Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
11:00
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Январь » 11 » ЛИБОСПӮШӢ ҲАМ ҚОИДА ДОРАД
ЛИБОСПӮШӢ ҲАМ ҚОИДА ДОРАД
22:11
Ҳар рӯз дар кӯчаю бозор, нақлиёт, ҳатто дар маъракаҳо занонеро вомехӯрем, ки хилъатҳои хонапӯшӣ ба бар доранду бепарво, гӯё чизе нашуда бошад, чақ – чақу сӯҳбат мекунанд.
Дар куҷое хонда будам, ки: «Агар сатҳи зиндагӣ, фарҳанг ва маърифати кишвареро донистан хоҳӣ, ба занони он миллат назар кун».
Акнун тасаввур кунед, ки хориҷие барои муайян намудани сатҳи маърифатнокии мо, ба занони тоҷик назар кунад. Имонам комил аст, ки шарманда мешавем. Охир баъзе занони пойтахти Тоҷикистон, шаҳрро ҳавлии бобокалонашон пиндошта, бо хилъати хонапӯшӣ, дар пой «иринка» дар нақлиёт нишаста аз як канор ба канори дигараш мераванд.
Пас чӣ ҳоҷати ба забон овардани калимаи зебое чун маърифат?!
Чанд рӯз пеш ба маркази шаҳр мерафтам, дар нақлиёт рӯ ба рӯям зане менишаст, ки дар тан хилъати аз матоъи сачоқмонанд дӯхта дошт.
Гӯшвораю ангуштаринҳои заррин ва ороишоти косметикиаш ба дараҷаи «олӣ», аммо касе ба ӯ нагуфтааст, ки ин хилъатро ҳангоми аз ҳаммом баромадан мепӯшанд, на дар кӯча!
Бонувони азиз, либоспӯшӣ қоидаи худро дорад ва биёед, худро назди худию бегона шабеҳи масхарабоз насозем.
Ҳилолаи Баҳриддин
Категория: Общество | Просмотров: 883 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 4.2/5 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Январь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024