Пятница-Ҷумъа
26.04.2024
10:53
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Июль » 24 » Корвони тобути муҳоҷирон охир надорад?
Корвони тобути муҳоҷирон охир надорад?
16:03
24.07.2011
Ҳарамгули Қодир
Муҳоҷират ба ивази ин ки садҳо хонаводаро аз фақр мераҳонад, ҷони садҳо ҷавони муҳоҷирро низ мегирад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар дар нимаи аввали соли ҷорӣ наздики 400 ҷасади муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан оварда шудааст, ки 80 дарсади онҳо ҷавонон будаанд.
Ин нерӯи тақрибан як миллионнафара аст,
ки аксарияти
хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба оянда
ба умед менигаранд...
Ҳумайрои Ашӯр, як масъули Дафтари матбуоти ВУД ба "Озодӣ" гуфт, “376 тобути шаҳрвандони мо оварда шуданд, ки сабаби марги онҳо дар санадҳое, ки тартиб дода шуданд, гуногун аст. Яке бо роҳи куштор, дигаре ба сабаби беморӣ, сӯхтор, дар садама фавтидаанд.”
Он чӣ бештар мояи нигаронии ҷомеаи Тоҷикистон шудааст, ин аст, ки дар ин авохир маргу мири ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар хориҷ аз кишвар, бахусус Русия афзудааст.

Орзуи Ҳамид Орзуи Ҳамид, таҳлилгари ҷавон дар Кӯлоб, мегӯяд, дар як ҳафтаи ахир дар чанд маросими дафни чанд муҳоҷири тоҷик, ки аз Русия овард шудаанд, иштирок кардааст.

Ба қавли ӯ, дар ҳоле ки солона садҳо ҷасади муҳоҷирини тоҷик ба ватан оварда мешаванд, аммо то ҳол барои кам кардани раванди фирори нерӯҳои кориву мағзӣ ба хориҷ ва ба ин роҳ кам кардани теъдоди тобути муҳоҷирони тоҷик иқдоме рӯи даст гирифта нашудааст.

Тоҷикистон дорои каме бештар аз 7 миллион ҷамъият аст, аммо хонаводаеро ёфтан мушкил аст, ки касе аз аъзои он дар муҳоҷират набошад. Ҳоло бино бар омори расмӣ ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар кӯйи муҳоҷират ва он ҳам дар Русия қарор доранд.

Олимаи Абдусаттор, як хонуми ҷавон, ки панҷ бародари муҳоҷир дорад, мегӯяд, рӯзии хонаводаро бародаронаш таъмин мекунанд. Аммо, ба гуфтаи Олима, хонаводаашон аз сарнавишт ва рӯзгори феълии бародарон ва амнияти онҳо ҳамеша дар изтиробанд. Ин хонуми ҷавони тоҷик афзуд, ҳар боре ҷасади муҳоҷиреро аз Русия ба маҳаллашон меоранд, ба истилоҳ сад бор мемиранду зинда мешаванд.

Тобути Салоҳиддин Азизов, моҳи декабри соли 2008 "Сахт аст вақте мешунавем, ки ҷасадеро оварданд. Бе ин ҳам ҳамеша дар фикри он ҳастем, ки бародарони мо дар куҷо зиндагӣ мекунанд, бо чӣ роҳ маблағ ба даст меоранд ва ба мо мефиристанд. Модарам дар фикри бачаҳояш чун дигар садҳо модари тоҷик хоб надорад",-илова кард ӯ.

Ин дар ҳолест, ки манзараҳои ҳузнангези куштори шаҳрвандони тоҷик дар Русия, ба монанди сари буридаи Салоҳиддин Азизови 21-сола дар се соли пеш, аз хотираҳо зудуда нашудааст. Бо ин вуҷуд, мардум дар қиболи корвони тобутҳо чораи дигаре надоранд, ҷуз ин ки сабр кунанд ва ба сарнавишти бади худу пайвандонашон нафрин гӯянд.

Зеро имрӯз вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии хонаводҳо маҳз туфайли муҳоҷирон таъмин аст ва ин нерӯи тақрибан як миллионнафара ҳаст, ки аксарияти хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба оянда ба умед менигаранд.
Категория: Общество | Просмотров: 913 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 1.0/1 |
Всего комментариев: 1
1 Мухочир  
0
Хафтаи гузашта тобути як хамдехаамонро аз Самара низ гуселониданд. Худо рахмат кунад, бечора чавони бенихоят хуб буд. Мегуянд, ки гарк шудааст дар обанбори Жигульёвск. Хайр такдир будагист, агар лозим шавад бо хар бахонае дилхох касе низ хохад рафт. Барои хешу табор ва хонаводаи рахмати хамдардии худро баен мекунем.


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Июль 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024