Понедельник-Душанбе
29.04.2024
07:07
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2013 » Февраль » 1 » Кӯчахандони хонагирён
Кӯчахандони хонагирён
10:23


Зоҳири инсон ҳеҷ гоҳ бозгӯяндаи ботини ӯ буда наметавонад ва дар зиндагӣ инсонҳои зиёдеро бо чеҳраи зебою салиқаи баланди либоспӯшию маҳорати хуби сухангӯӣ вохӯрдан мумкин аст, ки дар ҳаёти хонаводагӣ дағалу ҷоҳиланд. Ин хислат дар мардҳо зиёдтар мушоҳида карда мешавад ва дар байни мардум ин гуна мардонро кӯчахандони хонагирён лақаб додаанд. Пурсиш- посухи навбатии моро низ мӯҳтаво ҳамин аст ва мехоҳем, ки назари чанд нафарро доир ба ин хислати ба мардон нозеб фаҳмем.
Ҳайфи умри зан, агар…
- Бигузор бародарони азиз аз ман наранҷанд, аммо аксари мардон хислати кӯчахандонию хонагирёниро доранд, бисёртар ин хислат дар одамони машҳур мушоҳида мешавад. Дар ҳамсоягии мо ҳунарманди маъруфе зиндагӣ мекунад, ки шояд бонувони зиёде ба зани ӯ ҳасад баранд, лекин ин марди дар байни мардум ширинзабону гули сари сабади маъракаҳо, дар хона як марди дағалу ҳақоратчӣ ва майзада аст. Дар як ҳафта як-ду бор, албатта, ин марди ситора-касал маст меояду тамоми ҳамсояҳо аз лофзаниҳояш безор мешаванд, зеро новобаста аз гармию сардии ҳаво дару тирезаашро кушода, ба унвони ҳамкасбону хешу табораш суханҳои пасто баланд гуфта, ҳамсарашро таҳқир мекунад. Чандин бор бо гӯшҳои гунаҳгорам шунидаам, ки ӯ зани поку ҳалол, модари чор фарзандашро гадозодаи қишлоқӣ, бӯйини безеб ва боз ким-чиҳои дигар гуфт. Боз дар телевизион мебинам, ки ӯ мардумро ба ҳурмати бонувон талқин мекунад, бовар кунед, нафратам меояд ба ин хел дурӯягӣ! Ба зани ӯ дилам месӯзад, ки хизмати чунин як марди пастфитрати нокасро мекунад, гарчанде вай маъруф ва ҳунарманди писандидаи мардум аст, аммо одам нест, чунки як шарти одамгарӣ муносибати хуб бо пайвандону хешу ақрабост,- мегӯяд Хайриниссо Аҷикова, корманди корхонаи қаннодӣ.
Душворӣ намекашам, зеро…
- Дар ҷустуҷӯйи марди кӯчахандони хонагирён ман сарсон намешавам, зеро шавҳари худам аз ҳамон тоифа аст. Вақте ӯ бо занони бегона гап мезанад, аз забонаш ширу шакар мерезад, аммо чун бо ман сухан мекунад, ҳар ҳарфаш олудаи заҳру зуқум аст. Ростӣ, аввалҳо ғам мехӯрдаму гиря мекардам, аммо ҳозир гапашро писанд намекунам ва барои дағалиҳои ӯ диламро хун намесозам. Дидам, ки заҳр заданаш сар шуд, китоб ё рӯзномаеро дар даст мегирам, мусиқӣ мемонам ё ба кӯча мебароям. Албатта, аламам мекунад, ки чаро ӯ ҳангоми бо бонувони бегона сӯҳбат кардан қариб мемонад, ки гӯшаки телефонро бӯсад, аммо баъд атояшро ба лиқояш бахшида, аз пайи корам мешавам. Аз қисмат гила дорам, ки маро бо чунин марди бадзабони дурӯя якҷо кардааст, аммо чора надорам ва ба хотири гапи мардуму ояндаи фарзандҳо рӯз кур мекунам,- дарди дил намуд Аҳдиябону, сокини Душанбешаҳр.
Ман розӣ нестам!
- Ман ба он ки фақат мардон кӯчахандони хонагирёнанд, розӣ нестам, чӣ, магар занон ин хислатро надоранд? Ман як рафиқе дорам, ки ҳамроҳ ба тиҷорат машғулем ва ҳамсари ӯро чун зани порсою худотарс мешинохтам. Мо оилавӣ рафту омад дорему ҳар гоҳи ба хонаи рафиқам рафтан, медидам, ки чӣ гуна занаш моро бо чеҳраи кушоду дастархони пурнозу неъмат пешвоз мегирифт. Як бегоҳ бо коре назди ӯ рафтаму аз пушти дари бастаашон овози баланди носазогӯиҳои янгаро шунида, гиребони ҳайрат гирифтам. Ҳамсари рафиқам ба унвони ӯ, падару модар ва рафиқонаш як ҳақоратҳое мефиристод, ки ба гуфтан забони кас намегардад. Ба хона надаромада, аз роҳам гаштам, вале имрӯзҳо хеле кам ба хонаи онҳо меравам, дилам ба рафиқам, ки инсони хуб аст, месӯзад. Бисёр мехоҳам, ки одамон дар зиндагӣ якрӯю якмаром бошанд,- ибрози андеша намуд, Самад, тоҷир.
Хаста шудаам…
- Синнам ба панҷоҳ дакка мехӯраду то ҳол сарфаҳми ҳиллаю найранги шавҳару хушдоман ва атрофиёни ӯро нарафтаам. Шавҳарам дар назди мардум маро занакҷон мегӯяду аз китфонам оғӯш карда, меҳрубонӣ мекунад, ҳар нафари ба хонаамон меҳмон шуда гумон менамояд, ки мо беҳтарин ҷуфтем. Барои хушдоманам низ дар назди мардум ман беҳтарину волотарин келинам, аммо дар танҳоӣ аз таънаю киноя ва сергапияшон дилам танг мегардад. Келинҳои хурдӣ, ки бо хушдоманам зистан нахоста, оилаашонро ҷудо кардаанд, сирри хонагирёнии хушдоманамро овоза кардаанд, аммо дар зиндагӣ аз дасти шавҳари дурӯя азоб доштанамро ба фикрам, ки ҳамроҳам ба гӯр мебарам. Аз ин гуна зиндагӣ хаста шудаам, вале илоҷи растан аз панҷаи шахшули қисмат нест, зеро соҳиби келину домод ва набера гаштаам- сирри дил кушод бонуе, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард.
Равоншиносон чӣ мегӯянд?
- Ба ақидаи равоншиносон омили асосии «Кӯчахандону хонагирён» шудани мард ё зан пинҳон доштани мушкилоти рӯҳию равонии дар ҳаёти ӯ ҷойдошта аз атрофиён аст. Агар ҳамсари шуморо чунин одат баъд аз чанд соли оиладорӣ ёр шудааст, пас айбро дар худатон ҷӯед, шояд шумо хислати баде доред, ки ӯро ба ин маҷбур мекунад? Ин ягон ҷойи душворӣ надорад, ақаллан пеши виҷдонатон иқрор шавед, ки шумо чӣ гуна одатҳои бади ба ҳамсаратон номақбул доред? Бо ислоҳи хатоҳои худ метавонед ҳамқисмати хешро аз одати бади «Кӯчахандони хонагирён» халос намоед.
Омодасоз Ҳилолаи Баҳриддин
Категория: Общество | Просмотров: 1022 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Февраль 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024