Суббота-Шанбе
27.04.2024
07:55
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 8 » ИЗДИВОҶИ ХЕШУТАБОРӢ
ИЗДИВОҶИ ХЕШУТАБОРӢ
20:42
Оё он танҳо барои хотирбинӣ баста мешавад?
Мушоҳидаю таҷрибаи зиндагӣ исбот намудааст, ки издивоҷи хешутаборӣ дар оиладорӣ на ҳамеша комёбӣ меорад. Ҳосили издивоҷи хешутаборӣ ин тавлиди кӯдаки носолим, ҷангу ҷанҷоли зану шавҳар, парешонии оила, канда гаштани риштаҳои хешутаборӣ (байни бародару хоҳар, тағою хола, аммаю амак) мебошад. Вале ин ҳама «офатҳо» ба баъзе волидону ҷавонон сабақ нагашта, боз думболи «пайванди» хешутаборӣ мераванд. Чаро волидон издивоҷро бо ҷавонписар ё духтари бегона хуш надоранд ва мехоҳанд, ки келин ва домод танҳо аз ҷониби наздикони худ бошад?
Мухбирамон барои фаҳмидани сабабҳои ин масъала бо чанд нафар сокинон ҳамсӯҳбат шуд, ки андеша, мулоҳиза ва мушоҳидаи онҳоро пешкаши хонандагон мегардонем.

Мустафо Ибодов, нафақахӯр:

ХАТОИ МАН - БАЛОИ МАН
- Зиндагӣ пастию баландиҳои зиёде дораду пур аз муаммо, таваккалу хатоҳост. Инсон баъзан ба хотири некӣ кардану пайванд сохтани авлоди худ коре мекунад бар зарари хеш ва ин амали таваккалиашро якумра бахшида наметавонад. Чӣ илоҷ, табиат қонунҳои нонавишта дорад ва одамӣ дар хатои худу дигарон ислоҳ мешавад.
Падару модарам аз худ ду фарзанд – ману ҳамшираам Хосиятро нишона монданд. Ду ҷигарбанд барои якдигар ширину азиз будему дар симоямон падару модарамро дармеёфтем, дар ҳар як вохӯрӣ бӯи волидонро аз ҳамдигар мебӯидем. Ба ҳаминаш ҳам шукр мекардем, ки танҳо нестем ва мутаккою ғамхор, мададгору меҳрубон, хабаргиру таскинбахш дорем. Ин албатта хушбахтии инсон аст.
Дар халқ мегӯянд, ки афсонаи ширин дароз нест. Бо мурури замон, бо кадом як сабабе меҳри бародарию хоҳарӣ рафта, ҷои онро бадбинию номеҳрубониҳо мегирифтааст. Муносибати бародарию хоҳарии ману Хосият хубу ширин буд, то он рӯзе, ки ба якдигар қудо шудем. Қудо шудӣ – ҷудо шудӣ, гуфтани мақоли мардумӣ низ ҷон доштааст...
Бо хоҳарам маслиҳат намудем, ки ба хотири қавӣ гардондани риштаи хешутаборӣ қудо шавем. Ҳарчанд фарзандон ба ин никоҳ розӣ набуданд, аммо хоҳиши волидон зӯртар баромад, вале хурсандии мо дер давом накард. Оилаи бе ишқу муҳаббат бунёдёфта мустаҳкам наомад. Ҷавонон бо ҳар баҳона байни худ ҷанҷол мекарданд. Келин як рӯз дар хонаи шавҳар буду ҳафтаҳо дар хонаи модар. Онҳо ба хотири хешутаборӣ таҳаммул намуда, бахти хешро дар қафас нигоҳ медоштанд.
Ҳеҷ гап не, аз сабр ғӯрра ҳалво мешавад, фарзанддор шуда, ба ҳам одат мекунанд – мегуфтем худро таскин бахшида.
Тифли нахустин ҳам ба дунё омад.Тавлиди кӯдак падару модар ва волидайнро чандон хурсанд насохт. Ӯ, ба бахти мо, маъюб таваллуд шуд. Ин бошад, ҷавононро боз аз ҳам дур месохт, ба ҳам меҳру муҳаббат пайдо накарданд. Онҳо фарзанди аввали худро дар ин ҳол дида, дигар майлу хоҳиши ба дунё овардани кӯдаки дуюмро намекарданд, аз «тӯҳфа»-и навбатии тақдир тарс доштанд.
Баъди се соли ҳамхонагӣ он рӯзи наҳсе, ки чашмдор будем, расид, оилаи ҷавон вайрон шуд. Духтар фарзанди маъюбашро ба шавҳар монда рафт. Дар байни ману хоҳарам низ ҷудоӣ афтод, ҷудоии якумра. Ҳар яке фарзандони якдигарро дар ҷудоӣ гунаҳгор мекардем, гарчанде дар ҳамаи ин худи мо, волидон гунаҳкор будем. Ҳамин тавр хатои ман балои сари ман шуд. Аз хоҳари ҳамхунам ҷудо гаштам.
Қаҳригии мо то рӯзи марги ӯ идома ёфт. Ман барои видоъ ба ягона фарзанди падарӣ дар рӯзи ҷанозааш рафтам, ки ин бароям сангин буд.
- Тағоҷон, чаро дер кардед, хоҳаратон сари бистари беморӣ ҳар лаҳза роҳатонро мепоид. Ӯ ноумед рафту рӯи бародар надида, армонҳояшро ба гӯр бурд, - гуфтани ҷиянам қалбамро сад пора сохт.
Пас аз ин хулоса баровардам, ки никоҳи хешутаборӣ як пешомад дорад: ҷудоӣ, ҷудоӣ аз наздикон! Аз ин рӯ, падару модарон пеш аз ин кор бояд сад маротиба андеша намуда – як маротиба қарор қабул намоянд, то иштибоҳашон пушаймонӣ наорад.

Андеша
Гулрӯ Ҳотамова, омӯзгор:
БАХТ ХЕШУТАБОРӢ НАДОРАД
- Ман омӯзгорам ва ҳам модар. Таҷрибаю таҳлилҳои омӯзгорӣ ва модарӣ нишон доданд, ки аксарияти фарзандони маъюб ба дунёомада ва парешонии оилаҳои ҷавон дар никоҳи хешутаборист. Ҳарчанд волидон бар он назаранд, ки гӯё издивоҷи хешутаборӣ пайвандгари насли онҳост ва ҷавонон – оилаҳои ҷавон ба ҳама мушкилоти зиндагӣ сабур гашта, ба оилавайронӣ намераванд, яъне хотири хешутаборӣ ба ҳама пастию баландиҳои рӯзгор тоб меоранд, вале… Магар зери як бом бо дили шикаста зиндагӣ намуда, хотирбинӣ кардану умри ширинро талх паси сар намудан хушбахтӣ аст? Не, албатта! Вақте тифлакони маъюб ба дунё меояд ин, пеш аз ҳама, азоби якумраи он кӯдакон ва албатта, худи падару модаронанд. Уболи чунин фарзандон рӯзе гунаҳкорони бахтро мегирад.
Чаро мегӯянд, ки бегона (шавҳар ё зан) хотир намебинад. Ин фикр хато аст. Охир бахт хешутаборӣ надорад. Бо бегона издивоҷ карда, хешу табор мешавӣ, фарзандони солиму зебо ба дунё меояд, ҳамзамон меҳри байни худиҳо ва хешу таборӣ қавӣ мемонад.
Ҳастанд оилаҳои бо никоҳи хешутаборӣ бунёдёфта, ки дар ҳақиқат хотирбинӣ намуда, зиндагӣ пеш мебаранд, ба ҳама баду неки рӯзгор сабрро пеша менамоянд. Аммо дар ин амалҳо боз як мушкилоти дигаре ҳаст. Оби дари хона қадр надорад, мегӯянд. Келини худӣ ҳам беқадр аст. Пайваста аз хушдоман (шояд амма ё холааш бошад) таънаю гап мешунавад, шавҳар низ нисбаташ нописандиро раво мебинад.
Аз ин рӯ, ба андешаи ман, дар бунёди оила ихтиёрро ба худи ҷавонон додан лозим аст. Онҳо мустақилиятро ҳис намуда, зиндагиро ҷараёни тоза мебахшанд ва оиларо нигоҳ медоранд.

Гила
Гулдаста, хонашин, 27 сола:
ДАҲОНИ БАСТАЮ БАХТИ ШИКАСТА ДОРАМ!
- Волидонам, вақте ки маро ба шавҳар доданӣ шуданд, хоҳишу розигиамро напурсиданд. Бе ишқу муҳаббат ба писари тағоям ба шавҳар баромадам. Шавҳар ба ман бахт дода натавонист. Ӯ дар хона мисли меҳмон аст, субҳи барвақт мебарояду поси шаб аз дар медарояд. Баъзан кӯдакон падарро баъди се – чор рӯз мебинанд. Вақтҳои охир ҳамарӯза ширакайф омада, бо сад баҳона маро зери мушту лагад мегирад. Ҳар гоҳе, ки бо тани кабуду варамида аз хушдоман имдод ҷустанӣ мешавам, ӯ «зани хубро шавҳар намезанад», мегӯяд. Ба болои сӯхта намакоб шавҳарам зани дуюм гирифту бахт ва ҳама орзуҳоямро шикаст.
Зулми шавҳар охир надошт ва рӯзе се фарзандамро гирифта ба хонаи волидайн рафтам. Онҳо низ сабаби омаданамро фаҳмида, дастгириам накарданд. «Хотири хешутаборӣ сабр кун, оилаатро вайрон насоз, ягон рӯз ақли шавҳарат медарояду зиндагиатон хуб мешавад», гӯён падару модар маро дубора ба хонаи шавҳар гуселониданд.
Ман ҳайронам, ки он рӯз кай мерасаду ақли шавҳарам медарояд, кай? Ҳамин тавр, хотири хешутаборӣ, сар кафад зери тоқӣ, даст сӯзад зери остин, гӯён бо даҳони бастаю бахти шикаста монам? Охир, умри ҷавонӣ мегузарад, ман кай хушбахтиро мебинам?

Андешаҳои дигар
БОЗ МЕГӮЯНД, КИ...
Бозоргул, 55 - сола, модари 7 фарзанд.
- 35 сол қабл ба писари амакам ба шавҳар баромадам. Зиндагии хуш, фарзандони солим, оилаи мустаҳкам, рӯзгори серу пур дорам. Дар ин муддат боре ҳам дар байни мо носозию ҷангу ҷанҷоли оилавӣ нашудааст (туф – туф !). Фарзандони баркамолам низ ба хешу табор келину домод шудаанд.
Танҳо як духтарам, ки шавҳари бегона дошт, бахт надид. Домодам аз паи зани дигар рафта, бо маслиҳати модараш аз зани якумаш, яъне духтари ман ҷудо шуд, ҳатто хотири ду фарзандашро накард. Агар ӯро ҳам ба худиҳо медодам, ин тавр намешуд.

Баҳодур тоҷир:
- Дар оила фарзанди ягонаам. Хотири модари беморам (бо хоҳиши ӯ) духтари холаамро ба занӣ гирифтам, ин корро ба умеде кардем, ки завҷаам холаашро нигаҳбон шуда, хизматашро мекунад. Охир, ӯ ҷиянаш мешавад!
Аммо, ману модар иштибоҳ намудем. Ҷияни модар шаттоҳу эрка баромад, нисбати модарам нописандӣ мекард ва бемории ӯ хуруҷ меёфт. Оилаи ҷавони мо зуд пир шуд. Баъди се соли зиндагӣ аз ҳам ҷудо гаштем. Завҷаам шояд медонист, зиндагии мо хуб намешавад, ҳатто таваллуд кардан нахост. Ин дафъа аз бегонагон зан гирифтам. Соҳиби 2 фарзанди ширин ҳастем. Бахтамро ёфтам, модарам низ аз келини нав, ки ҳамшираи тиббӣ мебошаду вайро муолиҷа менамояд, розӣ мебошад.
Пас хушбахтӣ дар дасти тақдир аст!
Саттор Қарахонов.

Аз мачалаи «Зан ва мард» нусхабардор шудааст.

Категория: Общество | Просмотров: 3550 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 2.0/1 |
Всего комментариев: 5
5 толиб  
0
ман хам хамту

4 гулхает  
0
гир,авал ин ки бе нам назани дуюм бе ман назани, сеюм хар ки зад дам назани

3 Мухочир  
0
Такдир низ рол мебозад. ман рости бо зани худ гавхорабахш будам. хонадор шудем то хозир кати бо хам хастем. 18 сол шуд. вале шукри худо хешу табории наздик надорем. Албатта 3 пушт хешу табор бо хам издивоч карданашон ба фикрам аз чихати дини низ манъ шудааст, аммо мо ки на мусулмони тамому на кофири мутлакем ба хеч чиз риоя намекунем на ба конунхои шариату на ба конунхои тибби хозира. Худ хулоса бароред!

2 hylshod.82  
0
Дар 26 соли умрам надидам ки мачала рост менависад аммо хамин маколааш рост баромад барои гулдаста гуфтаниам ки айби волидонат умри чавониатро хайф сохтааст шавхари номардат аз аввал хуш намекард чаро фарзанд ба дунё овард инхел мардонро булхавас мегуянд номард будааст агар касе малол шуд чавобашро кушоду равшан нависад

1 hylshod.82  
0
Пас дониста чаро куш ба куш карда истодаем ин гапхоро ба занхои ворух гуед такдир пешони гуфта фарзандхои носолиму норасо бисёр дорем хамааш аз худи мову шумо вобаста духтарам бешавхар намонад гуфта ба хешу табор медиханд агар оила ки вайрон шуд хешу табори хам канда мешавад ба дунё одамизод якбор меояд бахташро насузонда саросема нашуда аз худи писар ё духтар пурсида кор кардан лозим ва зарур аст. бачахои мо мактаби миёнаро тамом карда накарда ба мухочират меоянд баьд аз 2 сол ё 3сол падар ё модар биё бачам туятро кунем мегуяд аллакай зан таёр худи бача намедонад арус ки рузи туй медароранд никох мекунанд шаб туй рав хохи нахохи зиндаги кун! Бародарон чавобашро интизорам


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024