гӯиё ин ҳама беадолатию тиҷорату тасарруфкориҳо мардумро ба майдон овард, вале инҳо баҳона ҳастанду халос, зеро тамоми ақрабои сарварони давлатҳои пасошӯравӣ ва ҳатто берун аз онҳо ҳам ба ин аъмол машғуланд. Касеву давлате истисно нест, вале на ҳама мисли Қирғизистон "Қамбар-ота"-ву "Манас" дорад. Ҳамин нукта сабаб шудааст, ки душманони Қирғизистон аз он моҳирона истифода бурданд ва боз бурданианд. Насиҳати Мавлоно Ҷомӣ ба ёд меояд, ки дар муроҷиат ба ҷигарбанди хеш зимомдорони даврро шунавонида мегӯяд:

Вазири Ҳурмузи писари Шопур ба вай нома навишт, ки бозаргонони дарё бори ҷавоҳир бисёр овардаанд ва онро бо сад ҳазор динор барои подшоҳ харидаем. Шунидаам, ки подшоҳ онро намехоҳад. Агар рост аст, фулон бозаргон ба сад ҳазор динор суд мехарад.

Ҳурмуз дар ҷавоб навишт, ки ҳазор динору сад ҳазор динор чандон пеши мо қадре надорад. Ва чун мо бозаргонӣ кунем, подшоҳӣ кӣ кунад ва бозаргонон чӣ кунанд?

ҚИТЪА

На таври мансаби шоҳон бувад, ки байъу шаиро (хариду фурӯш),

Ба қасди касби маоши худ ихтиёр кунанд,

Чу шоҳ пеша кунад кори тоҷирони ҷаҳон,

Ту худ бигӯ, ки дигар тоҷирон чӣ кор кунанд?!

Ҳолати кунунии Қирғизистон беихтиёр суханони бонии ИМА Ҷорҷ Вашингтонро ба ёд меорад: "Дар ҳама кор андеша кунед, ки анҷоми он ба кӣ фоида меорад?".

НООРОМИҲОИ ҚИРҒИЗИСТОН БА МАНФИАТИ КИСТАНД?

Дар ҳақиқат, нооромии Қирғизистон ба кӣ даркор, ба кӣ фоида меорад ва кӣ метавонад онро роҳандозӣ кунад?

Қирғизҳо. Барои мардуми Қирғизистон нооромии ватан куллан даркор нест. Онҳо умед доштанд, ки баъди 3-4 сол ба рӯзҳои нек мерасанд. Барқ фаровон мешавад, ҷойҳои корӣ пайдо мешавад, маҳсулот зиёд мегардад, зиндагӣ хуб мешавад. Барои марду зани кӯҳистони дурдасти Қирғизистон муҳим нест, ки кӣ сари қудрат асту чӣ медуздад, киро ба маҳкама кашидаанду кӣ чиро харида гирифтааст. Ӯро андешаи зану фарзанду пайдои қути лоямут аст. Ӯро андешаи захираи хӯроки чорвою фасли зимистон аст. Ӯро тани бараҳнаи фарзанду хурмаи тиҳии хона кӯчӣ кардааст. Қирғизу ӯзбаки қирғизистонӣ хона ба хонаву авул ба авул гашта бо қирғизу узбаки дигар тарҳи табаддулоту бетартибӣ намекашанд.

Узбакистон. Барои Узбакистон ҳамсояи ором даркор аст, вале ҳамсояи бойю мустақил даркор нест. Сохтмони силсиланерӯгоҳҳо, бахусус Нерӯгоҳи барқи обии Қамбар-ота яке аз сабабҳои ноором сохтани Қирғизистон шуда метавонад. Бо анҷоми НБО Қамбар-ота Қирғизистон натанҳо бой шуда фишанги обро ба даст мегирад, балки бозори нерӯи барқи гаронбаҳои Узбакистонро касод карда ба бозор нерӯи дучанд арзонбаҳоро пешниҳод менамояд. Бунёди Неругоҳҳои барқи обӣ Қирғизистонро аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват сохта мавқеи сиёсияшро дар минтақа мустаҳкам месозад. Баъди бунёди нерӯгоҳҳо Қирғизистон бо худ муносибати сазоворро аз ҳамсоя талаб мекунад. Қирғизистон дигар имкон намедиҳад, ки роҳашро банданд, раҳгузаронашро ғорат карда таҳқир созанду бад гӯянд, замини сарҳадашро минакорӣ кунанд.

Нооромию Қирғизистон ҷалби сармояро кам мекунад, ки ин ҳам ба манфиати Узбакистон аст, зеро сармоя муҳаррики хуби сохтмону анҷоми Неругоҳҳои барқи обӣ аст. Узбакистон бо як тир ду нишонро мезанад. Нооромии Қирғизистон, нооромии Осиёи Миёна аст. Ҳеч гоҳ сармоядор ба Осиёи Миёнаи нооором, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар он ҷойгиранд, барои бунёди Неругоҳҳои барқӣ-обию рушди иқтисод сармоя ворид намекунад.

Сабаби дигари эҳтимолияти ҷангандозии Узбакистон ҳам ҳаст. Қирғизистон дар Осиёи Миёна яке аз аввалинҳо шуда аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) шуд ва Узбакистон низ дар роҳи воридшавӣ ба он омодагиҳои ҷиддӣ мебинад. Тибқи муқаррароти СУС аъзошаванда бояд тамоми зиддиятҳоро бо давлатҳои аъзо бартараф намуда, дар алоҳидагӣ бо ҳар як давлат созишномаи адами ихтилоф бандад. Агар яке аз аъзои СУС розигии худро барои дохилшавии аъзошаванда надиҳад, давлати номзад аъзои СУС шуда наметавонад. Солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ қисмати заминҳои Қирғизистон иҷборан ба ҳудуди Узбакистон гузаронида шуда буд. Баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин масъала боиси ихтилофи ҳудудӣ гашта, борҳо боиси муноқишаву мунозираҳо шудааст. Гумон аст, ки Қирғизистони ором дар сурати муроҷиати Узбакистон ин масъаларо набардораду бо ин васила садди роҳи аъзошавии Узбакистон нагардад. Қирғизистони ноорому қаш¬шоқ қудрати бардоштани ин масъаларо надорад.

Шаҳодати даҳҳо узбактабори Қирғизистон сабаб шуда наметавонад, ҳамчуноне, ки ба вақти найранги Амрико дар таркиши биноҳои дугонак сабаб нашуда буд. Ин як қурбонии пешбинишуда, вале каме аз андоза гузашта аст. "Инқилоб" бе қурбонӣ намешавад.

Русия. Русия бар асари сиёсати бесубот, ки бунёдашро саҳланкорию кӯтоҳандешию ҳавобаландиҳо ташкил медиҳанд, мавқеъашро дар давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ пушти ҳам аз даст додан гирифт. Давлатҳои назди Балтика куллан ӯро тарк гуфтанд. Аз давлатҳои Қафқоз Гурҷистон аз зери ихтиёр берун шуд, Озарбойҷон бар асари мавқеъи дурӯяи Русия нисбат ба Қаробоғи Кӯҳӣ рӯ ба дигар давлатҳо овард. Украинаро, ки кайҳо аз даст дода буд, бо савдову ҳиллаҳои зиёд ба худ моил кардан хост. Ҳарчанд пешравии нисбие дар муносибати тарафайн пайдо шуд, вале зуд маҷрои пешинаи худро гирифт, яъне боз рӯ ба Аврупову Амрико овард. Белорусҳо бо "қайсари"-и худ бегузаште гузашт намекунанд. Давлатҳои Осиёи Миёна, ки аз гапгӯшкунтарин бародарони кӯчаки бародарбузург буданд, паси ҳам "қилиқҳо" пайдо карда боиси ташвиши зиёд гашта истодаанд.

Коршиносон ба овардани воқеаҳои зерини дар Осиёи Миёна рӯй дода ишора мекунанд, ки аз ноустувории сиёсати Русия шаҳодат медиҳанд:

-Эътирозҳои пайвастаи Қазоқистон-шарики наздиктарини Русия нисбат ба проблемаҳои доимии садамаҳо дар ҳолати сар додани киштиҳои кайҳонӣ. Ин дар ҳолест, ки аз соли 1999 инҷониб Русия барои иҷораи Байконур $1 миллиарду 265 миллион пардохт намудааст;

-Тоҷикистон алорағми Русия бо қувваи худ ба сохтмони НБО Роғун шурӯъ карда, дар сар ҳавои ситонидани маблағи будубоши базаи ҳарбии Русияро дорад. Илова бар ин бародарбузурги дигаре чун Чин пайдо карда, дар баробари сиёсати "дарҳои кушода"-и худ ба сиёсати "кушодани дарҳо"-и Аврупо Амрикову давлатҳои арабзабон гузаштааст, солҳост, ки барои истифодаи аэродроми Айнӣ мекӯшад, вале он мавриди истифодаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса қарор мегираду аз ӯ не;

-Узбакистон дар охири соли 2009 аз Иттиҳоди иқтисодии Евразэс баромада ширкати худро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба ҳадди ширкати рамзӣ расонид. Ин ҳама дар ҳолатест, ки хоҳиши кушодани маркази машқгоҳи амрикоиро, ки қаблан онҳо дар Боткенти Қирғизистон сохтанӣ буданд, дар қаламрави давлати худ изҳор кардааст;

- Туркманистон мақсади фурӯши мустақими гази худро бидуни ширкат ва қаламрави Русия эълом дошта пайи иҷрои он фаъолият карда истодааст;

- Қирғизистон бо ҳама маҳрумиятҳои азсаргузаронида нигоҳ накарда эълом медорад, ки будубоши амрикоиёнро дар "Манас" то анҷоми Аҳднома таҳаммул мекунад.

Зафари МӮЪМИН,
таҳлилгари мустақил

Категория: Политика | Просмотров: 1248 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 3
3 МУХАММАД-ФАРИХ  
0
Cалом ба хамаи шумо , хамдехагони азиз.

2 Мухочир  
0
Албатта дар хатогихои худ айбдор кардани дигарон аз хама осонтарин рохи халосист, вале дар бисьёри айб дар чамъияти худамон аст. Мо тез ба провакицияву агитацияхои беруна дода мешавем ва баъд кори кумитаи амнияти милли (контрразведка) гайриканоатбахш аст. Дар 20 сол ягон чосусеро дар ватан дастгир накарданд. чи Шумо гумон мекунед дар мо чосусон нестанд. Сониян кори бисьёре аз чамъиятхои кумакрасони хоричи ин нафакат кумак аст, онхо дар бораи мавкехои конфликтии мо ахборот чамъ мекунанд. Мисоли одди дар чамоати дехаи Ворух хучрае ба онхо дода шуда буд. дар ончо чашмам ба харитае афтод, ки дар бо ранги сурх мавкехои конфликтии вилояти Сугд ишора шудаанд. Барои чи ба ташкилоти кумаки ин харита худ хулоса бароред. Дар нотинчиву чангхои дохилии мо на факат Узбекистон балки як катор дигар давлатхо низ манфиатдоранд. Чи хеле президент вактхои охир гуфта истодааст мо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надихем. Дар Россия дар синфи 9 мактаби миёна талабахо рефератхо оиди сиёсати чахон менависанд, мавзуи яке аз рефератхо ин "Сиёсати берунаи Амрико дар Осиёи миёна" будаст. Худ хулоса бароред, ки чел тарбия аз хурди рафтаистодааст. Дар мактабхои мо ин хол чи гуна аст?

1 hylshod.82  
0
УЗБЕК АЙБДОР АСТ ХОЛО МО ТОЧИКОНАМ УЗБЕКОНРО БА КАЛАМРАВИ ТОЧИКИСТОН ХУШ ОМАДЕД ГУФТА КАБУЛ КАРДА ИСТОДАЕМ АММО ДИЛИ ОНХО ИФЛОС АСТ НАМЕХОХАНД МО ОБОД БОШЕМ РУЗЕ АЗ РУЗХО БА САРИ ХУДИ МО ХАМ ХАМИН ВАЗНИНИРО МЕОРАНД ОНХО ЛАКАЙ ХАСТАНД АММО ДЕР МЕШАВАД ОНХОРО ХАРЧИ ЗУДТАР ЧАВОБ ДИХЕМ .БАРОДАР ЗАФАР БА ФИКРИ МАН ЧИ ГУФТАНИ ДОРЕД ЧАВОБАШРО ИНТИЗОР АЗ ДЕХАИ ВОРУХ


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024