Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
14:06
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Октябрь » 23 » КӮМАКҲОИ ХОРИҶӢ: АЗ КУҶО МЕОЯНД ВА БА КУҶО МЕРАВАНД?
КӮМАКҲОИ ХОРИҶӢ: АЗ КУҶО МЕОЯНД ВА БА КУҶО МЕРАВАНД?
18:32
Дар бораи шаффофияти миқдор ва маблағҳои кӯмакҳои беруна, кредитҳои гуногун ва грантҳо ба соҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ворид мегарданд, вақтҳои охир зиёд ҳарф мезананд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки мардуми кишвар бояд бидонад, ки кӣ имрӯз барои дастгирӣ намудани иқтисодиёти Тоҷикистон кӯмак мекунад, чӣ миқдор сармояи хориҷӣ ба ин ё он соҳа ворид гашта, ӯҳдадориҳои ин кӯмакҳои берунаро кадом сохтор таъмин менамояд.
Бо кӯмаки мутахассисони Кумидаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, мо имрӯз дар бораи кӯмаки беруна ба ду соҳаи муҳим – маориф ва тандурустӣ дар тӯли солҳои 2002 – 2009 ҳарф хоҳем зад.
БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ – ДОНОРИ АСОСИИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН
Чуноне ки Валӣ Мӯсоев – роҳбари лоиҳаи «Дастгирии ҳамоҳангсозии самараноки миллии кӯмаки беруна ва пешбурди сармоягузорӣ» мегӯяд, аз моҳи феврали соли 2008 Вазорати маорифи кишвар мустақилона ба амалӣ гардонидани лоиҳаи сармоягузорӣ, ки он бо гранти Хазинаи каталитикӣ маблағгузорӣ ва аз тарафи Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ идора карда мешавад, шурӯъ намудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар оянда вазорат метавонад ҳамаи лоиҳаҳои самоягузориро худ амалӣ гардонад.
Дар бахши маориф дар давраи мазкур 267 лоиҳаи ёрии беруна амалӣ шуда буд. Чӣ тавре ки аз сохтор дида мешавад, теъдоди лоиҳаҳое, ки муддати амалишавиашон аз 1сол бештар аст, зиёдтар буда, ҳиссаи онҳо 49,8 % ташкил медиҳад. Арзиши чунин лоиҳаҳои кӯтоҳмуддат бошад, аз 7 то 300 ҳазор доллари ИМА арзиш дошта буданд.
Миқдори умумии лоиҳаҳои давомнокиашон 2 – 3 сол дар давраи мазкур 78 адад ё ин ки 29, 2 % -ро ташкил дода, арзиши ин лоиҳаҳо аз 20 то 4500 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медодаанд. Миқдори лоиҳаҳои давомнокиашон 4 – 5 сол дар тӯли солҳои 2002 – 2009 27 адад Буда, маблағи онҳо аз 25 то 14 500 ҳазор доллари ИМА буд. Шумораи лоиҳаҳои дарозмуддати давомнокиашон беш аз 5 сол бошад, 29 адад ва мувофиқи омори коршиносони соҳа, ҳаҷми асосиро дар соҳаи маориф аз соли 2002 то соли 2009 лоиҳаҳои арзишашон аз 50 то 500 ҳазор доллари ИМА буда ташкил додаанд.
Маблағ барои ин соҳа аз ҷониби 23 донору ташкилотҳои байналхалқӣ гузошта шудааст ва донорҳои асосии ин соҳа Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Агентии Туркия оид ба Рушд, шӯъбаи Созмони байналмилалии Институти «Ҷомеаи кшода» - Фонди мусоидат дар Тоҷикистон, Бунёди Оғо – Хон, Ҷамъияти рушди техникии Олмон, Шӯрои тадқиқоти байналмилалӣ ва мубодила, Барномаи омӯзиши байналмилалии ИМА мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди пардохтҳо дар соҳаи маориф дар соли 2009 аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ – 6.068 ҳазор доллари ИМА, Ташкилоти Оғо Хон – 5. 779 ҳазор доллари ИМА, Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон – 3. 810 ҳазор доллари ИМА, Боки Исломии Рушд – 3. 045 ҳазор доллари ИМА ва Ҳукумати Амрико – 793 ҳазор доллари амрикоӣ сурат гирифтаанд.
Дар соҳаи маориф лоиҳаҳо аз тарафи 23 ҳамкори рушд амалӣ ёфта, фаъолтарини инҳо Ҷамъияти рушди техники Олмон, Шӯроҳои амрикоӣ оид ба таҳсилоти байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Хадамоти Оғо Хон оид ба маориф мебошанд.
Маблағҳои мазкур, мувофиқи ҳисоботҳои Вазорати маорифи ҶТ барои омӯзиши кормандони муассисаҳои томактабӣ, омӯзгорони мактаб ва кормандони дигари касбии соҳаи маориф, пешниҳоди тренингҳои гуногун, амалигардонии барномаҳо оид ба ҷудо намудани стипендия барои донишҷӯён, беҳтар намудани усули таълим дар муассисаҳои таҳсилотӣ, ташкил ва гузаронидани форумҳои таҳсилотӣ равона шудаанд.
ДОНОРҲО ТАРАФДОРИ ИСЛОҲОТ МЕБОШАНД!
Бино ба иттилои Валӣ Мӯсоев, дар давраи мазкур ҳаҷми ӯҳдадориҳо ва пардохтҳо дар бахши тандурустӣ кам шудааст. То соли 2005 пастшавии ин нишондодҳо ҷой дошта, аз соли 2006 афзоиши ҳаҷми кӯмаки беруна каме боло рафтааст. Аммо дар соли 2009 ҳаҷми кӯмаки беруна боз паст шуда он, 29. 119 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додаст. Дар соли 2002 ҳаҷми солонаи пардохтҳо аз рӯи грантҳо нисбат ба пардохтҳо аз рӯи қарзҳо беш аз 20 маротиба афзудаанд, соли 2008 бошад, 10 маротиба зиёд шудаанд. Дар давоми соли 2009 пардохтҳо аз рӯи грантҳо дар ин бахш 25. 948 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил намудаанд, ҳаҷми пардохтҳо аз рӯи қарз бошад, 4.119 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳанд. Қисми зиёди кӯмаки грантӣ аз тарафи Барномаи рушди СММ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Агентии рушди байналмилалии Шветсия, Иттиҳоди Аврупо пешниҳод шудаанд.
Дар соҳаи тандурустӣ аз соли 2002 то соли 2009 216 лоиҳаи кӯмаки беруна ба анҷом расонида шудааст. Дар ин соҳа низ теъдоди лоиҳаҳои давомнокиашон то 1 сол бештар буда, шумораи лоиҳаҳои давомнокиашон 2 – 3 сол 75 ададро ташкил менамояд. Маблағи чунин лоиҳаҳо аз 6 то 25 ҳазор доллари ИМА буда, шумораи лоиҳаҳои давомнокиашон аз 4 то 5 сол бошад, ба 38 адад расида буд. Арзиши лоиҳаҳои давомнокиашон то панҷ сол аз 100 то 9.980 ҳазор доллари амрикоиро ташкил намуда буд. Миқдори лоиҳаҳои давомнокиашон аз панҷ сол бештар 20 ададро ташкил намуда, аксари лоиҳаҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ амалӣ ёфтанд, арзиши аз 500 ҳазор то 10 миллион доллари ИМА – ро доштанд.
Дар соли 2009 пардохтҳо барои пешравии соҳаи тандурустии Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ 7.184 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, пас аз он Хазинаи умумиҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди АНМБ, Бонки Исломии Рушд, Агентии Шветсия оид ба рушди байналмилалӣ, Идораи ҳамкории Швейтсария, Бонки Осиёии Рушд, Барномаи рушди СММ равона шудаанд. Дар соли 2009 дар маҷмӯъ барои бахши тандурустӣ маблағ ба ҳаҷми 30. 067 ҳазор доллари амрикоӣ пардохта шуда буд.
Маблағҳои донорҳо ва кӯмаки беруна дар ин соҳа барои баланд бардоштани дараҷаи касбияти мутахассисони тиб, амалӣ гардонидани барномаҳо дар ҷамоатҳо, афзоиши сатҳи дониши сокинони оддии ноҳияҳои алоҳида оид ба масъалаҳои тандурустӣ, таъминот бо доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои гуногун дар байни одамон ва ҳайвонот равона шудаанд. Ба ғайр аз ин «Лоиҳа оид ба гузаронидани ислоҳот дар бахши тандурустии Тоҷикистон» низ аз ҷониби донорҳо амалӣ меёбад.
МАСЪУЛИН МЕӮЯНД:
Ба ақидаи Боб Леверингтон – сарвари намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон, на танҳо соҳаи маорифу тандурустӣ, балки тамоми соҳаҳои иқтисодӣ – иҷтимоии Тоҷикистон имрӯз ба ислоҳоти нав ниёз доранд ва ислоҳот метавонад кори минбаъдаи донорҳо ва кӯмакрасонҳои хориҷиро ба Тоҷикистон беҳтар ва кӯмаки берунаро бештар гардонад.
Ва чуноне ки Давлаталӣ Саидов – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр менамояд, ҷониби Тоҷикистон омода аст ҳамеша бо донорҳо ва сармоягузорону кӯмаккунандагони хориҷӣ ҳамкорӣ намуда барояшон тамоми иттилооту таҳқиқҳои лозимаро дар бахшҳои мухталиф шаффоф ва бемамониат пешкаш намояд.
Ҷамила Ҳусейнова
Категория: Общество | Просмотров: 1149 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024