Среда-Чоршанбе
08.05.2024
02:26
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 437

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 11 » Кӯҳнавардони интизори наҷот дар Помир
Кӯҳнавардони интизори наҷот дар Помир
14:34
Матбуоти Русия ва Украина навиштаанд, ки Олег Монсар, як кӯҳнаварди украинӣ рӯзи 31-уми июл дар минтақае бо номи Девлохи Ҷанубии Помири Тоҷикистон аз қуллае сарозер шудааст. Ин расонаҳо ҳамчунин навиштаанд, ки чор рӯз ба ин сӯ, иртибот бо ду кӯҳнаварди ҳамроҳи Олег Монсар низ қатъ шудааст.

Дар давоми 11 -рӯзи гузашта аз сарнавишти ин кӯҳнавард хабаре ба даст наомадааст. Дар хабарҳо гуфта мешавад, то замоне, ки ҳамроҳони вай маводи хӯрокӣ доштаанд, ҷустуҷӯро идома додаанд.

Сомонаҳои дигари хабарӣ навиштаанд, ки ду кӯҳнаварди украинӣ дар банди кӯҳ монда ва чаҳор рӯз ба ин ҷониб интизори кӯмаканд. Алексей Вашенко ва Алексей Никоненко ба навиштаи ин сомонаҳо дар баландии 4 ҳазору 600 метр қарор доранд ва алоқа бо онҳо қатъ шудааст.

Люба ва Лилия Монсар, ҳамсар ва духтари духтари кӯҳнаварди сарозершуда ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки ба ҷои ҳодиса танҳо бо чархболи низомӣ метавон парвоз кард. Аммо ниҳодҳои Тоҷикистон то кунун чунин имконеро фароҳам накардаанд.

Лилия Монсар гуфтааст, "вазорати дифоъ ҳанӯз чархболро надодааст, зеро он дар иҷрои кадом тайиноти давлатӣ ва вазифаи низомӣ дар ҳоли истифода будаст. Шояд чунин дигар чархболе дар кишвар вуҷуд надошта бошад, барои ҳамин онҳо натавонистаанд онро дар ихтиёри наҷотдиҳандагон қарор диҳанд".

Вазорати корҳои хориҷии Украина ба хабаргузориҳо гуфтааст, субҳи рӯзи 11 август амалиёти наҷот оғоз мешавад ва як чархбол бо кӯҳнавардон барои кӯмак ба Помир хоҳад расид.

Категория: Новости дня | Просмотров: 1422 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024