Суббота-Шанбе
04.05.2024
17:25
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2013 » Январь » 26 » Неъмат Раҳматов: «Нархи воридоти мошин гарон мешавад»
Неъмат Раҳматов: «Нархи воридоти мошин гарон мешавад»
15:22


Аз 1 феврали соли 2013 як қисмати имтиёзҳое, ки барои воридоти мошин ба кишвар ҷорӣ буданд, аз байн хоҳанд рафт. Минбаъд воридоти мошин чӣ барои истифодаи шахсӣ ва чӣ барои тиҷорат аз рӯи тартиботи ягона сурат гирифта боҷу андозбандиаш низ як хел хоҳад шуд.
Чуноне ки рӯзи 16 январ зимни нишасти матбуоти муовини авали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов иттилоъ дод, қарор дар бораи лағви имтиёзҳо моҳи декабри соли 2012 ба тасвиб расида аз оғози моҳи феврал барои ҳар мошине, ки ба кишвар ворид мешавад, 18 % андоз аз арзиши изофа, 5% боҷи гумрукӣ ва 10% андози аксиз ситонида мешавад.
Вобаста ба гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъмат Раҳматов афзуд, ки дар давоми соли 2012 гардиши хориҷӣ 5 миллиарду 137 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда дар содироти мол вазни қиёсиро алюминии авалия, нахи пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намудаанд. Дар воридот бошад мавқеи асосиро маҳсулоти нафтӣ, оксиди алюминий, воситаҳои нақлиёт, гандум, орд, равғани растанӣ, шакар ва семент ишғол намудаанд. Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Туркия, Афғонистон, Чин, Руссия, Қазоқистон, Швейтсария, Эрон, Покистон, Латвия ва Аморати мутаҳиддаи Араб марбут мебошад. Воридоти асосии мол дар соли 2012 ба мамлакатҳои Руссия, Қазоқистон, Чин, ИМА, Эрон, Туркманистон, Литва, Туркия, Ҷазираҳои Вирҷин ва Украина рост меояд.
Тӯли соли 2012 аз ҷониби кормандони хадамот 864 ҳодисаи қонуншиканӣ ошкор карда шудааст, ки аз он бештарашон маснуоти тилловорӣ, тамоку, спиртӣ ва сӯзишворӣ мебошанд. Ҳамчунин, 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ ба миқдори 3981 дона ва зиёда аз 15 ҳазор дона қисмҳои эҳтиётии он пешгирӣ карда шуданд.
Ҷ. Мақсуд
Категория: Экономика | Просмотров: 1346 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Январь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024