Понедельник-Душанбе
29.04.2024
09:45
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Вы нашли на моем сайте то,что искали-Шумо он чи ки ҷустуҷў доштед дар ин ҷо пайдо намудед?
Всего ответов: 489

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2012 » Ноябрь » 14 » Ҳиҷоб нишонаи иффат ё муд?
Ҳиҷоб нишонаи иффат ё муд?
14:47

Чаро духтарон рӯ ба мактабҳои динӣ меоранд?
Аз рӯйи иттилои додаи масъулини Донишгоҳи исломии кишвар ба номи Имоми Аъзам имсол теъдоди духтароне, ки ба донишгоҳи онҳо дохил шудаанд аз соли гузашта чанд маротиб зиёд аст. Ба шуъбаи рӯзона сад нафар ҷавондухтарон ва ба шуъбаи ғоибона бошад даҳ нафар бонувони маълумоти олидор шомил шуданд, ки мехоҳанд аз илми фиқҳ бохабар гарданд. Аммо шумораи он духтарони наврасеро, ки дар назди бибихалифаҳо ба омӯхтани Қуръон машғуланд номаълум аст. Баъзеҳо бонги изтироб аз он мезананд, ки чаро духтарон рӯй ба таълимгоҳҳои динӣ меоранд? Барои он ки дар макотиби олӣ ва миёнаи кишвар барои ҳиҷоб пӯшидан ба духтарон фишор меоранд. Аз касе пӯшида нест, ки коста шудани ахлоқи духтарони тоҷикро сари ҳар қадам ба назар мерасад. Пас оё фурсати он нарасидааст, ки ба наврасону ҷавонон новобаста аз ҷинсашон нозукиҳои дини Исломро омӯзонем? Агар вазорати маорифи кишвар дар барномаи таълимии мактаббачагон омӯзиши Қуръонро ворид мекарду мутахассисин нозукиҳои аҳкоми шариати Исломро ба онҳо меомӯхтанд, манфиати зиёде дошт. Хатмкунандагони Донишгоҳҳои Исломӣ аз он шикоят мекунанд, ки баъди хатми донишгоҳ ҷойи кор намеёбанд. Агар омӯзиши китоби муқаддаси мусалмонон дар мактабҳо ба роҳ монда мешуд, масъалаи ба кор таъмин намудани фориғултаҳсили ин гуна донишгоҳҳо ҳам ҳали худро меёфт.
Он чӣ, ки маън аст ширин аст
Ёд дорам чанд сол пеш донишҷӯе аз донишгоҳи миллии кишвар вазорати маорифи Тоҷикистонро ба додгоҳ кашида буд, ки ҳуқуқҳояшро дар бораи озод будани интихоби либос поймол мекунад. Масъулини гиромӣ аз хотир набароред, ки он чизе ки маън аст дар атрофи худаш ҳангомаи зиёде барпо мекунад. Ва баъзе ҳиҷобпӯшони шаттоҳи мо низ ҳиҷобро дастак намуда аз худашон пайғамбар метарошанд, ҳол он ки бе ҳиҷоб пушидан ҳам сатри авратро риоя намудан мумкин аст. Ёд дорам чанд сол пеш, дар мактаби таҳсилоти умумие дар пойтахт ҳамроҳамон духтараки соҳибҷамоли намозхоне кор мекард бо номи зебои Шаҳноза. Ӯ донандаи хуби забони англисӣ буд, ҳарчанд бо сатр ба мактаб омадан маън буд ӯ чунон курта дӯзонда рӯймол мебаст, ки сатри авраташ риоя мешуд. Оқилагии ӯ боз дар чӣ буд, ки ягон бор аз забонаш дар бораи тоату ибодаташ ҳарфе намешунидем, зеро худи Ҷаноби Расули Акрам гуфтааст, ки «Беҳтарин ибодат он аст, ки пинҳон бувад». Ман боварӣ дорам, ки агар бастан сатри авратро иҷозат диҳанд танҳо он нафароне ҳиҷобпӯш мемонанд, ки бо амри дилу виҷдон ба ин кор даст задаанд. Ман тарафдори онам, ки дар мактабу донишгоҳҳо либоси ягонаи мактабӣ бошад ва ҳама муҳассилон ба он риоя намоянд, аммо дар корхонаю муасисаҳо ба ҳиҷобпӯшҳо фишор наоранд.
Ҳиҷоб ё муд?
Аксари духтарон аз пайи муд рафта ҳиҷоб мепӯшанд, ин ҷумла кашфи ман нест ва аксарият шоҳиди ҳоланд. Дар тӯйи як шиноси наздикамон духтараки сатрпӯшеро дидам, ки либосҳои танги ба бадан часпидае дошту ба тамоми санъаташ мерақсид. Ӯ таҳти навои сурудҳои шухи зарафшонии Қобилҷон Зарипов пайкарашро ларзондаю хиромон аз ин тарафи давра то он тарафи давра медавиду мечархид. Дар паҳлуям зани миёнсоли зиёие менишаст, ки бо ҳайрат пурсид:
-Тавба, бори аввал мебинам, ки раққоса ҳиҷоб пӯшад… ҳамнишасти дигарамон, ки духтаракро мешинохтааст бо ханда ҷавоб дод, ки ӯ раққоса не, ҳамкори модари домод аст. Акнун худат қазоват намо хонандаи азиз! Ман шунидани амрҳои маъруфро дӯст медорам, хоса вақте ки он аз панду андарзҳои бузургонамон сарчашма гирад. Аммо баъзан маъвизахонҳои мо рӯйи рост занонеро, ки ҳиҷоб намепӯшанд таҳқир мекунанд. Масалан дар як сабти воизи машҳуре бонуе ба ӯ шикоят мекунад, ки ман сатр мебандаму маро манаҳатро бастаи, гӯён масхара мекунанд. Маъвизахон чунин ҷавоб медиҳад:
- Ту ғамгин нашав, ҳама корҳои ношояме, ки дар олам сар мезанад аз сарлучу беэзорҳо сар мезанад. Ҳама расвоиҳо ҳам аз онҳо мебарояд…
Ман ба ин гуфтаҳои ҳоҷии муҳтарам розӣ нестам ва ба ин далел ҳам дорам. Дар яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон зане, ки ба тадриси динии духтаракони ноболиғ машғул будаасту яке аз шогирдони худро аз дуозадаю бадбахт шудан тарс дода ба шавҳараш зани дуюм карда гирифтааст. Шавҳараш Мавлавӣ унвон дошта худро ҳомии аҳкоми шариат меҳисобад. Аз рӯйи иттилооти доштаам, унвони Мавлавиро танҳо ба он ашхосе медиҳанд, ки дар донишгоҳҳои исломии Покистон, ҳиндустон ва Бангладеш таҳсил карда бошад. Гап дар сари ин ҳам нест, вале Мавлавӣ баъди як моҳ духтараки бечораро факат барои он ки дар пояш пайи ҷарроҳҳии аз айёми кӯдаки монда доштааст талоқ медиҳад. Ин факат кори як бонуи ҳиҷобпӯш ва шавҳари ба қавли худаш, олими исломи ӯст, аммо сарлучҳоеро медонам, ки ба хотири ёрӣ расонидан ба ашхоси ниёзманду бечора шабу рӯз заҳмат мекашанд. Дар байни ҳама қишрҳои ҷомеа баду нек ёфт мешавад ва шарт нест, ки занеро новобаста аз он ки ҳиҷоб мепӯшад ё сари луч мегардад мавриди таҳқир қарор диҳем. Ҷумҳурии мо кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд асту интихоби либос озод. Ин фикрҳои шахсии ман ҳастанд, ту чӣ мегуи хонандаи азиз?
Лолаи Саидакбар
Категория: Общество | Просмотров: 976 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Ноябрь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024