Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
03:34
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Октябрь » 17 » ХОҲИШҲОИ МАРДҲОРО ИҶРО КУНЕД, ЗАНҲО!
ХОҲИШҲОИ МАРДҲОРО ИҶРО КУНЕД, ЗАНҲО!
10:30
- мегӯянд мардони ҳамсӯҳбатамон
ВА Ё ЗАНИ ШАҲРӢ ХУБ АСТ Ё ДЕҲОТӢ?

Барои ҷавоб гирифтан ба ин савол мухбирамон ба якчанд ҳунармандони шинохта муроҷиат намуд. Инак посухи эшон

Шабнами Собирӣ:
ЗАНИ ШАҲРӢ БЕҲТАР АСТ, ЗЕРО…
- Зиндагӣ пастию баландиҳои зиёд дорад, танҳо зани сабур метавонад ин ҳамаро бо пуртоқат будани хеш паси сар намояд. Аз мушоҳидаҳо метавон гуфт, ки имрӯз аксар ҷавонон кӯшиш мекунанд, бо духтари шаҳрӣ, бо оне, ки соҳибмаълумот асту зиндагиро бо тамоми маънояш дарк мекунад, хонадор шаванд, то дар ҳаёт азоб накашанд.
Воқеан, зане, ки соҳибилм аст, метавонад тамоми мушкилиҳои рӯзгорро бо хубӣ паси сар кунад. Баъдан гуфтан ба маврид аст, ки духтари шаҳрӣ аз деҳотӣ ба куллӣ фарқ мекунад, ҳам дар рафтору гуфтор, ҳам дар муносибату муошират бо шавҳар ва дигар аҳли оилаи онҳо ва ҳам дар кору бори рӯзгордорӣ, аз ҷумла дар пухту паз. Шояд ба ҳамин хотир ҷавонон рӯ овардаанд ба духтарони шаҳрӣ? Охир кадом мардро зани чақон намефорад?

Суруш Холов:
БА ГУФТАҲОИ БОЛО РОЗӢ НЕСТАМ!
– Банда ба гуфтаҳои боло розӣ шуда наметавонам, зеро зан - модар, умуман ҷинси латиф ҳамаашон зебо, меҳрубон ва дилсӯзанд. Бинобар ҳамин ҳам, байни зани деҳот ё шаҳр фарқ намегузорам. Дар деҳот ҳам духтарҳои хубу бомаърифат, дӯзандаю пазандаи хубу моҳир, олуфта ва чақон зиёданд. Баъдан гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз бештари духтарони деҳот низ ба касбу ҳунар омӯхтан рӯ овардаанд, ки ин пешравӣ аст. Шахсан ман ҳамон бонуеро дӯст медорам ва эҳтиром мекунам, ки дониши кофӣ, фаҳмиш ва ҷаҳонбинии васеъ, лафзи ширин, гуфтори хуб… дошта бошад, муҳим шаҳрӣ ё деҳотӣ будан нест.
Ҷавонон ҳангоми хонадоршавӣ набояд ба шаҳру маҳали арӯсшавандаашон нигоҳ кунанд, зеро шаҳрӣ ё деҳотӣ будани ӯ нақш намебозад, асос он ки одобу интизоми хуб дошта бошаду қадри шавҳару аҳли хонаводаашро донад.

Зайдуллои Шамсулло
ЗАНИ ХУБ ОНЕСТ, КИ…
- Оне, ки ба тамоми мушкилиҳои рӯзгор тоқат мекунад, оне, ки тамоми рафтору гуфтори хубу бади ҳамсар ва хонаводаи ӯро таҳаммул менамояд, оне, ки гапи хонаи шавҳарро ба касе намегӯяд, оне, ки шавҳараш ва волидони ӯро дӯст медораду барои пойдории оилаааш ҳамеша кӯшиш менамояд, беҳтарин зан аст. Агар мард ҳамсари хуб дошта бошад, ӯ хушбахттарин инсони рӯи олам аст, агар не…

Садриддини Наҷмиддин:
ФАРҚАШ ЧӢ ШАҲРИЮ ДЕҲОТӢ…?
- Шахсан барои ман фарқ надорад, ки зан аз шаҳр аст ё аз деҳот, муҳим он ки қадру қимати худу дигаронро донад, фарзандонро тарбияи дуруст диҳад, бо рафтору гуфтори ҳамидаи инсониаш намуна бошад, шавҳарашро фаҳмад… Агар дар зиндагӣ зану мард якдигарро фаҳманд, пас он оила пойдор монда, ду ҷуфт хушбахт мешаванд. Таманно мекунам, ки ҳамеша ва дар ҳар давру замон занҳо мардҳоро фаҳманд, эҳтиром кунанд ва барои мустаҳкамии оилаашон ҳаракат намоянд, боқӣ тансиҳат бошед.

Саидаи Сироҷиддин:
АЗ КУҶО БУДАНИ Ӯ МУҲИМ НЕСТ
- Фарқаш чӣ, ки зан шаҳрӣ аст ё деҳотӣ? Дар рафти зиндагӣ ягон рафтори ноҷо накунад, шавҳарашро содиқона дӯст дораду тамоми меҳру муҳаббаташро ба ӯ бахшад, хоҳишҳои ӯро сари вақт иҷро кунад, беҳтарин таомҳоро барояш тайёр намояд, сару либосашро доимо озода нигоҳ дорад, шуд. Боварӣ дорам, ки мард низ дар навбати худ чунин занро эҳтиром намуда, дӯст медорад, ба ӯ хиёнат намекунад.

Муҳаммадрафии Кароматулло:
МЕҲРУ МУҲАББАТ БОШАД…
– Як чӣ гӯям? Ҳоли ҳозир аксар волидон фарзандонашон, бахусус ҷавононро намефаҳманд, ҳаминро мушоҳида кардаед? Масалан, як ҷавони деҳотӣ духтари шаҳриро дӯст медораду мехоҳад ӯро ба занӣ гирад, аммо волидон хоҳиши ӯро рад карда, мегӯянд, ки вай духтари шаҳрӣ асту аз ӯҳдаи корҳои деҳот намебарояду ба проблемаҳои зиндагӣ тоқат намекунад ва монанди инҳо. Ё баръакс, як ҷавони шаҳрӣ духтари деҳотиеро дӯст медорад, аммо падару модараш вай деҳотӣ асту ба муҳити шаҳр ошно нест, то одат мекунад, ки азоб мекашӣ гӯён розигӣ намедиҳанд. Аммо ба андешаи ман, дар зиндагӣ муҳим меҳру муҳаббат аст, боқӣ ҳамааш мешавад. Ҷавонон якдигарро дӯст доранд, боварӣ дорам, ки ба тамоми пастию баландиҳои рӯзгор тоқат мекунанд, аниқтараш ҳамон меҳри нисбат ба ҳамдигардошта онҳоро водор месозад, ки ба мушкилиҳо тобовар шуда, рӯзи некро интизор шаванд.
Сӯҳбаторо Наврӯз
АЗ ИДОРА:
Хонандагони азиз! Ин буд андешаи чанд нафар аз ҳунармандони шинохтаи кишварамон. Шумо чӣ андеша доред?

Зан ва мард

Категория: Общество | Просмотров: 2252 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 4.0/1 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024