Суббота-Шанбе
27.04.2024
06:34
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Апрель » 9 » Истинтоқи марзбонони ҳамлавари қирғиз дар Ворух
Истинтоқи марзбонони ҳамлавари қирғиз дар Ворух
15:31
  Мақомоти марзбонӣ ва пулис дар ноҳияи Исфара гурӯҳи сарҳадбонони қирғизро, ки ба сокинони деҳаи Ворух ҳамла карда буданд, боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.
Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфара иттилоъ дод, ки гурӯҳи марзбонони қирғиз пас аз истинтоқ ба мақомоти Қирғизистон супурда шудаанд.

Гурӯҳи 8-нафарии марзбонони қирғиз рӯзи чоршанбеи 7-уми апрел дар канори деҳкадаи наздимарзии Ворухи ноҳияи Исфара якчанд манзили чӯпонҳои тоҷикро хароб карда, ду нафарро боздошт карда буданд.

Марзбонони қирғиз иддао кардаанд, ки маҳалли манзилҳои чӯпонҳои тоҷик қаламрави Қирғизистон аст ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи истифода аз ин пораи заминро надоранд.

Вале сокинони деҳаи Ворух иддаои афсарони қирғизро беасос меноманд ва мегӯянд, ин пораи замин ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Нарзуллоҳи Азизиён, як сокини деҳаи Ворух, гуфт маҳалле, ки манзилҳои чӯпонҳои тоҷик бунёд шудааст, ҳамеша дар ихтиёри сокинони ин деҳа будааст.

Ба гуфтаи сокинони Ворух, муноқиша бо боздошти марзбонони қирғиз анҷом ёфтааст ва ҳоло вазъ дар ин минтақа ором аст. Ба гуфтаи онҳо, равуои мардум тавассути сарҳад ба маҷрои пешина аст ва ягон тағйироте дар гузаргоҳҳои марзӣ нашудааст.

Ворух яке аз деҳкадаҳои ноҳияи Исфара аст, ки аз чаҳор тараф бо замини Қирғизистон иҳота шудааст. Дар ин минтақа то ҳол хатти сарҳади ду кишвар марзбандӣ нашудааст. Аз ин рӯ баҳсҳо сари мавзӯи хатти марз байни сокинони ду ҷониби марз пайваста сурат мегирад.
Просмотров: 1578 | Добавил: vorukh | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
1 hylshod.82  
0
Бародархои азиз на балки чупон балки хар пагохи чоршанбе ментушки киргиз хамаи мошина дошта 15ю20.30 сомон мегирад макомоти пулиси шахратон ягон гап зада метавонад ки бо ин хабар доду вай хабар дод мегуед бардуруг чах чах мекунед


Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Апрель 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024