Четверг-Панҷшанбе
02.05.2024
21:03
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Какую музыку Вы любите-Кадом намуди мусиқиро дуст медоред?
Всего ответов: 347

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Декабрь » 4 » ФОҲИША АҲМАҚАМ КАРД, -мегӯяд қаҳрамони қиссаамон
ФОҲИША АҲМАҚАМ КАРД, -мегӯяд қаҳрамони қиссаамон
16:10
Мехоҳам қиссаи ҳаётамро, ки он пур аз воқеъаҳои сабақомӯз аст, барои хонандагонат пешкаш намоям.
...Синну солам кайҳо аз ҷавонӣ гузаштаву вақти он расидааст, ки дар рӯи ҷойнамоз нишаста бештару беҳтар тоату ибодат кунам, аммо ман ба ҷои ин кор ба айшу ишрат дода шудам.
Бале, ба айшу ишрат. Ману як рафиқи наздикам, ки ҳарду ҳам соҳиби мансабу соҳиби маблағ будем, дар лаҳзаҳои дилхоҳ барои шикор ба роҳ мебаромадем.
Сайди мо на кабку оҳу, балки занону духтарони гумроҳе буданд, ки ба ивази маблағ ва ё тӯҳфаи дилхоҳ танфурӯшӣ мекарданд. Онҳо аз тоифаи хонумҳое буданд, ки дар канораҳои роҳҳо худро орову торо дода, шикорчии таҷрибадорро ба худ ҷалб мекарданд. Шояд онҳо на сайд, балки худ шикорчӣ буданд.
Вале ману рафиқам онҳоро байни худ «оҳуча, кабкчӯҷа» ва «арӯсак» - меномидему аз он ки бо онҳо хуб айшронӣ доштем хушнуд будем...
...Бо Саломат ҳам дар роҳ шинос шудем. Ин ҷавонзани бистудусола, ки аз ман сӣ сол ҷавонтар буд, зан не – оташро мемонд.
Ман чунон моили вай гаштам, ки на танҳо аз хонумҳои дигар, балки аз ҳамсару фарзандон ва набераҳои дӯстрӯякам низ он замон рӯй гардонидам.
Саломат соҳиби ду кӯдаки хурдсол буд ва шавҳараш ба гуфти худаш се сол пеш ӯро партофта ба Русия рафтаву онҷо зани рус гирифта будааст. Ман бе ягон дудилагӣ Саломатро ба никоҳи худ даровардам. Аз он ки ӯ то вохӯрӣ бо ман танфурӯшӣ мекард, андеша намекардам.
- Ҷӯра, шарт буд, ки ӯро ба никоҳ дарорӣ, охир бе никоҳ ҳам айш карда мегаштӣ, - норозиёна ғурғур мекард рафиқам, аммо ман ба ин суханони вай диққат намедодам.
Аҳли хонадонам ҳама медонистанд, ки ман зани дигар гирифтаам, вале намедонистанд, ки вай кӣ буду чӣ кора.
Ҳар гоҳе пас аз се чор рӯз аз иҷорахонаи Саломат ба хонаам мерафтам, онҳо ба ман рӯи хуш намедоданд.
Дар ҷои кор низ ба гумонам ҳама зиндагии маро муҳокима мекард, ман бошам, саргарми Саломату ишқи вай.
- Ҷонакам, мехоҳам бароям дар дами пирӣ як шоҳписар тӯҳфа кунӣ, - хоҳиш кардам аз Саломат.
- Гап нест, аввал як хона хар, ана баъд якто не - даҳто шоҳписар тӯҳфаат мекунам, - сарашро ба қафаси синаам монда, бо ноз гуфт Саломат.
Аз ҳисоби пасандозҳо ва маблағи фурӯши мошини сабукравам барои ин нозанин хонаи дуҳуҷрадор харидорӣ намуда, онро ба номаш номнавис кардам. Ҳамааш то ду моҳ хуб буд, аммо баъди ду моҳ...
- Ҳамсояҳо маро масхара мекунанд, мегӯянд, ки шавҳарат мисли бобоят аст, - қавоқ гиронда дар ташрифи навбатӣ хабар дод Саломат.
- Кафтараки ман, ба гапи ҳамсояҳо кор нагир, мо бояд худро донему халос, - дилдиҳӣ кардам ман.
- Ҳаю, лекин ман шарм медорам, - лаб бурма карда ҷавоб дод ӯ.
Ман марди бетаҷриба набудам, ҳис мекардам, ки Саломат аз ман халосӣ меҷӯяд, аммо тавре вонамуд мекардам, ки чизеро пайхас намекунам.
- Саломат, хона гуфтӣ, гирифта додам, акнун таваллуд кунӣ ҳам мешавад...
- Чӣ, маро масхара мекунӣ?! Синну солат дар таги ҳаштод, мабодо ғалтию мурӣ, сағераи туро кӣ нигоҳ мекунад?
Бе ин ҳам ду сағера дарди сар, - гапамро бо хашм буриду ба ошхона гузашт.
Дар ҷавоби ин суханҳо забонам лол монд. Гапи Саломат то ҷое ҳақ буд. Синну соли ман дар таги ҳаштод набошад ҳам, аз панҷоҳ гузашта буд.
Ба Саломат дигар чизе нагуфта аз дар баромадам. Ду ҳафта ба наздаш нарафтам. Гумон доштам, ки хавотир шуда ба телефони дастиам занг мезанад. Охир ман ба ӯ занг ҳам намезадам. Ҳайҳот. Аз зангаш ҳам дарак набуду аз худаш ҳам.
Ғурурро як тараф гузошта, ба тарафи хонаи вай роҳ гирифтам. Занги дарро пай дар пай пахш кардам. Касе дарро накушод. «Шояд ба куҷое рафта бошад»- фикр кардам худ ба худу барои пурсидани онҳо дари хонаи ҳамсояи рӯ ба рӯро кӯфтам.
- Чӣ, шумо намедонед, о, шавҳари Саломат омад – ку. Вай зану кӯдаконашро гирифта барои аёдати хешу табораш ба деҳа рафт, - хабар дод зани ҳамсояву ошкоро бо писханд лабашро ба ман инҷ карда, ба хонааш даромад.
Ман дар ҷоям мехкӯб шуда будам. На ба пеш қадам гузошта метавонистаму на ба қафо. Сонияҳо, дақиқаҳо ба ҳамин аҳвол гузашт. Ниҳоят худро ба даст гирифта ба роҳи омадаам ақиб гаштам. Сарамро дард гирифт. Пойҳоям бемадор буданд.
Аниқ фаҳмидам, ки Саломати маккора маро истифода бурда, соҳиби хона гаштан мехостааст. «Туро ман ҳам боб мекунам» - гуфтам дар дилу барои интиқом ситонидан қарор додам, ки дар бораи муносибатам бо вай ба шавҳараш вохӯрда, хабар медиҳам. Дигар мисли ақлбохтаҳо хомӯшу асабонӣ мегаштам. Худ ба худ ҳарф мезадам, аммо дар бораи дарду алами дилам ба касе чизе намегуфтам. Ба кӣ ҳам ҳарф мезадам? Боварӣ доштам, ки касе моҷарои ба сарам омадаро мефаҳмид, ба аҳволи мани аҳмақшуда қоҳ – қоҳ механдид.
Баъди чор рӯз дубора ба хонаи Саломат омадам. Дарро ба рӯям ӯ худаш кушод. Маро дидан замон рангу рӯяш тағйир ёфт ва ғайричашмдошт – дароед, - гӯён маро ба хона таклиф кард.
Бе он ки чизе гӯям, ба хона даромадам. Маро дар даҳлези хона шавҳари Саломат – ҷавонмарди 30-35 сола рӯ ба рӯ шуд.
- Салом, биёед амак нашинохтам, - гуфта вай барои вохӯрӣ даст дароз кард.
- Хело хуб, онеро ки занат аҳмақ кард, ту аз куҷо мешиносӣ? – киноя кардам ман.
- Нафаҳмидам, чӣ хел аҳмақ? – китф дар ҳам кашида гуфт ӯ.
Ман аввал дудила шудам, баъдан «ҳарчӣ бодо бод» - гуфтаму дар бораи он ки Саломат ҳамсари никоҳии ман шуду ин хонаро ман барояш харидаам кӯтоҳакак бо вай ҳарф задам.
Шавҳари Саломат чашмаш гоҳ ба ману гоҳ ба Саломати сараш хам дурудароз хомӯш истод.
Гумон кардам, ки худи ҳозир ӯ пас аз хомӯшӣ ба ману занаш ҳуҷум мекунад, аммо чунин нашуд.
- Эҳ-ҳ-ҳ, амак, амак. Аблаҳию аҳмақӣ аз ман гузашт. Ман Саломати бечораро дар вақташ аз хонаашон дуздида бо вай оиладор шудам. Ду фарзандро фикр накарда, ӯро бо онҳо танҳо партофтам.
Бо ту аз ноилоҷию дармондагӣ вохӯрдааст, вале ту як марди каппа – калон пеш аз он ки ӯро ба никоҳат дарорӣ, боре пурсидӣ, ки шавҳарат талоқатро додааст ё не? – ба ҷои қаҳру ғазаб ва дашному лату кӯб пурсид ӯ ва ман ҷавобе дода натавонистам.
- Кадом муллои номусулмон напурсида туро ба зани ҳалолу покизаи ман никоҳ кард? – ҳуҷумашро давом дода гуфт шавҳари Саломат.
Ман дар ҳолати ногувор мондам, охир суханони ин марди «даюс»- ҷон доштанд. Дар ҳақиқат ҳам, ман дар бораи зани никоҳӣ будани Саломат ба марди дигар фикр накарда будам.
- Гап ҳамин амак, барои хона ташаккур. Онро ба ивази он ки бо ҳамсарам бе иҷозати ман вохӯрдаӣ мегирам, аммо дониста мон, минбаъд агар ба инҷо оӣ ё дар кӯча бо Саломат ё бо ман ҳарфе занӣ, бо ту дигар хел рафтор мекунам. Аз одамон не – аз худ шарм надоштӣ, ки бо ҳамин сари сафед аз бечорагию дармондагии як зани ҷавон истифода бурдӣ...
Аз хонаи Саломат намедонам кай баромадаму ба кадом самт рафтам. Маро овози ҳушдории мошине ба худ овард.
- Сарат сафед камтар нӯшӣ намешавад, ки калавида – калавида дар роҳи мошингард мегардӣ? – сарашро аз тирезаи мошин бароварда хитоб кард ронанда.
Ман ҷуръае аз май нанӯшида воқеъан шахси сархушро ба ёд меовардам.
Ба хона - назди зану фарзандон ва набераҳо рафтам. Онҳо ба рӯям нигоҳ намекарданд, ҳатто набераи хурдиям, ки баробари диданам ба пешвозам медавид, ба назарам ба ман бо нафрат менигарист.
Қиссаи зани дуюмдориам ба охир расид, лекин ман аз ин қисса беқадрӣ, беобрӯӣ ва шармандагиро барои умре ба худ гирифтам.
Аз ҷои кор маро ба нафақа гусел карданд. Дар хонаам мисли ҷӯғз ҳамеша танҳогӣ ҳис мекунам. Ҳоли рафиқеам, ки бо ман ба шикори «оҳубара» ва «кабкчӯҷа» - мебаромад, аз ман монданӣ надорад.
Ин қиссаро рӯи қоғаз оварда гуфтаниям: Мардони азиз. Аз паси ҳавову ҳавас рафта, обрӯю шарафатонро аз даст надиҳед. Хоса, агар оиладор бошеду соҳиби мансаб ва боз агар синну солатон боло бошад, зеро хатогии ҷавононро аз кӯтоҳақлӣ гуфта мебахшанд, вале хатогии калонсолон нобахшиданӣ будаасту боиси шармандагӣ ва афсӯсу вовайло.
Бо эҳтиром А.
Таснифи Наргиси Муродалӣ
Категория: Общество | Просмотров: 1137 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 4.0/1 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Декабрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024