Пятница-Ҷумъа
03.05.2024
08:12
Приветствую Вас Мехмон
RSS
 

Ворух это рай на земле!

Главная Регистрация Вход

Меню сайта

Разделы новостей
Экономика [64]
Общество [170]
Культура [34]
Политика [60]
Новости дня [50]
Спорт [21]
В Мире [34]

Мини-чат
500

Наш опрос
Шумо чанд сола хастед?
Всего ответов: 935

Поиск-Ҷустуҷуй

Главная » 2010 » Сентябрь » 18 » Эмомалӣ Раҳмон озими Амрико шуд
Эмомалӣ Раҳмон озими Амрико шуд
16:30
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар 65-умин иҷлосияи Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.

Бино ба иттилои торнамои раёсатҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент дар масоили сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Юлдошев ҳамроҳӣ мекунанд.

Тибқи барномаи сафар, раисиҷумҳури Тоҷикистон беш аз як ҳафта дар Амрико ба сар хоҳад бурд. Интизор меравад, рӯзи 23-юми сентябр ӯ дар ҳамоиши СММ дар мавзӯи «Гуфтугӯи мазҳабҳо ва ҳамкориҳо ба хотири сулҳ» суханронӣ кунад.

Дар ин ҳамоиш, ки ба масоили гуфтугӯи тамаддунҳо ва таҳаммулпазирии мазҳабӣ бахшида шудааст, ширкат ва суханронии раҳбарони як қатор аз кишварҳои ҷаҳон ва руҳониёни саршиноси адёни мухталиф дар назар аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Созмони Конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу, амири Қатар Ҳамад бин Халиф ат-Танӣ, дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен ва вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон дидор ва гуфтӯгӯҳо анҷом хоҳад дод.

Категория: Новости дня | Просмотров: 1567 | Добавил: Мухочир | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Форма входа-Шакли даромад

Календарь новостей
«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Сурати нав      

Друзья сайта


Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей-Мехмонхо: 1
Пользователей: 0


Copyright MyCorp © 2024