Воскресенье-Якшанбе
28.04.2024
13:37
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2012 » Апрель » 21 » МӮЙСАФЕДИ ЗИНОКОР
МӮЙСАФЕДИ ЗИНОКОР
14:38
Ташхиси тиббӣ нишон дод, ки пардаи бакорати Маҳҷабин вайрон нашудааст, аммо қисмат аз кӯдакӣ ӯро бадбахту бадном сохт. Аввалҳо ақлаш ба ин намерасид, вале оҳиста-оҳиста нигоҳҳои мардумро ҷонибаш дида, худ ба худ хиҷил мешуд. Мардуми деҳа дар қатори одатҳои наҷиби худ боз бераҳмиҳо ҳам доранд, масалан, баъзеи онҳо дар ҳаққи кӯдаки бечора суханҳои ҳархела мегуфтанд, гӯё барои ин бадномияш худаш гунаҳкор бошад. Солҳо мегузаштанду духтараки бечора ғайри хондан машғулият ва ғайр аз модар ғамгусоре надошт. Мактабро бо медали тилло тамом карда донишҷӯйи факултаи ҳуқуқ гашт, дар донишгоҳ худро дар дунёи дигар тасаввур менамуд, зеро касе аз қисмати талхаш воқиф набуд. Оҳи дили ӯ охир ба гӯши Худованд расиду мурдаи таҳқирдидаи бе гӯшу бинии Каримро аз маҳбас оварданд. Аниқтараш баъди даҳ соли дар зиндон будани Карим, мардеро ба маҳбас меоранд, ки таҷовузкунандаи духтарашро ба милиса надода, худаш бо дос зада мекушад. Чун мебинад, ки марди шикамовезони сараш сапсафедро ҳама зиндониён таҳқир карда, ба хӯрокаш ҳар гуна ифлосиҳо меафкананду корҳои ғайриахлоқиро дар ҳаққаш раво мебинанд, пуштибониаш мекунад. Вале чун аз забони маҳбусон мешунавад, ки ӯ духтарчаи сеюнимсоларо таҷовуз кардааст, бо кадом роҳе корд ёфта, Каримро сагвор мекушад. Олоти мардӣ ва гӯшу биниашро бурида, ба болои шикамаш мегузорад…
Ҳарчанд, ки он айёми ваҳшатборро вақт хеле дур партофтааст, аммо шабаҳи сиёҳаш дили Маҳҷабини соҳибҷамолро тазиқ медиҳад. Духтар дар дил аҳд намуда буд, ки ҳеҷ гоҳ шавҳар намекунад, ҳарчанд нигоҳҳои меҳрбори Ниёз дар дилаш тухми дӯстдорӣ мекоштанд, аммо ӯ ҳаргиз намехоҳад Ниёз барин ҷавони хубро фиреб диҳад, ҳар чи бодо бод ҳама асрори дилашро имрӯз ба хушдораш мегӯяд… Бо ҳамин андешаҳои машғуш духтар аз ҷой хест ва назди оина рафта ба қаду қомат ва ҳусну ҷамолаш бо диқат назар кард. Кулчақанди пухтаашро ба қутии зебое ҷо намуда, аз пайи либоспӯшӣ шуд. Ӯ мӯйҳои майдабофти ҳалворангашро, ки то ба зонуяш мерасиданд, ба пушташ партофта пироҳани сабзи аз адраси Хуҷанд духтаашро ба бар намуд. Ба гӯшу гарданаш ороиши нуқрагини аз модаркалонаш мерос мондаро омехта тоқии зардӯзии бухороӣ ба сар кард. Вақте ки аз хобгоҳ мебаромад, тамоми донишҷӯёни дар саҳни ҳавлии хобгоҳ буда ба сӯяш бо меҳр нигоҳ карданд. Охир Маҳҷабин ба номаш муносиб, балки болотар аз он муҷассамаи зебоӣ буду зеби тамошо. Духтар бо чеҳраи дилкаш, андоми мавзун, вале маҳзуну дилкабоб аз рӯйи суроғаи додаи Ниёз хонаи онҳоро ёфта, занги дарро пахш кард. Дарро ба рӯяш Ниёз кушода, ӯро ба меҳмонхона ҳидоят намуд, аммо ғайричашмдошти ӯ дар хона ғайри падару модараш каси дигар набуд. Волидони Ниёз ба сарватмандию мансабдорияшон нигоҳ накарда, хеле хоксору меҳрубон буданд. Ба Маҳҷабин духтарам гӯён меҳрубонӣ мекарданду ӯро ба дастархон муроот менамуданд. Пас аз сӯҳбати самимию дилчасп падарашу Ниёз ба хонаи дигар гузаштанду модараш бо Маҳҷабин танҳо монданд. Духтарам, ман як писари талбида дорам, пас аз тавлиди Ниёзҷон дигар фарзанддор нашудам, на табобат фоида намуду на дуохонӣ, азбаски бо шавҳарам якдигарро дӯст медоштем, шукри ҷони ҳаминро карда ҷудо нашудем. Аз Худованд миннатдорам, ки ба ягона писарам ақлу тамиз ва донишу маърифат додааст. Ману падараш ӯро дар ягон коре маҷбур намекунем, чун сухан дар бораи издивоҷ рафт, ӯ номи туро ба забон оварда, дар бораи хислатҳои ҳамидаат сухан кард ва зодрӯзи ман баҳона мо туро ба хона даъват намудем. Мегӯянд, ки бо одам сад сол зиста, наметавонӣ табиаташро фаҳмӣ, аммо ту ба ман хеле маъқул шудӣ, агар розӣ бошӣ ба деҳаатон хостгорӣ меравем. Ҳамин вақт беихтиёр ашк аз чашмони Маҳҷабин равон гашту худашро ба зӯр ба даст гирифта, аз зан хоҳиш намуд то писару шавҳарашро ба сари дастархон даъват намояд. Модари Ниёз ранги канда ва ларзиши пайкари духтараки бечораро дидаю хоҳиши ғайриодиашро шунида ҳайрон шуд, вале хоҳиши ӯро иҷро намуд. Ниёз ба чеҳраи ғамолуди Маҳҷабинаш нигариста намедонист чӣ гуна ӯро тасаллӣ диҳад ва норозиёна ба модараш нигарист. Модараш бошад, тааҷҷубомез китф дар ҳам кашид.
-Амакҷон, холаҷон, раҳмат бар шумо, ки хоҳиши писаратонро дастгирӣ мекунед, аммо ман ба Ниёз арзанда нестам, - бо ранги канда ба сухан оғоз намуд духтар. Лабони аз зарби шарму ҳайё ва дарду ҳаяҷони ботин парсинбастааш ба зӯр меҷунбиданд, аммо кӯшиш мекард, ки рози нуҳуфтаи дили захминашро пеши ин одамони меҳрубон гӯяд. Ман ҳамагӣ сеюним сол доштам, ки ба дасти беимоне афтидам, ин мӯйсафеди палиду беимон, ки ҳамсинну соли бобоям буд, маро бадном сохт,-илова намуд духтар ва китфонаш ларзида рӯяшро бо дастони сафеду абрешимвор мулоимаш пӯшида паст ва дардомез гирист. Ниёз чун ҳайкал хомӯшу бесадо ба Маҳҷабин менигаристу модараш баробари ӯ мегирист, падараш бошад, андешаманд сар ба поин андохта буд. Самӣ Сафо, солҳои дароз додситон шуда кор мекарду шоҳиди садҳо ҳодисае гашта буд, ки пирони фосиқ ҳатто ба духтарону набераҳои худ чашм ало карда буданд. Хомӯширо низ падари Ниёз шикаст, ӯ ба Маҳҷабин муроҷиат карда гуфт: -Духтарам, ту дар ин ҷо гуноҳе надорӣ, гиря накун, аммо офарин ба ҷуръатат, ки тавонистӣ он даҳшатро боз як бори дигар ба хотир биёрӣ. Акнун ихтиёр дар дасти Ниёз аст, ман боварӣ дорам, ки агар ӯ аз издивоҷ бо ту даст кашад ҳам, ту бо каси дигар хушбахт хоҳӣ шуд. Охир, духтаре бо ин ҳусну малоҳат, зебоӣ, ақлу фаросат ва мардонагӣ танҳо нахоҳад монд. Маҳҷабин боз ками дигар бо аҳли ин оилаи меҳрубон нишасту ба хобгоҳ баргашт. Ҳангоми бозгашт модари Ниёз ба нею нестонаш нигоҳ накарда, халтаи салафании калонеро ба дасташ дод ва Ниёз хомӯшу бесадо ӯро гусел кард. Маҳҷабин, ки мубориза бо нокомиҳоро ба худ шиор карда буд, рӯзи дигар аз Ниёзу ишқаш умедашро канда, бо дили поку хотири ҷамъ ба дарс рафт. Пас аз дарс тӯҳфаи модари Ниёз помбархи нилобии ҳарирро ба назди дӯзанда бурда баргашт, ки Ниёзро назди дари хобгоҳ интизори худ дарёфт. Маҳҷабин, ман фикр карда дидам, ки зиндагиамро бе ту тасаввур карда наметавонам, баъд ин ки ба он фоҷиаи ба сарат омада ту тамоман гунаҳгор нестӣ, ман ба ту хонадор мешавам, аммо аввал ту бояд табобати духтури рӯҳшиносро гирӣ,-иброз дошт Ниёз ва Маҳҷабин дар дил аз Худованд шукргузор сар хам кард. Ниёз ҳар рӯз баъд аз дарс ӯро барои гирифтани табобат ба назди табиби номдори рӯҳшинос мебурд, баъд аз шаш моҳи табобат Маҳҷабин худро хушбахттарин духтари дунё мешумурд ва дигар дар бораи он даҳшати ба сараш омада фикр ҳам намекард. Тамоми гумону шубҳаро аз сар дур карда, меҳри дилашро нисори Ниёзи меҳрубонаш мекард. Онҳо Донишгоҳро хатм намуданду Ниёз ба коргоҳи бонуфузе ба кор рафт, Маҳҷабин бошад, дар донишгоҳ монд ва ҳуҷҷатҳояшро ба аспирантура супорид, волидонаш ин иқдоми ӯро дастгирӣ карданд ва падараш бо бародаронаш маслиҳат намуда, азм карданд, ки барои духтараки бадномзадаашон хонаи якҳуҷрагие мехаранд, аммо рафтани хостгорҳои баобрӯ ва пайдо гаштани домодшавандаи хуб сари онҳоро ба осмон расонд, падари бечорааш ба падари домод мусибати ба сари духтаракаш омадаро нақл намуд, аммо Самӣ Сафои дунёдида ба гузашта салавот гӯён сухани қудошавандаашро бурид. Модари Маҳҷабин бошад, мегиристу назди модари домодшавандааш ҳасрат мекард. Хоҳарҷон аз шумо як хоҳиш, дигар дар ин бора гап назанед, зеро намехоҳам Маҳҷабин шунида ғамгин шавад,- китфони Меҳрӣ-холаро оғӯш намуда гуфт модари Ниёз. Тӯйи Маҳҷабин беҳтрин тӯе буд, ки солҳои ахир дар деҳа барпо гашта буд. Янгаҳою меҳмононро ба мошинҳои алоҳида савор намуданду аз ноҳияи онҳо то пойтахт домоду арӯс дар мошини домод танҳо сафар намуданд. Раҳгузарҳо ба ин манзараи зебо бо ҳавас менигаристанд, дар Душанбе бошад, дар тарабхонаи беҳтарин тӯйи арӯсии ин ду ҷавони хушбахт барпо гашт. Модари Маҳҷабин ду даст дар гиребон ашк мерехту ба сӯйи осмонҳо нигариста зери лаб пичиррос мезад, дар номат мурам, эй парвардигори ҳаждаҳ ҳазори олам, охир, ту оҳи маро шунидӣ ва духтараки бадному бегуноҳи маро хушбахт кардӣ, акнун ӯро дар паноҳи раҳматат нигаҳ дор! Мо низ дар пайравӣ бо ин модари аламкашида дасти дуо сӯйи осмонҳо бардошта, ба Маҳҷабину Ниёз бахти сафеду толеи баланд таманно мекунем.
Ҳилолаи Баҳриддин
Категория: Общество | Просмотров: 9700 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 3.8/4 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Апрель 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024