Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
19:25
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Шумо чанд сола хастед?
Всего ответов: 935

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Ноябрь » 18 » МУРДАН МЕХОСТ, ВАЛЕ…
МУРДАН МЕХОСТ, ВАЛЕ…
22:55
Ҳақ аст, ки агар фарзанд бо розигии падару модари худ оила барпо кунад, дар зиндагӣ хушбахт мешавад, вале баъзан, тасодуф меафтад, ки бузургон низ дар роҳи зиндагӣ хато мекунанд. Бархе аз волидайн дидаву дониста монеаи хушбахтии фарзандони худ мегарданд, ки ин амали онҳо дар қалби ҷигарбандони хеш чун доғ солҳо боқӣ мемонад.
Илҳому Ганҷина ҳанӯз аз давраҳои мактабӣ ҳамдигарро дӯст медоштанд. Вақте онҳо дил ба якдигар супориданд, дар синфи 7 мехонданд. Ошиқон ҳамроҳ ба мактаб мерафтанду меомаданд ва аз ғаму ғуссаи ҷаҳон парвое надоштанд. Дар дабистоне, ки онҳо таҳсил мекарданд, муаллимони ҷавон аз фанҳои гуногун дарс мегуфтанд. Вақте Ганҷина дар синфи 11 – ум таҳсил мекард, муаллими ҷавоне ба ӯ ошиқ шуд. Рӯзҳо сипарӣ мегардиданду ӯ дар орзуи ҳарф задан бо духтари дӯстдораш буд. Ганҷина воқеан, дӯстдоштанӣ буд, дар ҳусну ҷамол ва рафтору гуфтор дар ӯ камбудӣ дида намешуд. Пас аз хатми мактаби миёна Илҳом бо умеди маблағ ба даст овардану бо дӯстдоштааш хушбахт шудан рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овард. Аз сафари Илҳом муаллим хабардор шуда, ба хонаи Ганҷина хостгор фиристод. Ҳарчанд падари Ганҷина медонист, ки духтараш Илҳомро дӯст медорад, вале ба ин нигоҳ накарда, ба хотири пулу моли домодшавандааш розигӣ дод. Исмат – дӯсти наздики Илҳом аз фотеҳа кардани Ганҷина огоҳ шуда, ба воситаи телефон ба рафиқаш хабар медиҳад. Ганҷина, ки Илҳомро дӯст медошту муҳаббаташ самимӣ буд, аз кардаи падар розӣ набуд, аммо эҳтироми падар гуфта, хомӯшӣ пеша намуд, вале пас аз хомӯшӣ ва фикр карданҳо ҳис кард, ки зиндагиаш бе Илҳом талх аст, дар оташи ишқи азизаш то охири умр месӯзад ва оқибат ба хулосае омад, ки ба худкушӣ даст зада, худро аз бадбахтӣ халос намояд, аммо… Аҳли оила аз ин воқеа бохабар шуда, дарҳол беморро ба беморхона бурданд. Овозаи ба худкушӣ даст задании духтари ҷавон дар деҳа паҳн гардид. Илҳом аз ин воқеа бохабар шуда, аз муҳоҷират баргашт. Баробари ба Тоҷикистон расидан ба беморхона рафта, азизи дилашро дидан мехост, вале волидони Ганҷина ба ин ду дилдода иҷозати якдигарро дидан надоданд. Муаллим бошад, барои ҷавони дигаре даст ба худкушӣ задани арӯсшавандаашро фаҳмида, аз Ганҷина рӯ гардонд. Илҳом розӣ буд, ки бо духтари орзуҳояш, агарчӣ ӯ бо амали кардаи худ ҳусну ҷамолашро аз даст дода буд, хонадор шавад, вале падару модараш арӯсшавандаи ҷавонро рад карданд. Илҳом ин рафтори волидонашро дида, тарки Ватан карду Ганҷинаро ба дигаре маҷбурӣ хонадор намуданд. Аз хонадоршавии Ганҷина чанде нагузашта буд, ки овозаи дубора ба худкушӣ даст заданаш дар деҳа паҳн гардид. Ӯ аз сӯзи ишқи нобарораш мехост бо ин дунё барои якумрӣ хайру хуш кунад, вале… Худои меҳрубон кӯмак карду Ганҷина зинда монд.
Агарчӣ имрӯз ин бону зиндагии ширин дошта бошад ҳам, вале ҳамеша бо ёди Илҳомаш ашк мерезад, волидайни ҷавон бошанд, дар фироқи ҷигарбанди хеш дилреш шудаанд.
Ҳадаф аз рӯйи коғаз овардани ин қиссаи дарнок он аст, ки бигзор волидон садои дили фарзанди хешро шунаванд. Бигзор барои интихоби ҳамсар ба онҳо маслиҳат диҳанд, вале дар мавриди ишқу муҳаббат бо эҳсосоти эшон бозӣ накунанд, садди роҳ нагарданд. Ҳоло дар ҷомеаи мо кам нестанд падару модароне, ки ба хотири молу сарват ва мансаб ошиқонро аз ҳам ҷудо намуда, қалби онҳоро якумрӣ аз зиндагӣ сард месозанд. Шояд сарнавишти Илҳому Ганҷинаи ноком аз ишқ баҳри дигарон дарси ибрат гардаду волидони мо нагузоранд, ки Ганҷинаву Илҳомҳои дигар дар роҳи ишқ қурбон шаванд.
Шоҳини Зарафшони, донишҷӯи шӯъбаи рӯзноманигорӣ
Категория: Общество | Просмотров: 803 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Ноябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024