Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
22:48
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Ноябрь » 22 » Нахустин нишони тилои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё
Нахустин нишони тилои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё
06:27
22.11.2010
Мирзои Салимпур
Мақоми дуввумро дар сабқати гурзандозони қораи Осиё варзишкори эронӣ Кова Мӯсавӣ бо натиҷаи 68 метру 90 сантиметр гирифт. Дар мақоми баъдӣ гурзандози ҷопонӣ Ҳироакӣ Доӣ бо натиҷаи 68 метру 72 сантиметр ҷой гирифтааст. Яъне натиҷаи бадастовардаи Дилшод Назаров назар ба ду рақиби аслиаш дастикам ҳаштуним метр болотар аст ва паҳлавони мо, ба навиштаи расонаҳо, нишони тилои Бозиҳои Осиёро барои худ ҳалол кардааст.

Пирӯзии Дилшод Назаров барои мухлисони варзиши тоҷик, ки ҷараёни ҳунарнамоии тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёро назорра мекарданд, баъди силсилаи бохтҳову нобарориҳои варзишкорони мо дар ин мусобиқот хабари хеле хуше шуд. Чункӣ баъди нишони биринҷии паҳлавони тоҷик Расул Боқиев дуруст як ҳафта варзишкорони мо дар ин мусобиқот дигар чизе ба даст наоварданд.

Ба ин тартиб, то имрӯз дар хазинаи тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё ду медал – як нишони тилое, ки дирӯз Дилшод Назаров ба даст овард ва як нишони биринҷии Расул Боқиев дар сабқати гуштии дзюдо - ҷамъ шудааст ва Тоҷикистон дар раддабандии умумӣ аз мақоми охирин якбора 11 зина боло баромад ва акнун дар байни 32 кишвари ширкаткунандаи Бозиҳои Осиё дар мақоми 21-ум аст.

Бозиҳои Осиё 12 ноябр оғоз ёфта, то 27 ноябр идома хоҳанд кард. Аммо дар ҳоли ҳозир, пешсаф ҳамоно тими мизбон – Чин аст, ки алакай 146 медал, аз ҷумла 71 нишони тило ба даст овардааст. Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон 36 медал, аз ҷумла 4 нишони тило ва Узбакистон 27 медал, бо шумули 3 нишони тило дар даст дорад. Туркманистон дар ин бозиҳо ширкат намекунад, вале Қирғизистон ҳам 2 медал ба даст овардааст, вале азбаскӣ ҳарду нишони гирифтааш нуқра буда, ҳанӯз ягон нишони тило надорад, дар раддабандии умумии тимҳои ширкаткунанда аз Тоҷикистон пойинтар ҷой гирифтааст.

Дар пайи пайиҳам ноком шудани варзишкорони дигари тоҷик дар Бозиҳои Осиё ҳама умед дигар ба сӯи Дилшод Назаров дӯхта шуда буд, ки ӯ ҳатман чизе ба хазинаи тими Тоҷикистон хоҳад овард. Ва собиқаи имсолаи ҳунарнамоиҳои ӯ ҳам ба ин таъкид мекард, ки Дилшод Назаров тавони пирӯзӣ дар чунин мусобиқоти мӯътабарро дорад.Гурзандози тоҷик моҳи сентябр дар сабқати гурзандозии Ҷоми қораҳо дар Хорватия соҳиби ҷойи дуввум ва нишони нуқраи он мусобиқот шуд ва билофосила, баъди Коҷӣ Мурофушии ҷопонӣ бо 236 имтиёз дар раддабандии Иттиҳодияи байналмилалии варзишҳои майдонӣ гурзандози дуввуми ҷаҳон ном бурда шуд.

Дилшод Назаров , 28 сол дошта, 6 майи соли 1982 дар Душанбе ба дунё омадааст. Вазни ин паҳлавон 110 кило ва қадаш 187 сантимер буда, аввалин дастоварди чашмгири байналмилалиаш нишони биринҷии Бозиҳои Осиёи Ғарбӣ дар соли 1997 будааст. Дилшод Назаров соли 2003 дар мусобиқоти қаҳрамонии қораи Осиё сазовори нишони биринҷӣ шуда, моҳи сентябри имсол, тавре гуфтем, дар Сплити Хорватия дар Ҷоми қораҳо соҳиби ҷойи дуввум ва медали нуқра шуд. Акнун ба хазинаи дастовардҳои варзишии Дилшод Назаров нишони тилои Бозиҳои Осиё замм мешавад, ки нахустин медали тилои тими Тоҷикистон дар ин бозиҳост.

Категория: Спорт | Просмотров: 879 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Ноябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024