Четверг-Панҷшанбе
25.04.2024
22:50
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Декабрь » 19 » Мухокимаи Моддаи 7 Уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Мухокимаи Моддаи 7 Уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
12:02
Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд чунин ӯҳдадориҳо доранд:
-ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;

Ба фикрам «тибки арзишхои милли»-ро дар ин чой гузоштан зарурият надорад, чунки дар Точикистон миллатхои гуногун истикомат мекунанд ва азбаски аксарият точиканд ин пунктро ба маънии номи точики гузоштан маънедод мекунанд.
-пас аз таваллуд фарзандро ҳатман аз қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;
-барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд;
-фарзандро ба ҳаёти мустақилона ва меҳнати софдилона омода намоянд;
-фарзандонро дар рӯҳи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд;
-бе роҳбаладии шахси болиғ гаштугузори фарзанди то синни шашсоларо дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намоянд;
-ба фарзанди хурдсоли то шашсола барои гирифтани донишҳои аввалия шароит фароҳам оваранд;
«Донишхои аввалия»-ро бо «дониши ибтидои» иваз бояд кард.
-ба таълим фаро гирифтани фарзандонро таъмин намуда, ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд;

Набалки монеъ нашаванд, балки хатман барои гирифтани аккалан маълумоти миёнаи нопурра ба фарзанди худ шароити аз онхо вобаста бударо фарохам оваранд
-фарзандонро ба воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намуда, барои таълиму тарбияи фарзанд шароити муносиб фароҳам оваранд;
-шаъну шарафи фарзандонро эҳтиром карда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд;
-новобаста аз ҷинс, син, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзандон нисбат ба онҳо муносибати баробар зоҳир намоянд;
-ба фарзандони имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доштаи худ барои гирифтани таҳсил ва касбу шуғл шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзандонро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд;
- аз вазъи фарзандоне, ки дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда (новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон) таълиму тарбия мегиранд, хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълиму тарбияи онҳоро зери назорат гиранд;
-донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълиму тарбия назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълиму тарбияи фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд;
-ба фаъолияти касбии омӯзгор дахолат нанамоянд;
-дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурияти муассисаи таълимӣ ҳатман иштирок намоянд;

Ин пункт ба фикрам лозим нест, чунки на хамавакт ин имконпазир аст ва барои ичро накардани ин пункт ба чавобгари кашидан ба фикрам хандаовар аст.
-дар вақти шабона ҳузури фарзанди ноболиғро дар муассисаҳои дилхушкунанда, марказҳои компютерӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намоянд;
-кирдорҳои зиддиҷамъиятии фарзанд, муомилаи дағалонаи ӯро бо атрофиён, муносибати бераҳмона бо муҳити зистро пешгирӣ намоянд;
-ба фарзандони то ҳафтсола ва фарзандоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ (сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон) таҳсил мекунанд, бо худ гирифтан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд;

Бо худ гирифтани онхоро манъ кардан хатост, вале дар вакти дарс (на дар танаффус) истофодаи онро манъ кардан лозим аст ва назорат аз болои ин на падару модар балки омузгор бояд кунад.
-ба фарзандоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон) таҳсил менамоянд, дар ҷараёни таълим истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд;
Инро низ бояд омузгорон ба ухда гиранд на волидайн
-аз ҷониби фарзанд ҷойгир ва паҳн намудани ахбори ғайриахлоқиро тавассути телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои электронӣ пешгирӣ ва манъ намоянд;
-ба фарзанди ноболиғ тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ, фаҳш ва хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ доштаро манъ намуда, аз тамошои ин гуна филмҳо худдорӣ намоянд;
-ба фарзанди ноболиғ мутолиа ва паҳн намудани сабтҳои электронӣ, китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопиро, ки хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ ва ғайриахлоқӣ доранд, манъ намоянд;
-иштироки фарзандони ноболиғро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастҷамъонаи динӣ (ба истиснои чорабиниҳои азодорӣ) роҳ надиҳанд;
-истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва доруҳои сахттаъсирро барои фарзандони ноболиғ манъ намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ин ҳолат ҳозир шудани онҳоро пешгирӣ намоянд;
-иштироки фарзандони ноболиғро дар чорабиниҳое, ки барои онҳо тавсия нашудаанд, роҳ надиҳанд;
-ба фарзандони ноболиғ (ва ба донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилотӣ) рондани автомошинаро иҷозат надиҳанд;

Ин кори вазорати наклиёт аст, аломати рондани автомобиль барои донишчу манъро чори кунанд ва аз болои он назорат баранд..))) Вале бехтараш шароити истгоххоро барои автомошинахои донишчуён дар наздикии мавкеи тахсили онхо барпо кунанд.
-аз ҷониби фарзандони ноболиғ таҳқир ва беэҳтиромӣ намудан нисбат ба омӯзгорон, кормандони мактаб ва хонандагонро пешгирӣ намоянд;
Чи тавр? Яъне рузу шаб аз мухочирот баргашта аз паи фарзанд гаштан лозим аст. Он вакт ки шароити ичтимоии оиларо ба ухда мегирад?
-аз ҷониби фарзандон халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ ва рафтори дағалонаро дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ, нақлиёт, хобгоҳҳои умумӣ, манзили зист ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ надиҳанд;
-барои ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд;
-ҷалб намудани фарзандони ноболиғ ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии онҳо зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ, равонӣ ва рӯҳии фарзандон халал мерасонад, роҳ надиҳанд;
-фарзандони то синни понздаҳсоларо ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фурӯш, ба истиснои ҳолатҳое ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ҷалб насозанд;

Чавобгарии ин пунктро хамчун кори чинои дида баромада шавад
-гаштугузори фарзандони то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биноҳои техникӣ, таҳхонаҳо, болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ манъ намуда, ҳузури онҳоро дар саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар назорат намоянд;
-дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зиёнро аз ҷониби фарзандон манъ намоянд;
-бо маводи сӯзандаю тарканда бозӣ кардани фарзандонро манъ намоянд;
-ҷалби фарзандони худро барои гирифтани таълим ба мактабу таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ва ё ба назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд;
-таълими фарзандони ноболиғро бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хориҷи кишвар иҷозат надиҳанд;
-риоя намудани либосҳои мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин намуда, аз ҷониби онҳо пӯшидани либосҳоро дар доираи этикет назорат намоянд;
-истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёҳои қиматбаҳо ва холкӯбиро барои фарзанди мактабхони худ манъ намоянд;
-фарзанди худро дар рӯҳияи эҳтироми оромгоҳҳо ва дигар ҷойҳои таърихию фарҳангӣ тарбия намуда, ба шикастан ва хароб намудани панҷараҳо, санги мазорҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва дигар ороишоте, ки дар ин ҷойҳо мавҷуданд, роҳ надиҳанд;
- дигар ӯҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.
Категория: Общество | Просмотров: 2658 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 2
2 Mashhur  
0
ман нисбати ин конун тарафдори мекунам . ман хам мехохам падару модарон нисбати фарзандони худ бепарво набошанд . чунки ояндаи Точикистон аз фарзандони онхо вобаста аст . Машхур Бобоев донишчуи донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б. Гафуров

1 Мухочир  
0
Ин моддаи конун хар яки моро дахолат мекунад ва мо набояд бетарафи кунем. Мухокимаи он аз тарафи чамъият, яъне мо хатмист, нашавад ки баъд ин хама ухдадориро ба гардан гирему аз ухдаи ичрояш набароем. Бисьёре аз ин ухдадорихоро бояд давлат бо макомотхои дахлдораш ба ухда гирад на ин ки мо падару модарон. Фикру андешахои Шуморо интизорем, то ба як фикри умуми биём ва онро ба конунгузорон пешкаш кунем.


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Декабрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024