Понедельник-Душанбе
29.04.2024
20:11
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2012 » Июнь » 7 » МАРДЕ, КИ БА СИТЕҒИ ҲУНАР РАСИДААСТ
МАРДЕ, КИ БА СИТЕҒИ ҲУНАР РАСИДААСТ
23:10

Замони баччагӣ ва навҷавонӣ фасли орзуҳост. Ва маъмулан орзуҳои мо дар баччагӣ мисли ҳавои фасли баҳор зуд-зуд тағйир меёбанд. Камтар касеро метавон пайдо кард, ки муназзам ва мунтазам орзуи баччагияшро дунбол карда ва онро таҳаққуқ бахшида бошад.
Пас ин ки мегӯянд, орзу инсонро раҳнамунӣ мекунад ва ба манзили мақсуд мерасонад, танҳо бахше аз ҳақиқат аст, чи агар инсон низ орзуи худро, ки навниҳолеро дар раҳгузори боди ҳавою ҳавасҳо мемонад, парвариш накунад, пайваста об надиҳад, ҳифозат ва ҳимоят накунад, на ин орзу таҳаққуқ мепазирад ва на инсон ба ҷое, ки мехоҳад, мерасад. Пас ин ду - соҳиборзу ва орзу бародарони тавъамонанд.
Аз ин нигоҳ Афзалшоҳи Шодӣ аз нодиртарин касон аст, ки аз синни туфулият як орзу дар дил парварида ва барои таҳаққуқ ёфтани он талош карда ва заҳмат мекашанд; аз ҳамон кӯдакӣ ӯро рубобу тору дутор дар даст медидем, роҳи ӯ ба саҳнаҳои бузурги ҳунари кишварҳои мухталиф аз саҳнаи кӯчаки мактаби деҳ шуруъ шуда ва дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии ҷумҳурӣ идома ёфтааст.
Барои он ки як ҳунарманд дар риштаи ҳунари худ муваффақият касб бикунад, вуҷуди ду асл шарти муҳим аст, яке истеъдод ва қариҳаи Худодод ва дигар талошу кӯшишҳои инфиродӣ. Агар ҷавҳари истеъдод, ки атои Яздонист, дар ботин нест, талошу заҳамот, ба масал зӯри беҳудаи миёншикан аст ва агар истеъдодро Худо дода ва соҳибистеъдод ҳеч талошу саъйе барои рушду сайқали он намекунад, ки ба масобаи куфрони неъмат аст, ба зудӣ чун ғӯраи пучу норасида ба зери по хоҳад афтод. Хулоса, бидуни яке аз ин ду асл пӯяндаи ҷодаи ҳунар косибе беш нахоҳад буд, зуд ҳавсалааш пир мешавад, мондаву хаста мегардад, дар доманаи кӯҳ менишинад ва ба ситеғи ҳунар намерасад. Афзалшоҳ – хушбахтона, - аз ҷумлаи овозхонони камшумори мост – бадбахтона, - ки ба қадри кофӣ аз ин ду асл бархурдоранд. Ҳамин вуҷуди мутаносиби ду асл аст, ки ба офаридаҳои ҳар ҳунарманд – наққош ё овозхон, режиссёр ё раққос, шоир ё меъмор вежагии инфиродӣ мебахшанд ва офаридаи ӯро нотакрор ва асари ҳунарӣ мекунанд.
Агар суол матраҳ шавад, ки муҳимтарин вежагии ҳунар ва ҳунармандии Афзалшоҳ чист, ман як посухи мухтасар хоҳам дод: тоҷикият. Ва аммо ин посухи кӯтоҳ, албатта, ниёз ба шарҳи муфассалтаре дорад. Ин тоҷикияти ҳунари Афзалшоҳ дар ду буъд ба мушоҳида мерасад. Аввалан, дар омезиш ва имтизоҷи шеваҳои овозхонӣ ва лаҳнҳои мусиқӣ.
Ҳунари овозхонии сунатии тоҷикӣ ба далоили мухталифи таърихӣ, ҷуғрофиёӣ ва шеваҳои гуногуни забонамон махсус ва маҳсури манотиқи мухталифи ҷудогона аст. Ин танаввуъ, бидуни шак, сарвати бебаҳои мост, чи ҳунари қавме ва миллате ҳар қадар анвоъу ашколи гуногун ва шеваю наҳваҳои мухталиф дошта бошад, ба ҳамон андоза барои бозгӯ, инъикос ва намоиши ҷаҳони ботинӣ ва дунёи маънавии ин халқ ва посух гуфтан ба ниёзҳои он имкону васоили бештар фароҳам меоварад ва заминаҳои қавитару густурдатари рушду инкишофи маънавии ин халқро хоҳад дошт. Ва низ ваҳдати фарҳангӣ, агар дар заминаи якрангӣ эҷод шавад ва якрангӣ талаққӣ шавад, чизе сатҳӣ ва маснуъӣ хоҳад буд. Чунонки «зиндагонӣ оштии зиддҳост», ҳамон тавр ваҳдати фарҳангӣ умуман ва аз ҷумла, ваҳдати овозхонии миллӣ аз вуҷуди мувозӣ ва рушди ҳамзамони шеваҳои мухталифи сарояндагӣ ва навозандагӣ, ки ҳар кадом маншаъ дар умқи таърих доранд ва таҷрибаи наслҳоро дар худ мунъакис кардаанд, ҳосил мешавад. Албатта, бо маърифти паст ва завқҳои кӯчагӣ ин ҳақиқатро наметавон дарк кард, Ин аст, ки борҳо шоҳиди баҳсҳои бесамар ва ҳатто дастбагиребоншавиҳои ҳаводорони мутаассиби устодони ҳунари сарояндагиамон шудаем; ҳар гурӯҳ ва қавм танҳо сарояндаи писандидаи минтақаи худро «ҳунарманди бузург» шинохта ва дигаронро дар ҳошияи майдони ҳунар мепиндоранд. Аммо чӣ илоҷ, ки «чу зодгоҳи он яке деҳест ҳамчу чашми бум, ба чашми бум бингарад ҷаҳони бекаронаро» (Лоиқ)
Аммо дар ҳунари сарояндагӣ ва мусиқии тоҷик суннати дигаре низ вуҷуд дорад, ки ба омезиш ва имтизоҷи шеваҳои мухталифи овозхонӣ ва лаҳнҳои мусиқӣ асос ёфтааст. Ин шеваи мусиқӣ ва овозхониро аз устодони гузаштаи мо бештар аз ҳама ва муваффақтар аз дигарон Акашариф Ҷӯраев истифода кардааст. Ва инак Афзалшоҳ низ аз ҳамин роҳ рафта. Мусиқӣ ва овози Афзалшоҳ ва лаҳни сарояндагии ӯ омезише бадеъ ва ҳунармандона аз мусиқӣ ва шеваю лаҳнҳои овозхонии манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва тоҷикони Ӯзбакистон мебошад, мисле рӯде пуроб, ки аз чандин шохобҳо ташаккул меёбад. Ва ин аст, ки Афзалшоҳи Шодӣ дар тамоми манотиқи тоҷикнишин шодихорон дорад, дар ҳама ҷо сурудаҳояшро меписанданд, дар ҳама ҷо зери мусиқӣ ва сурудаҳояш мерақсанд.
Ва низ ҳамин амр аст, ки мутобиқ ба одати тоҷикӣ дар мавриди зодгоҳи ӯ ҳам баҳс мекунанд. Дӯсте ҳикоят кард, ки дар ҳалқаи ҷавонони ҳисорӣ нишаста будам. Сухан аз куҷоӣ будани мардони машҳур ба миён омад. Яке гуфт, Афзалшоҳ Шодиев аз фулон деҳаи Ҳисор аст, дигаре ӯро ислоҳ кард, ки не, аз фулон деҳаи Шаҳринав аст. Ман хостам ҳардуро ислоҳ кунам ва гуфтам, ӯ аслан аз водии Ҳисор нест. Чунон шӯриданд ва ба ғазаб омаданд, ки маҷбур шудам, бо дурӯғе маслиҳатомез гиребонамро аз чангашон раҳо кунам. Гуфтам, маъзарат мехоҳам, ман Афзалшоҳро бо дӯсташ Абдумаҷид Бердиев иштибоҳ кардам, Афзалшоҳ, воқеан аз Ҳисор аст, вале дақиқ намедонам аз кадом деҳа.
Ва аммо буъди дигари тоҷикияти Афзалшоҳи Шодӣ оҳанг бастан ва сурудани ғамномаҳои Самарқанду Бухорост, ки чун ҳасрате, чун дарде, чун захми носуре дар қалби ҳар тоҷики худшинохтаву баномус боқист. Ин мавзуъ дар адабиёти тоҷик, ба хусус дар шеъри тоҷикӣ аз даҳаи солҳои 60-70 қарни гузашта (сурудаҳои устодон Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир ва каме баъдтар Гулрухсор, Гулназар ва Камол Насрулло) ба таври густурда ва амиқ тасвир ва мӯйида шудааст ва ба ҳаддест, ки бархе адабиётшиносон, аз ҷумла, хориҷиён онро аз махсусиятҳои боризи шеъри тоҷики нимаи дувуми асри гузашта унвон кардаанд. Аммо дар овозхонӣ Афзалшоҳ на фақат аввалин касест, ки ин ғамҳоро cуруд, балки ин мавзуъро ба яке аз асоситарин бахши барномаҳои консертии худ табдил дод. Ва чун ҳунари овозхонӣ оммавитар аз шеър аст, тавассути садои муассири Афзалшоҳ ин дарду ҳасрат ба гӯши ҷону қалби тамоми тоҷикони ин сӯй ва он сӯйи марзҳои «табартақсимшуда» расид. Афзалшоҳ аз сурудани ин сурудҳо дар шаҳру навоҳии тоҷикнишини Ӯзбакистон низ боке надошт, балки бештар аз ин, замоне, ки ҳанӯз байни Тоҷикистону Ӯзбакистон девор ва сади чинӣ вуҷуд надошт, худи тоҷикони ӯзбакистонӣ ҳам, чи дар консертҳои расмӣ ва чӣ дар суру ҷашнҳое, ки Афзалшоҳро даъват мекарданд, аз ӯ бо исрор хондани ин сурудҳоро талаб мекарданд. Ривоят мекунанд, ки раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон барои ин сурудҳо Афзалшоҳро ба унвони «землемер» «мушарраф» карда буд.
Афзалшоҳ ҳамдеҳаи ман аст, панҷрӯдист. Вале, ин сатрҳоро на фақат, ва балки, на барои панҷрӯдӣ буданаш рақам кардам, то бо баҳонаи ба синни мубораки панҷоҳ расиданаш, аз хидматҳояш ёд бикунам ва табрикаш бигӯям. Ӯ кайҳост, ки фарзанди Тоҷикистон, фарзанди Мовароуннаҳри тоҷикон аст. Агар дар Панҷрӯд ба дунё омаданаш ҳукми тақдир буда, дар амри фарзанди Тоҷик ва Тоҷикистон шуданаш фақат худаш саҳм дорад. Ба ин иртифоъи шараф ва ситеғи ифтихор ӯ худ худро расонидааст. Албатта, ин амр ҳам муҳим буда, ки ӯ аз баччагӣ ва навҷавониаш бо фарзандони бузурги Тоҷик ҳамнишину ҳамсуҳбат будааст ва «камоли ҳамнишин бар ӯ асар кардааст», аммо инро ҳам медонем, ки ҳамнишину ҳамсуҳбати ин бузургон садҳо нафар буданд….
Фарзандони Одам ҳеч кадом фаришта нестанд, ки ҳама медонем, балки сириштае аз фазилату нуқсонҳоянд. Ва бадеҳист, ки Афзалшоҳ низ камбуду нуқсонҳое дорад ва гузашта аз ин, назари ӯ ба баъзе масоили зиндагӣ мухолиф бо аслест, ки роқими ин сутур муътақидаш ҳастам. Аммо Афзалшоҳ хеле афзалияту бартариҳое дорад, ки ин нақсро талофӣ ва ҷуброн мекунанд.
Ин афзалияту бартариро мардум муъҷазу мухтасар ва ба як сухан «одамгарӣ» ном додаанд. Шояд ҳамин амр аст, ки ӯ дӯстони сершумор дорад, дӯстонаш аз тамоми қишрҳои ҷомеъа ҳастанд, намояндагони манотиқи мухталифи Тоҷикистону Ӯзбакистонанд, аз қавму халқҳои мухталифанд. Ва ҳамеша хонааш пур аз меҳмон ва дастархонаш боз аст.
Дар сахттарин рӯзҳои зиндагии устодаш Ҷӯрабек Муродов, дар рӯзҳое, ки ин устоди ҳунар аз назари марҳамати ҳукуматдорон дур афтода буд, Афзалшоҳ дар канори ӯ ва пуштибони ӯ буд.
Дар замоне, ки устод Муъмин Қаноат ба сабаби мусоҳибаи тезутунди ҳақталошонааш ба ғазаби давлатдорон гирифтор шуда буд ва бархе метарсиданд, ки ҳатто бо ӯ салому алей кунанд, Афзалшоҳ аз саҳнаи толори бузург, ки чандин нафар аъзои ҳукумат низ дар он ҳузур доштанд, аз устод таърифу тамҷид кард, ва ӯро ва мардуми тоҷикро бо зодрӯзи Шоир табрик гуфт.
Чун ба аёдати Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, ки барои ширкат дар ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба Душанбе омада буд, ба меҳмонсарои «Тоҷикистон» рафтам ва аз давлати Тоҷикистон изҳори сипос кардам, ки ӯро дар меҳмонсарои маркази шаҳр ва дар ҳуҷраи чудогонае ҷой додааст, ба оромӣ суханамро бурид ва шарҳ дод, ки Афзалшоҳ дар фурудгоҳ истиқболам кард ва рост ба ҳамин ҷо овард.
Аз бисёр шиносони муштаракамон, ки ба мушкилу масоиле гирифтор шудаанд, шунидам, ки барои ҳалли гирифториҳои худ ба Афзалшоҳ муроҷиа кардаанд ва ӯ ҳама кори худро канор гузошта, бо истифода аз ёру дӯсту ошноҳои сершумораш масоилу мушкили ононро ҳаллу фасл кардааст.
Тоҷикон номи дигари фарди некхоҳи одамонро «ҷавонмард» ва сифати ӯро «ҷавонмардӣ» унвон кардаанд.
Ва маро дигар ин монда, ки Афзалшоҳи ҷавонмардро бо расидан ба ситеғи панҷоҳсолагӣ табрик бигӯям, расидан ба ситеғҳои баландтару бошарафтари ҳунарро барояш таманно бикунам, орзу кунам, ки консертҳояш боз чун солҳои пешин дар саҳнаҳои Самарқанду Бухоро ҳам баргузор бишавад, дуо кунам, ки садояш боз солҳои тӯлонӣ ширадор, муассир ва дурпарвоз бимонад, ҳанҷарааш ҳеч гоҳ дардро набинад! Омин!
Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман!
Қодири Рустам
Категория: Культура | Просмотров: 952 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Июнь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024