Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
17:25
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Шумо чанд сола хастед?
Всего ответов: 935

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Сентябрь » 3 » Инфиҷор дар идораи милисаи Суғд
Инфиҷор дар идораи милисаи Суғд
10:05
Субҳи имрӯз дар бинои шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд инфиҷор (таркиш-террор) ба амал омадааст. Хабарнигори Озодӣ гузориш медиҳад, ки нерӯҳои интизомӣ ҷодаҳоро зери назорат гирфитаанд, вале маълумоте аз куштаву захми ин ҳодиса то кунун дар даст нест.

Ин таркиш ҳудуди соати 8 субҳ ба вуқӯъ пайваста аст ва феълан сохтмони шӯъбаи мубориза бо ҷинояткории созмонёфта ва ё ба истилоҳ УБОП дар коми оташу дуд аст. Гуфта мешавад, ки маводи мунфаҷир дар як мошин ҷо гузошта шуда ва ин мошин дар назди бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфта мунфаҷир шудааст.

Бино ба гузоришҳои то ҳол тайднашуда бар асари ин ҳодисаи таркиш ҳадди ақал даҳ нафар маҷрӯҳ ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

Мақомоти раёсати корҳои дохилии Суғд хабари инфиҷорро тайид кардаанд.

Бино ба гузоришҳо, чанд нафар аз хабарнигорони расонаҳои маҳаллӣ ва марказӣ, ки ба ҷойи ҳодиса назик шуда ва мехостанд гузориши таҳия кунанд, аз сӯи нерӯҳои милиса боздошт ва ба милисахона бурда шудаанд. Дар миёни ин хабарнигорон Қамари Аҳрор, хабарнигори Озодӣ низ ҳаст, ки нахустин хабари инфиҷорро ба мо гузориш дода буд. Гуфта мешавад, дастгоҳҳои сабту навори ин хабарнигорон аз сӯи нерӯҳои интизомӣ забт шудааст.

Тафсилот нашр мешавад.

Категория: Новости дня | Просмотров: 818 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 1.0/1 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024