Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
23:35
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Ноябрь » 7 » ХОНАИ ФОЛБИНҲО СӮЗАД, - мегӯяд ҳамсӯҳбатамон
ХОНАИ ФОЛБИНҲО СӮЗАД, - мегӯяд ҳамсӯҳбатамон
17:57
Имрӯзҳо баҳри ҳаллу фасли мушкилиҳои хеш рӯ овардан ба фолбинону соҳирон як амри воқеӣ шудааст гӯем, хато намешавад. Агар пештар ба назди ин тоифа занон мерафта бошанд, акнун ҷинси шариф низ аз ҷинси латиф қафо намонем гуфта, дар дари фолбинҳо навбат мепоянд.
Оё воқеан ҳам, фолбинон дар ин ё он кор метавонанд мушкилкушо бошанд?
Диди дини мубини ислом дар ин бора чӣ гуна аст?
Фолбину соҳирҳо кистанд, мулло, намояндаи дин ва ё ҷодугар?
Ин тоифа қисматсозанд ё қисматсӯз?
Баҳри посухи ин саволҳо ҳамсӯҳбат гаштем бо бархе аз ҳамватанон, ки мӯҳтавои онро пешкаши хонандагони гиромиамон мегардонем.

Ҷунайдулло, тоҷир аз шаҳри Ваҳдат:
ДУОИ ФОЛБИН КӮМАК КАРДУ…
- Дар Федератсияи Русия соли 2007 муҳоҷир будаму дар мағозаи марди чиние савдо мекардам. Намедонам барои чӣ яку якбора муомилаи шефам бо ман сард шуд. Ростӣ, аз тарси аз даст надодани ҷойи кор ба фолбини лулие рӯй овардам. Ӯ ба ман гуфт, ки ба ту чашм расидаасту ин чашм аз тарафи ҳамватани худат аст. Сипас дар шоколаде ким чӣ хонда ба ман доду фармуд, ки онро бо шефам ду ҳиссаӣ баробар карда хӯрем. Ҳамин тавр ҳам кардам ва натиҷааш бисёр хуб шуд. Шояд «фол набину бе фол ҳам нагард» - дуруст бошад.

Асадулло, ронанда аз шаҳри Душанбе:
ҲАР НАФАРЕ БА ФОЛБИН РӮ МЕОРАД…
- Кадоме, ки ба фол бовар дораду барои осон кардани мушкилоти хеш назди фолбину соҳир меравад, имонаш қавӣ нест, зеро фол дар китоби муқаддаси Қуръон куфр эълон гаштааст. Рӯ овардан ба фолу тақдири худро ба ин васила тағйир додан, ширк овардан ба хости Худованд аст...

Зане, ки худро муаррифӣ накард, чунин гуфт:
ОНҲО ҶОДУГАРАНД
- Хонаи фолбинҳо сӯзад. Онҳо ғайр аз ҷодугар дигар касе нестанд. Вагарна шавҳарам бе ягон сабаб маро тарк намегуфту ду фарзанди гулбаринамро зиндаятим намекард. Фолбинҳо ғайр аз ҷодугарӣ, дурӯғгӯиву тӯҳмат низ мекунанд. Масалан, якеи онҳо бо номи Саломат маро дар пеши хушдоманам тӯҳмат задааст, ки келинат туро дар қурбоққа бо писарат хунук кардааст. Худо шоҳид, ки ин сухани вай дурӯғ буд ва маҳз ҳамин дурӯғ зиндагии маро бо шавҳар барбод дод.

Назокат, соҳибхоназан аз ноҳияи Шоҳмансур:
Ӯ ХОҲАРАМРО СОҲИБИ БАХТ КАРД
- Рости гап, гуноҳ ҳам бошад, барои ба шавҳар додани хоҳарам аз хизмати фолбин истифода бурдем. Охир хоҳаракам гулбарин духтар ба сӣ қадам монда, пирдухтар ном гирфита буд. Худо апаи Насибаи табибро садсола кунад, ки бо дуою мушкилкушоиҳояш хоҳарамро соҳиби бахт карду имрӯз вай соҳиби фарзанд аст.

ИХЛОСУ ХАЛОС
Воқеан, ҳастанд нафароне, ки чунин корҳоро пеша карда, ба мардум то андозае нафъ мерасонанд. Шояд дар ин ҷо сухани маъмулӣ ихлосу халос нақш бозад. Хуб мешуд, то ҳамаи фолбинон барои одамони эҳтиёҷманд қисматсоз мебуданд, на қисматсӯз, вале мо, ки мусулмонему аз қиёмат умед дорем, бояд на ба фолбину соҳирон, балки ба Худованд такя созему тақдири некиву бадии хешро чӣ тавре, ки дар Қуръони карим омадааст, аз хости он зоти пок донем.

Навъҳои фоле, ки дар кишвари мо маъмул аст.
Фолбинӣ бо тасбеҳ;
Фолкушоӣ аз рӯйи расм;
Фол бо карта;
Фол бо қаҳва;
Фол бо доира;
Фол бо дутор.
Омодасоз Наргиси Муродалӣ

Категория: Общество | Просмотров: 940 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Ноябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024