Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
04:39
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Шумо чанд сола хастед?
Всего ответов: 935

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2011 » Сентябрь » 22 » Ишқи кӯчагӣ
Ишқи кӯчагӣ
21:21

Пеши роҳи шаҳватолудагии наврасонро кӣ мегирад?
Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки паёмбар салаллоҳи алайҳи вассалам фармудаанд: Ороиши дӯзах бо шаҳватҳо музайян аст. Агар ба ҷомеаи имрӯз ва муомилаи ҷавонон назар созем, зиёданд манзараҳои нанговаре, ки ҳамарӯза дар кӯчаҳо мушоҳида мешаванд. Ростӣ, намедонам барои чӣ аксарияти духтарбачаҳои даврони мо ҳаёти худро ин қадар соддалавҳона бозичаи дастони мардҳои шаҳватпараст месозанд. Охир одамизод як бор ба дунё меояд ва бояд коре кунад, ки фардо ба ҷои лаънат ба ӯ раҳмат расад ва дунёи фониро на бо эҳсоси пушаймонӣ тарк созад. Мутахасисон муайян кардаанд, ки дар синну соли аз 12 то 16 бедории ҳисси шаҳвонии наврасон дар ҳоли оғоз аст. Аз ин ҷост, ки қисми зиёде аз наврасону ҷавонони имрӯз маънии ишқро бо висол омехта карда аз ин начандон натиҷаи хуб ба даст меоранд. Дар ҳоле ки лаззати ишқ то дами висол аст. Пас аз он, муҳаббат нопок шуда, тозагии ишқ халал меёбад ва бо ҳамин маънии худро гум мекунад.
Пойтахти азизи мо Душанбешаҳр саросар аз манзароҳои дилрабо пероста аст, вале ин ҷо бобати нозебосозандагони кӯчаву хиёбон ва боғҳои истироҳатии он чан ҳарфе гуфтан мехоҳем. Имрӯз растаеро холӣ аз ҷавони «пурмаҳаббат» дидан мумкин нест. Албатта ишқро бар дили ҳар банда офаридгор бедор месозад, аммо ин маънои онро надорад, ки паси ҳар хамгашту газаргоҳ ду дилдода лаб бар лаби ҳамдигар, пардаи шарму ҳаёро барканда соатҳо нишинанд.
Ёд дорам, дар овони хурдсолӣ ҳамроҳи модарам дар кӯча мерафтему ногоҳ чашмам ба як нафар мард афтод, ки аз дасти ҳамсараш дошта, роҳ мерафтанд. Ман вақте ба онҳо назар кардам, модарам бо ситеза:
-Айб аст, пешатро нигоҳ кун, гӯён сарзанишам намуд. Акнун манзараи мазкурро ба муносибати имрӯзаи ҷавонон муқоиса кунед. Бахудо, агар инро «пешравӣ» шуморем, чӣ хатои бузургеро аз худ ба ҷо меорем.
Аз кӯчаҳо гузашта меравем, ба сайри боғҳои хушманзар. Чунон ба назар мерасад, ки инҷо макони дилдодаҳо бошад. Аз толибаи синфи ҳаштум сар карда, то занҳои сину солашон ба ҷое расида дар оғӯши мардҳо гӯё аз борони шадид паноҳ мебаранд. Дар ҳар боғу гулгашт ва паси дарахту биноҳои дарбастаи пойтахт ҳатман ду ҷуфте, шона ба шона ё сина ба синаи хамдигар гузоштаро бархурдан мумкин аст. Бе шак аксарияти онҳоро наврасону ҷавононе ташкил медиҳанд, ки нав ба синни балоғат расидаанд. Ана аз куҷо сар мезананд, дар ҳафтаномаҳо пайи дар пай қиссаҳои пурсӯзу нанговари домонбохтагон. Ҳайф бар ишқу маҳаббати беқадр. Бо либоси мактабӣ даст ба даст дар боғ сайр кардан асло ба мо намезебад. Аламовар ё хандаовараш ин, ки духтарон ва ё занҳои сатрпӯш низ дар ин ҷоҳо хеле хуб ба назар мерасанд. Охир сатр кардан барои зан фарз аст, вале боз он қоидаҳои ба худ хоси худро низ дорост. Аз чеҳраҳои ин ашхос ба хубӣ бармеояд, ки онҳо ҳанӯз ба чӣ будани ишқ сарфаҳм намераванд, Модарон куҷо менигаранд, намедонам. Пеш аз ҳама мо мусулмонем, эй гулдухтарони зебо! Ишқи нафареро дар дил доштан як эҳсоси гувороест, ки касро барои дӯст доштани зиндагӣ раҳнамун месозад. Вале ифату мастурии тоҷикӣ куҷост? Шарт нест, ки нафсро ба ҳоли худ гузорӣ, дар ҳоле, ки ин бадтарин ҷуръати инсонӣ ба шумор меравад ва чароғи ҳидоят аст ба сӯи шайтонзадагӣ.
Заррина Абдуллоева
Категория: Общество | Просмотров: 1164 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024