Понедельник-Душанбе
21.08.2017
16:01
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 343

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Август » 18 » ИШҚИ МАРДИ 46 СОЛАИ АМРИКОӢ ВА ТОҶИКДУХТАРИ 22 СОЛА
ИШҚИ МАРДИ 46 СОЛАИ АМРИКОӢ ВА ТОҶИКДУХТАРИ 22 СОЛА
15:02
Муаллим шогирдашро бо марди 46 сола бо нигоҳҳои саволомез гусел намуда, ба фикр фурӯ рафт, ки бояд ҳарчӣ тезтар ба Шабнам рози дилашро ошкор созад. ӯ худи ҳамон шаб дар бораи чӣ гуна сухан оғоз намудан нутқи даҳонӣ тайёр намуд, зеро пагоҳ бегоҳ Шабнам бояд ба дарс меомад.
Рӯзи дигар Шабнам омада, ҳанӯз дарс сар нашуда хабар расонид, ки Ҷонатон ба ӯ таклифи оиладорӣ кардаасту акнун онҳо нияти хонадоршавӣ доранд.

Шабнам дар оилае ба воя расида буд, ки волидонаш дар интихоби ҳама чиз озод буданд. Муҳити оила бетаъсир намонду Шабнам низ чун духтари замони худ ба воя расид. Ӯ кӯшиш мекард, илмҳои навтаринро аз бар намуда, соҳиби ҷойи кору маоши хуб шавад. Бо ин мақсад, аз даврони мактабхониаш ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шуд. Волидон нияти духтарро дастгирӣ намуда, барояш муаллимони беҳтаринро меҷустанд. Шабнам ду соли охири мактабхонӣ дар назди муаллимаи ҷавоне, ки Светлана ном дошт, таълим гирифт. Светлана дар омӯзиши забони англисӣ талаботи Шабнамро қонеъ мекард, вале афсӯс, ки ин муаллимааш ба шавҳар баромада, ба Русия кӯчида рафт. Духтари доништалаб боз дар ҷустуҷӯйи муаллими босавод шуд.

Ҳамин тавр, Шабнам мактабро ба итмом расонида, унвони донишҷӯро соҳиб гардид. Дарсҳо ба ӯ маъқул набуданд, вале ба хотири гирифтани диплом ва гузаронидани вақт ба донишгоҳ мерафт. Рӯзе дар факултети журналистика семинари омӯзиши забонҳои хориҷӣ гузашту дар он профессорони хориҷӣ иштирок намуданд. Ҳарфзании онҳоро ҷавони оромтабиате бо номи Далер тарҷума мекард. Шабнам, ки дар ҷустуҷӯйи муаллими англисии хуб буд, ба Далер диққати хоса дод. Пас аз анҷоми семинар ӯ назди ҷавон рафта пурсид, ки оё забони англисӣ дарс медиҳад ё не. Ҳусну малоҳат ва мулоимгапии Шабнам Далерро мафтун намуду ӯ барои дарс додан розӣ шуд. Далер ба хотири он ки Шабнам таваҷҷӯҳи ӯро пайхас накунад, барои хизматаш каме нарх гузошт.
Далер аз ноҳияи дурдасте буду дар Душанбе хонаеро ба иҷора гирифта, танҳо истиқомат мекард. Шабнам барои дарсгирӣ ба хонаи Далер меомад. Духтар аз танҳо мондан бо ҷавони ношинос дар хонаи бекас наметарсид. Дарсҳо барояш шавқовар буданд. Пас аз дарс онҳо чой нӯшида, соатҳои дароз сӯҳбат мекарданд. Шабнам баъзан пас аз зангҳои телефонии беисти модараш бо дили нохоҳам хонаи муаллими забони англисиро тарк мекард. Онҳо аз нигоҳи чашмону тарзи гуфтор ҳис менамуданд, ки ба ҳамдигар писанданд, вале дар ифшои рози дил шитоб намекарданд.
Се моҳ паси сар шуду Шабнам бетоқатона интизор буд, ки кай Далер ба ӯ изҳори муҳаббат менамояд. Аммо гӯё аз санг садо мебаромаду аз муаллими ҷавон не. Баъзан ба Шабнам чунин менамуд, ки ӯ беҳуда ба Далер умед баста истодааст ва мехост дили ҷавони дигареро тасхир созад. Бо ҳамин андешаҳо омода буд, ки ба пешниҳоди ҷавони дигаре, мувофиқи дилаш аст, розӣ шавад. Пас аз як соли таҳсил Шабнам ба қароре омад, ки ба шӯъбаи ғоибона гузашта, ба кор дорояд. Зеро Далер ваъда дода буд, тавассути кӯмаки дӯсташ ӯро ба ташкилоти хориҷие ба кор медарорад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Шабнам дар давоми кор забони англисиашро такмил медод, вале дарсҳояш дар назди Далер идома доштанд. Дар ҳуҷраи кории Шабнам як нафар марди хориҷии калонсол ва зани дигаре менишастанд. Ҳарсеяшон ҳамсӯҳбатони хуб буданд. Рӯзе марди хориҷӣ, ки Ҷонатон ном дошт, дар бораи ҳаёташ нақл кард. Маълум шуд, ки Ҷонатон 46 сола асту то ҳол маротибае оиладор нашудааст. Оиладор нашудани марди 46 барои Шабнам сахт ҳайратовар буд, вале ин муносибатҳои ояндаро халалдор намесохт, баръакс онҳоро наздиктар намуд. Шабнам пештар Ҷонатонро марди зану фарзанддор гумон карда, аз баъзе шӯхиву гапҳо худдорӣ менамуд. Ба ҳар ҳол, марди калонсол гуфта, эҳтиромашро ба ҷой меовард.
Бегоҳие пас аз кор Ҷонатон Шабнамро ба хӯроки бегоҳирӯзӣ таклиф намуд. Шабнам, ки бори нахуст чунин таклифро мешунид, бе ягон фикру андешаи зиёдатӣ розӣ шуд. Дар роҳ ба сӯйи ресторан онҳо бо Далер рӯ ба рӯ шуданд. Муаллим шогирдашро бо марди 46 сола бо нигоҳҳои саволомез гусел намуда, ба фикр фурӯ рафт, ки бояд ҳарчӣ тезтар ба Шабнам рози дилашро ошкор созад. Ӯ худи ҳамон шаб дар бораи чӣ гуна сухан оғоз намудан нутқи даҳонӣ тайёр намуд, зеро пагоҳ бегоҳ Шабнам бояд ба дарс меомад.
Рӯзи дигар Шабнам омада ҳанӯз дарс нашуда, хабар расонд, ки Ҷонатон ба ӯ таклифи оиладорӣ кардаасту акнун онҳо нияти хонадоршавӣ доранд. Далер аз шунидани он ки Шабнам зуд барои туй розӣ шудааст, дар тааҷҷуб афтод. Ӯ аз фурсат истифода бурда, дарди дил кард, ки ӯро то ин муддат дӯст медошту дар ҳақиқат ҳам нияти барпо кардани оиларо дорад. Вале Шабнам, ки дар як вохӯрӣ бо Ҷонатон тамоми андешаашро дигаргун карда буд, чунин вонамуд намуд, ки Нисбати Далер ягон бор ҳам таваҷҷӯҳе надошту дӯст ҳам намедорад. Далер дарк намуд, ки арзишҳои маънавии Шабнам ба тасаввуроти ӯ дар бораи ҳамсафари ҳаётиаш созгор нестанд. Ӯ аз Шабнам бахшиш пурсида, пешниҳод намуд, ки ҳамчун дӯст боқӣ монанд.
Барои ҳамкорон ва дугонаҳои Шабнам ҳам ҳайратовар буд, чӣ гуна волидон розӣ шудаанд, ки духтарашон бо марди аз худ 24 сол калон ақди никоҳ бандад.
Пас аз тӯй Ҷонатону Шабнам рухсатии яксола гирифта, ба хориҷа сафар намуданд, зеро бояд издивоҷашонро дар хориҷа қонунӣ намуда, арӯсро ҳамчун шаҳрванди Амрико эътироф мекарданд.
Пас аз ним соли тӯй Шабнам ба Далер тариқи почтаи электронӣ хат навишта, аз зиндагӣ бо марди 46 сола шикоят пеш овард. Ӯ мегуфт, ки акнун дарк карда истодааст, ки шавҳараш ҳамсоли падараш асту баъзе рафтору кирдораш аз замони муосир дур аст. Далер дар баъзе масъалаҳо ба собиқ дӯстдоштааш маслиҳатҳо медод, вале Шабнам ҳамеша аз зиндагиаш менолид.
Боре Шабнам ба таври пӯшида аз Далер пурсид, ки агар аз шавҳараш ҷудо шавад, ӯро ба занӣ қабул мекунад ва умуман ҳамсари ояндаашро чӣ гуна дидан мехоҳад. Барои ҷавонмард ба чунин савол посух додан душвор буд, зеро замоне ишқи Шабнамро дар дилаш маҷбур кушта, бо як духтари ҳамшаҳриаш, ки Зебо ном дошт, забон ёфта буд. Ӯ мехост, ки Шабнам дар паҳлӯяш бошад, вале медонист, ки духтар бештар ба хотири пул зиндагиашро ба сомон расонидан мехоҳад ва ҳамзамон волидонаш барои ба келинӣ гирифтани зани шавҳардида ҳаргиз розӣ намешаванд. Ӯ ба саволи Шабнам ҷавоб надода, риштаи гапро дигар сӯ тоб дод.
Шабнам то ин муддат фикр мекард, ки Ҷонатон маротибае оиладор нашудааст, вале як хеши дури шавҳараш дар омади гап нақл кард, ки мард ду маротиба оиладор шудаасту аз онҳо дутоӣ фарзанд дорад. Шабнам чун донист, ки шавҳари пираш ӯро бо роҳи фиреб ба хориҷа овардааст, ба ғазаб омада, ба ҷамъ кардани сарулибосаш даромад. Бо Ҷонатон ҷанҷол барпо намуда гуфт, ки дигар бо ӯ зиндагӣ кардан намехоҳад. Шабнам ба Тоҷикистон баргашта хост, ки муносибаташро бо Далер барқарор созад. Ӯ хоҳиш намуд, ки муаллим боз дарсҳои англисиро идома диҳад, вале Далер рад намуд. Пас аз ду ҳафтаи ҷудо шудан аз шавҳари хориҷии 46 сола Шабнам фаҳмид, ки ҳомиладор шудааст. Ҳомиладорӣ табъи ӯро хира намуд, зеро фикр мекард, ки бо фарзанд дуюмбора ба шавҳар баромадан душвор аст.
Шабнам ба хотири сарват ва зиндагиву кайфу сафо дар давлати хориҷа муҳаббати ҳақиқии ҷавони тоҷикро зери пой карду обрӯяшро паст намуд, зеро акнун ҳама ӯро духтари пулпараст ҳисобида бо ӯ хонадор шудан намехостанд.
Категория: Общество | Просмотров: 977 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Август 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей-Мехмонхо: 3
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2017