Четверг-Панҷшанбе
25.04.2024
16:09
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Ноябрь » 6 » “Хуни қалам” – и Бозор Собир
“Хуни қалам” – и Бозор Собир
09:31
Бо ин ном маҷмӯи нави шеърҳои устод Бозор Собир-шоири маъруфи тоҷики муқими Амрико, ки ҳоло дар Душанбе қарор дорад, ба теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баромад. Дар маҷмӯаи мазкур шеърҳое гирд омадаанд, ки шоир дар солҳои гуногун, дар манотиқи мухталиф эҷод кардааст.
"Чун қалам нест касе ҳамхунам”, "Дубора созамат Ватан”, "Аҷам ҷамъ аст” ва "Хати риш” аз ҷумлаи шеърҳое ҳастанд, ки дар ин маҷмӯа ҷой гирифтаанд.

Бозор Собир гуфтааст, ин маҷмӯи шеърҳояшро ба 30-солагии ёдбуди бародараш профессори риёзидон Темур Собиров мебахшад.

Бозор Собир, бо ҳамсару 4 фарзанд ва 3 наберааш дар Ричмонд, шаҳраке дар канори Сиэттли Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба сар мебарад ва моҳе пештар барои дидор ба Ватан омада буд.
.

Категория: Культура | Просмотров: 6982 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 5
5 акмалчон  
0
хаётам дар гариби сер шудас

4 ЮсуФзод  
0
Офарин барои шеъро дар инчо навиштанатон.

3 Шамшод  
0
Ў беҳтарини беҳтаринҳост!

2 123  
0
Шеъри "Забони модарӣ" солҳои 70-ум рӯи чоп омадааст!

Шоир чи хуш гуфтааст:

"Ҳарчӣ ӯ аз моли дунё дошт дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.

Суннати волою Девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт дод.

Ё дар ҷои дигар меоварад:

"Дар миёни тангчашмоне, ки

чашми тангашонро,

Ҳеҷ ганҷе пур намекард,

Ҳафт хони Рустамашро

барҳадар густурд.

Ҳафт ганҷи қиммати Афросиёбашро,

Барҳадар рехт,

Ҳафт мулкашро фидо кард!

Барои чунин сатрҳои ҷонсӯз ва ошкорогӯӣ дили шерона бояд дошт ва воқеан устод Бозор Собири миллатдӯст ҳамин гуна шердилу ғаюр ҳаст.

Соли 1980 ҷашни 1000 солагии Шайхуррраис Абӯалӣ Сино бо сарпарастии Созмони Миллали Муттаҳид дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд, дар Тоҷикистон низ ба ин муносибат ҷашни бузурге барпо гашт ва расонаҳои хабарии кишвар шеърҳои зиёди шоирони тоҷикро бахшида ба ин ҷашн чоп намуда буданд, дар ин миён шеъри ба тозагӣ навиштаи устод "Теғи Сино" дар байни шеърҳои чопгашта мавқеи асосӣ дошт ва ду сатри охири он:

"Халқи тоҷик теғи дармонбахши Синоро гирифт,

Теғи дармонбахши Сино рӯи дунёро гирифт."

Чун сархат бо ҳарфҳои калони сиёҳ дар ҳарду саҳифаи рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп гашта буданд ва чун чашми хонанда ба ин сатрҳо меафтод, ӯро беихтиёр як ҳиссиёти аҷиби ифтихори миллӣ, ифтихор аз фарзанди фарзонаи миллат ва ифтихор аз тоҷик будан фаро мегирифт


1 Мухочир  
1
Забони точики
Харчи у аз моли дуньё дошт, дод
Хитаи Балху Бухоро дошт, дод
Суннати волою девон дошт, дод
Тахти сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш дониши Сино гирифт,
Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт,
Душмани санъатфурушаш санъати Бехзод бурд,
Душмани бехонааш дар хонаи у чо гирифт.

Дод у аз даст гурзи Рустаму Сухробро,
Барбарони нотавонеро тавоно кард у.
номи худро хамчу гури Рудаки аз ёд бурд,
Котилони хешро машхури дуньё кард у.

Комати кутохи мангит
Аз манори калъаи ахли Хуросон шуд баланд.
Пастии сахрои Кипчок
Аз баландии Бадахшон шуд баланд.
Халки точик,
Халки ормон
Об дар чашм
Чун ятимон,
Дар лабаш хашм
Чун асирон.

Аз Ватан то бар кафан хар буду нобуде, ки буд
Бар кафанталбу ватанталбандагон бахшиду дод.
Душмани дарвеши худро
Шоху доро карду худ дарвеш шуд.

Лек лафзи модариаш хамчу номи модараш,
Дар дахону дар забонаш монд, монд.
Хар сухан бо шири модар,
Сахт шуд дар устухонаш монд, монд.

Худ ба худ дар гушаи хоки диёр,
Аз чудои, аз гариби
У гиристу гиряхо бар обшорон ёд дод,
Лафзи кухистоние бар боду борон ёд дод.
Рудхоро Рудакидон кард у,
Бодхоро Анварихон кард у.

Рузи ноободиаш точик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлати бунёд кард.
Давлате аз харфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин,
Аз чунон шеъре, ки хар як мисрааш,
Чуяе аз хоки сарбозони уст,
Торае нуре аз оташи зардуштони уст.

Гуё чун сайди мачрух
У чарохатхои худро
Гаштаву баргашта лесид,
Бо забони худ даво кард.

Дар сарояш точик аз бахти нагун,
Гарчи бо гарби мусулмон, хамрасо буд.
Хамрасулу хамхудо буд,
Дар забон аммо чудо буд.
Аз сари сад минбар афтоданд нозирхои у,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор чон доданд шоирхои у
То наафтад бар замин кадри сухан!

Дар хаду сархадшиносии чахон,
Сархади точик забони точик аст.
То забон дорад ватандор аст у,
То забондо аст бисёр аст у.
Бок не, гар доварй гумкардааст,
Е умеди сарварй гумкардааст.
Захр Бодо шири модар бар касе,
Ки у забони модарй гумкардааст!!!



Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Ноябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024